КОНГРЕССМЕНҲОИ ИМА ДАР БОРАИ ПЕШОМАДҲОИ ҲАМКОРӢ БО МАМЛАКАТИ МО

Баъд аз мулоқот бо Президент Шавкат Мирзиёев аъзои ҳайати Конгресси ИМА ба хабарнигори ӮзА дар бораи пешомади ҳамкориҳои ӯзбекистониву амрикоӣ, ки ба дараҷаи нав бардошта мешаванд, нақл карданд.

Трент КЕЛЛИ, конгрессмен: 
– Мақсади асосии сафари мо ба кишвари шумо ин амиқсозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои муфиди тарафайни байни Ӯзбекистон ва ИМА ба шумор меравад. Бояд махсус таъкид кард, ки сафари кунунӣ идомаи мантиқии гуфтушунидҳои пурмуҳтавои кишварҳои мо ба шумор меравад.
Дар Конгресси ИМА гурӯҳи алоҳидаи парлумонӣ – кокус бинобар Ӯзбекистон амал мекунад, ки аҳамияти муҳим дорад. Ин гурӯҳ ба вусъат додани дониши амрикоиён дар бораи Ӯзбекистон, минбаъд мустаҳкам кардани робитаҳои байни парлумонҳои мо нигаронида шудааст, мақсади мо бошад, ба ин ҷараён ҳамаҷониба кӯмак расонидан аст.
Висенте ГОНСАЛЕС, узви Палатаи намояндагони ИМА:
– Кишварҳои мо бисёр ҷиҳатҳои умумӣ доранд. Ҳам ИМА ва ҳам Ӯзбекистон дӯстӣ ва ҳамкориҳои тарафайнро дастгирӣ мекунанд. 
Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии ИМА ҳамчун шарики стратегӣ дар Осиёи Марказӣ мақоми муҳим дорад.  Президент Шавкат Мирзиёев бобати рушди робитаҳои муфиди тарафайни Ӯзбекистон ва ИМА ташаббусҳои фаъолро пешниҳод менамояд. Мо низ аз муносибатҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошем.
Ҷеннифер ГОНСАЛЕС КОЛОН, конгрессмен: 
– Муносибатҳои ӯзбекистониву амрикоӣ ба сатҳи баланд бардошта шуданд. Вохӯрӣ бо Президенти кишвари шумо, гуфтушунидҳо дар парлумон ва дар як қатор ташкилот нишон доданд, ки ҳарду ҷониб аз ҳамкорӣ якхел манфиатдор мебошанд. 
Мо ба он муътақид гардидем, ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, бо ҷараёнҳои бозсозӣ дар тамоми соҳаҳо барои ба сафи давлатҳои пешқадам ворид шудани кишвари шумо асос фароҳам меоваранд. Сохтори нав дар Конгресси ИМА ба пешбурди самарабахши лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим, амният, технологияҳои иттилоотӣ – тиҷорат ва бисёр ҷанбаҳои дигар мусоидат мекунад, ҳамкориҳоро дар самтҳои пешомаднок беҳтар месозад. 

Мусоҳиб 
М.ЭЛМУРОДОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: