Сафири Ӯзбекистон дар Британияи Кабир Равшан Усмонов бо раиси конгломерати бузурги сармоягузории Британияи Кабир “Hinduja Group” Гопичанд Ҳиндуҷа мулоқот кард.
Гопичанд Ҳиндуҷа як соҳибкори бритониёии зодаи Ҳиндустон аст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи дороии оилавӣ (беш аз 47 миллиард доллар) сарватмандтарин шахс дар Британияи Кабир аст. Ӯ раҳбари тиҷорати оилавии “Hinduja Group” аст, ки аз ҷониби падараш соли 1914 таъсис ёфтааст, ки имрӯз як конгломерати ҷаҳонии саноатӣ ва молиявӣ мебошад, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».
Бояд гуфт, ки холдинг бахшҳои мошинсозӣ, коркарди нафт, телекоммуникатсия, молия, маориф, тиб ва ғайраро дар бар мегирад. Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки ширкати бритониёӣ ба ҳамкории зич бо Ӯзбекистон манфиатдор аст. Дар натиҷаи мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои дар боло зикршуда тавофуқ ҳосил шуд.