КОНФРОНСИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ГЕНЕРАЛИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢ

21 феврал дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Tashkent» конфронси сардорони ситодҳои генералии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Иштирокдорон аввал Майдони хотираро зиёрат карданд ва таҳти садоҳои оркестри ҳарбӣ ба пояи ёдгории Модари мотамзада гул гузоштанд. Хотираи ӯзбекистониёнеро, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, ёд карданд. 
Сипас конфронс кори худро оғоз намуд. Дар байни иштирокдорони он – сардорони ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Афғонистон, муовини аввали сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ва фармондеҳи Фармондиҳии марказии Нирӯҳои Мусаллаҳи ИМА буданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал–майор Баҳодир Қурбонов иштирок кард ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни конфронс ҷонибҳо масоили ҳамкории тарафайнро бобати таъмин сохтани амният баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки дар минтақаҳои гуногун таҳдиду хурӯҷҳо авҷ мегиранд, масъалаи таъмин намудани эътидол ҷиҳати ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Зикр гардид, ки конфронси ӯзбекистонӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҳарбӣ аҳамияти бузург хоҳад дошт. 
Дар чорабинӣ масъалаҳои мустаҳкам кардани сулҳ ва дастгирии  ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар рӯҳи эътимод ба Осиёи Марказӣ, идома додани фаъолияте, ки ба ҳамсоягии нек такя мекунад, дарёфти ҳаллу фасли мусбати зиддиятҳо дар Афғонистон муҳокима гардиданд.
Дар бораи вазъият дар Осиёи Марказӣ, вазифаҳои аввалиндараҷа бобати аксуламал ба терроризми байналхалқӣ мубодилаи афкор ба амал омад,
– Ӯзбекистон дар таъмин кардани амнияту эътидол дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мақоми муҳим дорад, – гуфт фармондеҳи Фармондиҳии марказии Нирӯҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Ҷозеф Вотел. – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз таҳкими истиқлоли кишварҳои минтақа, саҳми сазовор гузоштан ба эътидол, пешрафт ва пешбурди ҳамкориҳои пурмуҳтаво манфиатдоранд .
Дар конфронс ба масъалаҳои барқарор кардани иқтисодиёт, инкишоф додани инфрасохтори нақлиёт дар Афғонистон, такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои баландихтисос дар ин кишвар эътибори махсус дода шуд.

А. МУСОЕВ, 
хабарнигори ӮзА.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: