Чорабиние, ки бо ташаббуси саридораи адлияи вилоят бо ҳамкории идора ва ташкилотҳои давлатӣ дар истироҳатгоҳи ба номи Заҳириддин Муҳаммади Бобур рӯйи кор омад, чунин номгузорӣ шуда буд.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи саридораи адлия Зулфия Аҳмадхоҷаева ҷамъомадагонро бо лоиҳаи Қонуни Конститутсионии Ӯзбекистон ва мазмуну моҳияти қонунгузории референдум шинос кард.
— Чорабинии имрӯза барои ҳамаи мо зарур аст, — гуфт ҷонишини раиси Маркази милливу мадании русҳои вилоят А.Мирзоназарова. – Ба ин ҷараён ҳеч кас набояд беэътиноӣ зоҳир намояд. Дар чорабинӣ фаро гирифта шудани ҷавонон, бахусус, намояндагони миллатҳои гуногун аҳамияти зиёд дорад. Онҳо бо баромадҳои бадеӣ, намоишномаҳои миллии худ иштирок карданд, ки хеле хотирмон буд. Мақсади асосии намояндагони миллатҳои гуногун, ки дар зери як осмон ва дар оғӯши як Ватан аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд, дар чунин чорабиниҳо фаъол иштирок намуда, ҳиссагузори муносиб шудан дар бунёд намудани Ӯзбекистони Нав мебошад.
Дар доираи аксияи ҳуқуқӣ ба хоҳишмандон маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар давоми чорабинӣ озмунҳои ҳуқуқӣ низ баргузор шуд. Ба ҷавононе, ки бо саводнокии ҳуқуқии худ ғолибиятро ба даст оварданд, туҳфаҳо супорида шуд.
Санъаткорон бо суруди дилрабои худ иштироккунандагонро ба давра даъват карданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.