КОНИ МУЪҶИЗАВӢ

Дунёи мо пур аз муъҷиза аст.

 Гоҳо аз дидани ин муъҷизот ангушти ҳайрат мегазем.
Чунин маконе, ки ба мавҷудияти он ақли кас бовар намекунад, ғори намаки Хоҷаи кон аст. 
Он дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Шеробод воқеъ аст. Ба ин ҷо аз дуру наздик беморон ба умеди шифо меоянд.
Истифода аз маскани муъҷизавӣ аз соли 1988 сар шуд. Аз 16 беморе, ки бори аввал ба ин дармонгоҳ омаданд, 14 нафарашон сиҳат шуданд.
Соли 1990 дармонгоҳ васеъ гардид. 
Дарозии ғори Хоҷаи кон 160 метр. Беморон роҳи 6 километрро тай намуда, ба ғори намакӣ меоянду ба дарди худ даво меҷӯянд.
Сардухтури клиникаи Хоҷаи кон Ҳайитбой Менглиев ҳангоми суҳбат бо мо гуфт:
– Ба ғори намаки Хоҷаи кон асосан онҳое меоянд, ки ба бемориҳои аллергӣ, астматикӣ, эндокрин, бехобӣ, роҳи нафас, хориши гулӯ ва дарди он гирифторанд. Заррачаҳои намак бо нафаскашӣ ба организм ворид шуда, даво мебахшанд. Қисми болои хонаҳо аз намаки сафед, қисми поён аз намаки сурх иборат аст.
Беморон таъсири онро рӯзҳои аввал не, балки аз рӯзҳои сеюму чорум эҳсос мекунанд. Барои онҳое, ки гирифтори бемориҳои саратон ва дил мебошанд, ба ин ҷо даромадан манъ аст. 
Табибон тавсия мекунанд, ки беморон баъди аз ғор баромадан оби минералӣ нӯшанд.
Як хусусияти намак  он аст, ки микробҳои дар организмро нобуд мекунад.
Воқеан, ғор кони муъҷиза аст. Чунин ғорҳо аз қадим вуҷуд доштаанд. Ҷиҳати шифобахшии онҳо дар асри ХIX кашф гардидааст. Ҳоло дар Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина, Полша, Руминия, Русия ва Австрия ҳам чунин ғорҳои табиию сунъӣ вуҷуд доранд. Дар баъзе ғорҳо, ҳатто китобхона ва биллиардхонаҳо мавҷуданд.
Олимони Полша муайян кардаанд, шахсоне, ки дар конҳои намак кор мекунанд, ҳаргиз дучори бемориҳои аллергӣ ва астма намешаванд. Зеро намакҳои дорои калий ва натрий қобилияти маҳв кардани микробро доштаанд. Ҳам ғорҳои табиӣ ва ҳам сунъӣ ба организми инсон як хел таъсир мекунанд.
Дар дохили ғор ғорчаҳои хурд ҳам мавҷуданд, ки дар онҳо об ҳаст. Ин об барои дарди гулӯ давои хуб аст.

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА.
Вилояти 
СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: