КОНСТИТУТСИЯ – КАФОЛАТИ ОЗОДИҲОСТ

Дар саросари кишварамон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷамъият алҳол барои пешвози ҷашни 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораву тадбирҳо андешида мешаванд.

“Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон намунаи олии тафаккури сиёсию ҳуқуқии халқамон аст. Он кафолати қонунии ба касе мутеъ нашуда, ҳур ва озод, сулҳу осоиш ва зиндагии фаровон шуда меояд. Дар бобати барпо намудани давлати демократии ҳуқуқии ба муносибатҳои бозор асосёфта, ҷамъияти пурзӯри шаҳрвандӣ таҳкурсии мустаҳкам шуда хизмат мекунад.” 

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар саросари кишварамон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷамъият алҳол барои пешвози ҷашни 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ин боис дар мактаби рақами 6-уми ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах ҳам чорабинӣ бо номи “Конститутсия кафолати ҳуқуқамон” гузаронида шуд. Дар навиштани иншо дар мавзӯи мазкур хонандаи синфи 9-ум Ойдиной Равшанова, дар навиштани баён хонандаи синфи 5-ум Рухшона Рӯзиқулова ҷойи намоёнро ишғол намуда, ба иштирок ба чорабинии ноҳия пешниҳод карда шуданд. Хонандагони мактабамон дар чорабинии ноҳиявӣ ҳам иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён сазовор гардиданд. Мо – муаллимон ҳам бо муваффақиятҳои хонандагони худ фахр мекунем, ки дар бораи Қонуни Асосии худ озодона, эҷодкорона, сарфарозу сарбаландона фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Мақсади муаллимон ҳам хонандагонро дар руҳияи бомаданияти ҳуқуқӣ, соҳибшавӣ ба шуури ҳуқуқӣ, инсонпарварӣ, ватанпарварӣ тарбия кардан аст. Зеро давлати мо ҳам давлати демократии ҳу-қуқбунёд  мебошад.
Инсон мӯъҷизаи азими худодод аст. Дар китоби муқаддаси Қуръони Карим ҳам бузургдошти инсон таъкид ёфтааст. «Мо зоти шарифи инсонро азизу мукаррам ба дунё овардем” гуфта мешавад. Инсон бо ҳуқуқ ба дунё меояд, инсон азизу мукаррам аст, ҳуқуқи вай низ муқаддасанд. Чунки инсон тамоми  фазилатҳои худро тавассути ҳуқуқ рӯи об мебарорад. 

Олтиной МУРОДОВА,
муаллимаи мактаби рақами 6-уми ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: