КОНСТИТУТСИЯИ НАВ – ГАРАВИ АМАЛӢ ГАРДОНДАНИ МАҚСАДҲОИ БА МИЁН ГУЗОШТАШУДА

Бо қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 1 майи соли 2023 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки дар референдуми 30 апрел қабул шуд, эътибор пайдо кард.

 Раванди омодагӣ ва баргузории он дар расонаҳои хориҷӣ васеъ инъикос гардид. Хабарнигорони нашрияҳои чопӣ ва электронии хориҷӣ пайваста аз ҷойи ҳодиса гузоришҳо пахш намуда, хонандагон ва тамошобинони худро аз рӯйдодҳои муҳимтарини ҳаёти Ӯзбекистон сари вақт огоҳ карданд. Намояндагони доираҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва коршиносон фикру мулоҳизаҳои худро дар матбуот баён карданд.

Хабарнигори телеканали бонуфузи Полша «Polsatnews» Магдалена ПЕРНЕТ:
– Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, бешубҳа барои Ӯзбекистон, хусусан он замоне, ки Қонуни асосӣ беш аз 60 фоиз тағйир ёфтааст, рӯйдоди таърихӣ аст. Дар байни нозирони байналмилалӣ намояндагони бисёр мамлакатҳо, аз он ҷумла журналистон низ буданд.
Ҳамчун нозир, пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки раъйпурсӣ муҳимтарин рӯйдоди сиёсии кишвар аст, ки тавонистанд ба таври шаффоф ва барои шаҳрвандони Ӯзбекистон қулай омода ва баргузор намоянд.
45 рӯз пеш аз баргузории раъйпурсӣ ба шаҳрвандони кишвар хабар дода шуда буд, ки овоздиҳӣ 30 апрел баргузор мегардад.
Маълумот дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ, эълонҳо дар кӯчаҳо, ҷойҳои эълондиҳӣ пайдо шуданд. Дар тӯли ин чанд рӯз, ки дар Ӯзбекистон қабл аз референдум ва дар ҷараёни он қарор доштам, касеро надидам, ки аз овоздиҳӣ хабар надошта бошад. Худи овоздиҳӣ тавре ба нақша гирифта шуда буд, ки дар он ҳама, аз ҷумла шаҳрвандоне, ки дар беморхона, дар сафари хидматӣ ва дар мамлакатҳои хориҷӣ ҳастанд, иштирок карда тавонанд.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандони Ӯзбекистон дарк намудам, ки ҳамаи онҳо аҳамияти тағйир додани Конститутсияро мефаҳманд, зеро дар ин санад тағйироти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар, ки дар солҳои охир дар кишвар ба амал омадаанд, мустаҳкам карда шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо мутобиқ шудани Конститутсия ба симои нави кишвар, меъёрҳои муқарраршуда қадамҳои минбаъдаи рушди давлатро сабук гардонда, суръат мебахшад.
Аз тарафи дигар, худи Ӯзбекистон, ба назари ман кишвари замонавӣ, босуръат рушдёбанда аст, ки мардумаш ба маънои мусбат хеле мағруранд. Ҷавонон мехоҳанд таҳсил гиранд, ба хориҷ барои илмгирӣ бароянд, омӯзанд, бо дунёи беруна шинос шаванд, дониш андӯхта, кишвари худро обод кунанд.
Роҳбари шуъбаи шабакаи хабарии «Роҳи абрешим»-и Алҷазоир, директори агентии табъу нашри «Абрешим», президенти Ассотсиатсияи фарҳангии «Сафирони бидуни марз» дар Алҷазоир Абдилкадир ХАЛИЛ:
– Ӯзбекистони Нав ба марҳалаи наве қадам мегузорад, ки ин ҷумҳуриро дар ин минтақа боз ҳам кушод, демократӣ ва пурқувват мегардонад. Ин тавассути ислоҳоти конститутсионӣ ба даст омадааст, ки ба таҳкими демократия, шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии ҳар як аъзои ҷомеаи Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ гуна табъиз байни ягон қишри ҷомеа, сарфи назар аз мансубияти этникӣ, динӣ ва сиёсӣ мусоидат мекунад.
Мушоҳидаи раъйпурсӣ аз ҷониби шумораи зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва нозирони байналмилалӣ азми роҳбарияти Ӯзбекистонро барои фароҳам овардани фазои муносиб ҷиҳати фаъолияти дурусти демократия ва шаффофияти ин рӯйдодҳои тақдирсоз собит намуда, инчунин эътимоди байналмилалиро ба ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшуда мустаҳкам мекунад.
Иштироки халқ дар раъйпурсӣ, аз як тараф, зуҳуроти воқеии тамоюлҳои ҳуқуқи фард, таҷассуми озодии баён, новобаста аз ҷинс, дин ва мазҳаб бошад, аз тарафи дигар инчунин фаъолсозии нақши ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон дар қабули қарорҳо ва саҳми ӯ дар таҳкими асосҳои давлат, бунёди кишвари замонавӣ бо арзишҳои назаррас, нуфуз ва таъсираш дар минтақаи Осиё ва тамоми ҷаҳон мебошад.
Ҳамчун шахсе, ки нисбат ба Ӯзбекистон, ба дӯстии таърихию бародаронаи мо бо ин ҷумҳурӣ эҳтироми амиқ дорад, боварӣ дорам, ки Конститутсияи нав бо тамоми иловаҳои наве, ки комёбиҳои солҳои охир ба даст овардашударо инъикос менамояд, ба нафъи инсон ва башарият хидмат мекунад.
Директори иҷроияи Маркази Осиёи Ҷанубӣ ва тадқиқоти байналмилалӣ, коршинос оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ӯзбекистон Маҳмуд-ул-Ҳасан ХОН (Покистон):
– Референдум дар Ӯзбекистон бо назардошти  тамоюлҳои навшуда аз нав баррасишуда, такмилёфта ва аз нав воридшудаи шаффофияти маъмурию молиявӣ, ошкорбаёнии сиёсӣ, фарогирӣ, навсозӣ ва ҳаёти хушсифат дар кишвар барои  сиёсати миллӣ, истиқболи ҳукумати оянда, таркиби он, фоиданокӣ, миқёс ва аҳамият нақши бузурги стратегӣ дорад.
Ин як қадами азим дар роҳи боз ҳам муназзам ва барои мардум, соҳибкорӣ ва сармоягузориҳо мусоидтари иҷтимоию иқтисодӣ, устувории иқтисодӣ, муттасилии сиёсӣ ва қарор ёфтани демократикунонии оммавӣ, инчунин рӯҳияи идоракунии оқилона дар Ӯзбекистон аст.
Умедворам, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ ба пешбурди минбаъдаи лоиҳаи роҳи оҳани фароминтақавӣ бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев, ки Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистонро мепайвандад, мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, орзуҳои деринтизор дар бораи иртиботи бештари минтақавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амалӣ шуда, равобити байни минтақаҳо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.


Дар сатҳи байналмилалӣ, натиҷаҳои раъйпурсӣ барои идомаи фаъолонаи корҳо оид ба воридшавӣ ба СҶТ, инчунин барои рӯшодии минбаъда ва иштироки иқтисодиёти Ӯзбекистон дар равандҳои ҷаҳонии иқтисодӣ аз нуқтаи назари ҷустуҷӯи воридоти афзояндаи сармояҳои хориҷӣ ва ҳамгароии бонкӣ ва молия, ки иқтисодиёти миллӣ, иқтидори истеҳсолиро боз ҳам диверсификатсия мекунад ва на камтар аз он муҳим аст, ки дар таъмини сулҳу суботи минтақа нақши созанда мебозад.
Директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сун Чжуанҷӣ:
– Дар соли 2016 вақте ки Шавкат Мирзиёев ба лавозими олӣ таъин гардид, дар назди ӯ вазифаи ба марҳилаи куллан нави рушд баровардани Ӯзбекистон, ҳал намудани як қатор мушкилоти мураккаб ва рӯзмарра, фароҳам овардани механизми самарабахши ҳамкорӣ байни ҳукумат ва ҷамъият, таҳрики нав бахшидан ба рушди минбаъда қарор дошт. Президенти Ӯзбекистон дарҳол ба ислоҳоти дар таърихи давлат бузургтарин оғоз намуд, ки натиҷаҳои онро ҳоло имрӯз шаҳрвандон дар худ эҳсос мекунанд.
Фаъолияти бесобиқаи шаҳрвандони Ӯзбекистон дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав, аз як тараф дар бораи дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати ислоҳоти демократӣ, ки Президент Шавкат Мирзиёев пеш мебарад, аз тарафи дигар оиди шавқу ҳаваси амиқ ва ҳақиқӣ ба самарабахшии ноил гардидан ба мақсадҳои бунёди Ӯзбекистони Нав шаҳодат медиҳад.
Президенти Ӯзбекистон ҳамеша ба андеша ва дастгирии мардуми Ӯзбекистон такя намуда, ба баргузории раъйпурсӣ ташаббус зоҳир намуд. Ислоҳот дар асоси ғояи консептуалӣ – манфиатҳои мардум аз ҳама воло, тамоюли «Барои шаъну шарафи инсон» ҳамчун меъёри асосии тамоми ислоҳот муайян шудааст.
Дар тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ба баланд бардоштани некуаҳволӣ ва беҳбудии зиндагонии халқ диққати калон дода, сохти бунёдии Ӯзбекистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муқаррар шудааст. Ин маънои ба таври стратегӣ ба Қонуни асосӣ ворид намудани вазифаҳои давлатро дар таъмини натанҳо ҳуқуқҳои баробар, балки имкониятҳои баробар, рафъи нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, таҳкими масъулияти иҷтимоии давлат дар назди шаҳрвандон дорад.
Халқи боиқтидори Ӯзбекистон пешбарандаи асосии ҷавонони ӯзбек бо ҷаҳонбинии қатъӣ, мавқеи фаъоли сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ ба оянда бо боварии бузург назар карда, дар рушди Ӯзбекистони Нав саҳми арзандаи худро мегузорад.
Ба туфайли ислоҳот таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон ба давлати босуръат рушдёбанда табдил ёфта, суръати устувори рушд, тавоноии ҳимояи истиқлолияти худ, ҳаёти осоиштаи мардумро нишон дода, ба неруи худ пурра такя мекунад. Кафили амалӣ гардидани ин мақсадҳо Конститутсияи нави кишвар хоҳад шуд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: