КОНСТИТУТСИЯ ВА ЯЧЕЙКАИ АСОСИИ ҶАМЪИЯТ

Ячейкаи асосии ҷамъият ҳисобида шудани оила ба ҳамаамон маълум. Муносибати Конститутсияи Ҷумуҳурии Ӯзбекистон ба оила ва масъалаҳои оилавӣ дар моддаҳои ҷудогонаи он равшан ба зуҳур омадааст.

Дар Сарқонун, минҷумла, зикр ёфта, ки оила ҳуқуқ дорад дар муҳофизати давлат ва ҷамъият қарор дошта бошад.

Оила ва никоҳ то андозае мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ҳаёти шахс – мустаҳкам нигоҳ доштани оила ва дарки муқаддасоти он мебошад. Никоҳ низ аз рукнҳои муқаддас буда, ба далолатномаи он дар асоси соҳибихтиёрӣ аз ҷониби онҳое, ки оила барпо карданианд, имзо гузошта мешавад.

Халқи мо бо гузаштаи пуршаъни хеш – арзишҳои маънавию миллиаш ифтихор дорад. Боз як арзиш мавҷуд аст – арзиши оилавӣ. Ин арзиш, айни замон, дар рӯзҳои мо батадриҷ қадру қимати ба худ хос пайдо менамояд. Шаҳрвандонамон дар ҳаёти шахс то чӣ андоза нақши муҳим доштани  хушбахтии оилавиро торафт амиқтар ҳис менамоянд. Вале фақат дар вазъи осуда будани мамлакат, таҳкими сулҳ ва бехатарию ҳамҷиҳатӣ шахс дар оила худро хотирҷамъу хушбахт ҳис карданаш мумкин. Бо ифодаи дигар, мустаҳкамии пояҳои оилавӣ ба амният дар кишвар вобастагӣ дорад.

Алъон нооромӣ ва ҷанг дар қисмате аз мамлакатҳои дунё,  зиёда аз ин, боиси ташвиш ва нигаронии ҳамагонест, ки дар қитъаҳои гуногуни олам умр ба сар мебаранд.

Яке аз вазифаҳои муҳими падару модарон ва мактаб тарбияи насли наврас дар рӯҳи оилдорӣ – омода намудани фарзандон ба ҳаёти хонаводагист. Албатта, падару модарон, фарзанди ҳанӯз ба балоғат нарасида, ғами ояндаи ӯ – ҳаёти мустақилонаи оилавиашро мехӯранд, зеро медонанд  оиладорӣ то чӣ андоза масъалаи ҷиддӣ ва масъулиятталаб аст. Ҳар модаре, ки духтар дорад, аз пайи ҷамъ кардани ҷиҳоз аст. Хонадорсозии писар ва умуман чорабиниҳои оилавӣ маблағ металабад ва падарро водор месозад тарафҳои иқтисодӣ ва харҷу сарфҳои тӯю сурро аз эътибор дур нанамояд. Вале баробари омодагии моддӣ омодагии маънавӣ хеле зарур. Хусусан насли ҷавон танҳо дар вазъи болиғии маънавӣ метавонад оянда масъулияти томи оиладориро ба дӯш гирад ва ба оила саробон гардад.

Мутаассифона, баъзе падару модарон дар масъалаи хонадоркунии фарзанд танҳо ғами молу пул ва сарфу хароҷот, базму зиёфатҳоро мехӯранду халос. Ба масъалаи аз назорати тиббӣ гузаронидани хонадоршавандагон низ аз паси панҷа менигаранд. Ё фикр мекунанд ин гуна масоиле, ки ба никоҳу оила марбутанд, худ аз худ ҳал шуда мераванд.

Ноҳамвор будани роҳҳои зиндагӣ бояд аз мадди эътибор дур набошад ва чи писар, чи духтар, ҳануз ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ шурӯъ нанамуда, дарк номояд, ки ҳаёт баробари рӯзҳои муътадил ва офтобӣ тӯфону бӯронҳо дорад. Барои паси сар намудани мушкилиҳо, қабл аз ҳама, иродат ва субот лозим.

Мутаассифона,  баъзе навхонадорон ҳанӯз дар ибтидои ҳаёти оилавӣ, вақте душворӣ ё ногуворие пеш омад, саросемаву саргум мешаванд. Хусусан онҳое, ки нозпарвард калон шудаанд, ба ташвиши падару модарон ташвиши дигар зам карда ва онҳоро нороҳат менамоянд. Иллати асосӣ – оиладориро саҳв пиндоштани ҷавононе мебошад, ки сифати болиғии маънавиро чандон молик нестанд.

Онҳое, ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ доранд, ҳамеша маслиҳат медиҳанд, ки дар масъалаи хонадорсозии фарзанд набояд ба саросемагӣ  роҳ гузошт. Пеш аз оиладор шудан ҷавонон бояд аз сабақҳои рӯзгор то андозае бархурдор бошанд, бо интернет ё нуқтаҳои иҷтимоӣ не, бо китоб дӯст шаванд, бештар китобҳоеро мутолиа созанд, ки дидактикианд ва аҳамияти тарбиявӣ доранд.

Хушбахтона, баробари муассисаҳои таълимӣ имрӯз маҳалла низ китобхона дорад ва бештар ҷавонон ба китобхонӣ ҷалб мешаванд. Маҳз ҳамон маҳаллаҳое, ки китобхона доранд, арзишу тарзи ҳаёт ва тафаккури миллиро аз насл ба насл интиқол дода ва воқеан чашмаи тарбия ба ҳисоб мераванд.

Дигар,  давлат низ аз мустаҳкамии оилаҳо манфиатдор ва хусусан ҳимояи ҳарҷонибаи оилаҳои ҷавон ҳамеша дар маркази эътибори ҳукумат ва ҷомеа мебошад.

Маълум, ки чунин падида дар муносибати як қатор давлатҳои дунё низ нисбати оила ба назар мерасад. Барои таъмини бирқарории  оилаҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар қонунгузории Ӯзбекистон марбут ба барқарории оилаҳо ва арзишҳои умумибашарӣ дар хонадон, тавре дар боло ишора рафт, меъёрҳо муайян карда шудаанд.

Дар моддаи 63-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр ёфта, ки оила қишри асосии ҷамъият аст ва он ҳамеша дар маркази ҳимояи давлату ҷамъият қарор дорад.

Чи дар Сарқонун ва чи дар ҳуҷҷатҳои қонунии дигар меъёрҳои муҳим  доир ба оила муайян карда шудаанд. Дар қисми дуюми моддаи 63, айни замон, зикр ёфта, ки никоҳ ба ихтиёрӣ будан ва баробарҳуқуқии ҷонибҳо  асос меёбад. Моддаи дуюми Кодекси оила низ тақрибан дар ҳамин бобат аст ва дар он гуфта мешавад ба тартиб андохтани муносибатҳои оилавӣ вазифаи мард ва занест, ки дар асоси ризоят ва ба тарзи ихтиёрӣ издивоҷ менамоянд.

Қисми дуюми моддаи 65-уми Конститутсияи Ӯзбекистон бошад, ба масъалаи муҳофизати модар ва тифл марбут мебошад. Модар ва кӯдак, айни ҳол, таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Вале ин, албатта, маъное надорад, ки падар ё бобову бибӣ аз мадди эътибор дур бошанд.

Ғамхорӣ ба фарзанде, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст, яке аз вазифаҳои аввалдараҷаи волидон аст. Нигоҳубини падару модари солхӯрда, дар навбати худ, ба зиммаи фарзандон қобили кор аст, ки ин ҷонибҳо низ дар моддаҳои ҷудогонаи Сарқонуни мо муайян ва мустаҳкам карда шудаанд.

Ҳамин низ мавриди қайд аст, ки волидони ба фарзандони худ ҷабрнамуда мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Яъне, Конститутсия ва дигар қонунҳо роҳ намегузоранд ҳуқуқи кӯдак помол карда шавад.  Дар ин гуна вазъиятҳо мумкин аст волидон ҳатто аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ маҳрум карда шаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, агар тифл дар оғӯши падару модар меҳр дида ба воя расид, вай ба дигарҳо меҳрубон мешавад. Баръакс, оне, ки ба меҳри волидон сер нашуд, ба инсони сахтдил ва бемеҳр табдил ёфтанаш мумкин.

Мувофиқи қонунҳои амалкунанда ба ҳаёти оилавӣ ва ё масъалаҳои дохилии хонадон дахолат кардан мумкин нест. Вале ин маъное надорад дар вазъи нотинҷии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон ҷомеа ё маҳалла тамошобин бошад.  Муҳимтарин вазифаи комиссияи оштие, ки дар ҳузури маҳаллаҳо ва судҳои байниноҳиявӣ ташкил карда шудааст,  оилаҳоро аз парокандагӣ наҷот додан ва мустаҳкамсозии хонадонҳо мебошад.

Мегӯянд Конститутсияро омӯзем, ба қонунҳо риоя созем ва имкониятҳои ҳуқуқиамонро дуруст роҳандозӣ намоем, пеши роҳи ҳар гуна нохушӣ дар оилаҳо гирифта мешавад.

Муҳаммдҷон ШОДИЕВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: