КОНФРОНСИ ШАШУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СМЗТ СҲШ «МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ – ҲАМКОРИИ БИДУНИ САРҲАД»

31 октябр – 1 ноябр дар Тошканд Конфронси шашуми байналхалқии «Мубориза бо терроризм – ҳамкории бидуни сарҳад»-и Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) баргузор шуд.

Дар кори конфронс ҳайати давлатҳои аъзои СҲШ, мушоҳидон ва шарикон оид ба ҳамкорӣ, созмонҳои байналхалқӣ – Котибияти СҲШ, сохторҳои махсуси СММ, мақомоти ҳамкории ИДМ (Хидмати мувофиқсози Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ), САҲА, Интерпол, Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, Идораи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як қатор сохторҳои дигар ва марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштирок карданд.

Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон:
дар бораи аҳвол, пешрафт ва анъанаҳои соҳаи аксуламал ба терроризми байналхалқӣ ва экстремизм дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд. Зикр гардид, ки сохтори кунунии ҷаҳон дар роҳи пешрафти худ давраи гузаришро аз сар мегузаронад, ки дар ҷараёни он шакли ягонақутби сохтори ҷаҳон ҷойи худро ба бисёрсохторӣ медиҳад, афзоиши таҳдидҳои террористӣ ва тезутундшавии зиддиятҳо дар чандин минтақаҳо мушоҳида мегардад;
онҳо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ қатъиян маҳкум намуданд ва дар бораи он, ки аксуламал ба терроризми байналхалқӣ ва ҳамкории зиддитеррористӣ бояд дар пояи риояи қатъии равандҳои Оинномаи СММ, меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, бидуни сиёсатзадагӣ ва меъёрҳои духӯра, бо нақши марказии мувофиқсози СММ ва Шӯрои амнияти он татбиқ шаванд, ақидаи ягонаро изҳор намуданд;
сар задани хурӯҷ ва таҳдидҳои навро, ки ба тезутундшавии вазъият дар амнияти як қатор минтақаҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама дар Шарқи Наздик ва Афғонистон вобастаанд, таъкид карданд. Роҳ надодан ба дахолаткунӣ дар корҳои дохилии давлатҳоро бо баҳонаи аксуламал ба терроризм ва экстремизм таъкид карданд, ҳамчунин мувофиқи мақсад набудани истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро барои ин гуна ҳадафҳо зикр намуданд;
ба он эътибор доданд, ки аз ҷониби созмони байналхалқии террористии «Давлати исломӣ» бобати созмон додани марказҳои фаъоли террористӣ дар Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ корҳои мунтазам амалӣ мешаванд;
ба мувофиқа расиданд, ки дар пояи маҳви бомуваффақияти марказҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Суриёи Араб аксуламалҳои рӯзмарракунии мушкилоти ҷангҷӯён – террористони хориҷие, ки ба кишварҳои худашон бармегарданд, сар мезананд, ки ҳамкории фаъоли байналхалқиро дар масъалаҳои мубодилаи саривақтии ахбор ва татбиқ намудани чораҳои ҳамоҳанг нисбат ба ин табақаи шахсон тақозо менамояд;
бобати тезутундшавии вазъияти фоҷиавӣ дар Афғонистон, дар ҳудудҳои сарҳадии вилоятҳое, ки сарҷамъшавии ҷангараҳои «Давлати исломӣ», ки қисмати асосии онҳоро шаҳрвандони давлатҳои узви СҲШ, аз ҷумла онҳое, ки пештар дар амалиёти ҷангии Шарқи Наздик иштирок карда буданд, ташкил медиҳанд, ба вуқӯъ меояд, изҳори ташвиш карданд. Тайёрии худро барои кӯмак ба саъю кӯшишҳои ҷониби Афғонистон дар мубориза ба муқобили терроризм таъкид намуда, эътироф карданд, ки истиқрори сулҳу салоҳ ва эътидол дар Афғонистон танҳо аз ҷониби худи афғонҳо ва таҳти роҳбарии мардуми Афғонистон ба амният ва рушди устувори умуман минтақа мусоидат хоҳад кард;
бино бар аксуламал ба таҷрибаи истифода аз шабакаҳои Интернет бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ табодули афкор карданд, зарурияти такмил додани ҳамкориҳои байналхалқиро бинобар пешгирӣ намудани паҳншавии мафкураи терроризм ва экстремизм, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза ба муқобили тарғибу ташвиқоти террористиву экстремистӣ, даъвату таҳрик ба терроризм ва экстремизм, ҳамчунин ҷалбкунӣ, аз ҷумла аз тариқи шабакаҳои Интернетро қайд карданд;
масъалаҳои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои тарафайн бино бар бо маблағ таъмин кардани терроризмро муҳокима намуданд, минбаъд такмил додани кор бобати аз ҷониби тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ татбиқ гардидани баённомаҳои соҳавии Ассамблеяи Генералии СММ, Шӯрои амнияти СММ ва меъёрҳои байналхалқии Гурӯҳи коркарди чораҳои молиявӣ оид ба мубориза бо маблағҳои ғайрилегалиро эътироф карданд;
пешниҳод намуданд, ки ҳамкориҳои тарафайн ба манфиати мубодилаи саривақтии маълумот, ҷустуҷӯи террористон, пурзӯр кардани назорати сарҳадӣ, тайёр намудани кадрҳо барои шуъбаҳои зиддитеррористӣ, баргузор кардани машқҳои зиддитеррористӣ, минбаъд такмил додани асосҳои байналхалқии меъёриву ҳуқуқии ҳамкориҳои зиддитеррористӣ пурзӯр карда шаванд;
эътироф намуданд, ки дар шароити кунунии афзудани фаъолияти террористӣ, ки ҷиҳатҳои ошкорои трансмиллӣ дорад, конфронс бобати ҳамоҳанг сохтани саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм саҳми  худро мегузорад, дар асоси табодули маълумотҳо ба ташаккул додани фаҳмиш ва муносибатҳои умумии давлатҳои аъзо, давлатҳои мушоҳид, давлатҳои шарики ҳамоиши СҲШ ва созмонҳои байналхалқӣ нисбат ба таҳдиду хурӯҷҳои нав дар соҳаи мубориза бо терроризми байналхалқӣ, ҳамчунин чораҳои саривақтии аксуламал ба онҳо мусоидат менамояд.
Дар доираи иҷлосияи алоҳида муаррифии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, ки ба масъалаҳои таъмин кардани риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ дар раванди татбиқ намудани фаъолияти зиддитеррористӣ бахшида шудааст, баргузор шуд.
Иштирокдорони конфронс ба сатҳи ташкилӣ ва баргузории он баҳои баланд дода, ба Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ барои фароҳам овардани шароити мусоиди кор миннатдорӣ баён карданд.
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: