«КОНСТИТУТСИЯИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – КОНСТИТУТСИЯИ МАН»

Мавриди муҳокимаи васеи ҷамоатӣ қарор гирифтани лоиҳаи қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз ҷараёнҳои муҳимест, ки ҳамдиёрони моро бефарқ намегузорад.

Равшанфикрони мо дар шаклҳои мулоҳизаву мунозира ва изҳори фикру таклифот дар муҳокима иштирок менамоянд. 
Акнун вазифаи ҳар кадоми мо мубориза дар роҳи ноилшавӣ ба мақсаду вазифаҳои дар он муайяншуда. Тавре ба назар мерасад, талаб ва қоидаҳое, ки дар Конститутсия муқаррар шудаанд, ифодаи амалии дигаргуниҳо дар ҷамъият ва оилаи мо мебошанд.
Конститутсия, воқеан, пойдевори мустаҳками ҳуқуқии ҳамаи он муваффақиятҳое мебошад, ки дар солҳои истиқлолият давлати рӯ бар ривоҷи мо ба даст овардааст. Дар даврае, ки гузашт, ба комёбиҳои бисёр ноил шудем. Вале дигаргуниҳои 5-6 соли охир дар ҳаёти мамлакат ва рӯзгори шахсии ҳамватанонамон ҳақиқатан даврае буд тақдирсоз. Дар роҳи таъмини манфиатҳои инсон, баланд бардоштани дараҷаи зиндагии халқи мо, офаридани шароитҳои мусоиди зист ва истироҳат дар маконҳои обод корҳои зиёд ба амал бароварда шуданд, ки инро, бидуни шак, ҳар оила ва ҳар як шаҳрванд ҳис намуд. Хусусан, шахсони оддӣ, ниёзманд ва ногироҳо, ки ба дастгирии давлат бештар муҳтоҷанд, мавриди эътибори алоҳида қарор гирифтанд. Ислоҳот дар соҳаҳои гуногун барои дигаргунӣ ва дигаргунсозиҳои азим замина офарид. Пештар мегуфтем, фарзандонамон оянда бояд аз мо хубтар зиндагӣ кунанд. Кас назар ба худаш бештар фарзандонашро фикр мекунад. Нахӯрдаву напӯшида, дар саъйи таъмини фарзандҳост ва ғами фардои онҳоро мехӯрад. Ин хуб. Вале ғами ӯро кӣ мехӯрад? Инсон як бор ба дунё меояд ва умр ниҳоят зудгузар... Президентамон гуфт, натиҷаҳои ислоҳотро кас бояд худи имрӯз ҳис кунад.
Тағйирот ва иловаҳо ба Конститутсия, зимнан, ба мустаҳкамсозии тамоюли давлати иҷтимоӣ будани Ӯзбекистон ва рушди ҷамъияти шаҳрвандии озод ва адолатнок дар ин сарзамин нигаронида шудаанд. Ҳуҷҷат, дар навбати аввал, фарогири масъалаҳои барпои давлати демократӣ-ҳуқуқии инсонпарвар дар Ӯзбекистон мебошад.
Ҳаминро дарк карда, шаҳрвандонамон дар ҷараёни муҳокимаҳо фаъолона ширкат ҷуста, баҳри такмили Сарқонуни мо фикру мулоҳизоти солим баён месозанд. Қобили таваҷҷуҳ боз он ки бештар аз 70 фоизи иштирокдорони ҷараён ҷавонони то 30-сола мебошанд, ки кафолати ҳуқуқии ояндаи бузург будани Конститутсияро қалбан дарк кардаанд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ҳисси дахлдории халқи мо дар барпои ҷамъияти воқеан шаҳрвандӣ то андозае ташаккул ёфтааст.
Яке аз самтҳои муҳими Конститутсия, ки бо таклифи шахсии роҳбари давлати мо зеби рақам шудааст «Инсон, ҳаёти вай, озодӣ, қадру қимат, ҳуқуқ ва манфиатҳои дахлнопазири ӯ» унвон гирифта ва боис шудааст «Барои қадри инсон» ғояи асосии ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қарор гирад.
Маҳз бо ташаббуси сардори давлат мафҳумҳои якдигарро пурракунандаи «Инсон – ҷамъият – давлат» мазмуну моҳияти Конститутсияамонро амиқ фаро гирифта, вомедорад дар ҳаёти амалиамон онро чун арзиши маънавӣ бишносем.
Чун ислоҳоти кулл, ки ба манфиати инсон нигаронида шудааст, Конститутсияи такмилёфта, айни замон, халқпарварона аст. Ҳар яки мо бо ният ва мақсадҳои неку бузург зиндагӣ мекунем. Ин ният ва мақсадҳо бо Сарқонун ё худ ба Сарасос молик бояд бошанд.
Ҳар нафаре, ки бо умеди зиндагии нек аст, қабл аз ҳама, ба давлат такя мекунад. Вале он давлат бояд ба маънои том иҷтимоӣ бошад. Бале, маҳз давлати иҷтимоӣ дар асоси принсипҳои баробарии иҷтимоию адолат ба шаҳрвандони худ шароити мусоиди зист фароҳам месозад. Мақсади асосии он – бартарафсозӣ ё худ коҳишдиҳии тафовутҳои иҷтимоӣ. Айни замон саъй менигаронад муҳтоҷон бо хонаву ҷой, маҳсулоти истеъмолии зарурӣ таъмин бошанд. Барои он ки шахс ва оилаи ӯ ҳаёти муносиб гузаронад, маоше, ки мегирад, расубас бошад. Баробари таъмин бо шуғл офаридани шароит барои амнияти меҳнатӣ чизи муҳим. Коҳиш додани камбағалӣ, дар ин самт, яке аз вазифаҳои устувори сиёсати давлатист.
Бо назардошти ҳамин ба моддаи 37-уми Конститутсия як қатор иловаҳо ворид шуда ва муайян мегардад: «Ҳар кас ба меҳнати муносиб, озодона касб интихоб намудан, дар шароитҳои қулайи меҳнатие, ки ба талаботи амният ва гигиена ҷавобгӯст, кор кардан, барои меҳнаташ бидуни ҳеҷ гуна камситоӣ ва ба тарзи адолатнок, ки аз ҳадди ақалли музд кам нест, маош гирифтан, айни замон аз бекорӣ ба тартибе, ки дар қонун муайян шудааст, мавриди ҳимоя қарор доштан ҳуқуқ дорад».
Айни замон дар моддаи 38-уми лоиҳаи қонун банди иловагӣ мебинем, ки мувофиқи он шаҳрвандоне ҳам, ки кироя меҳнат мекунанд, ҳуқуқ доранд рӯзҳои дамгирӣ ва ид истироҳат кунанд, ба таътили солонаи меҳнатии музднок бароянд. Ба дараҷаи конститутсионӣ ҳал гардидани масъалае, ки шаҳрвандони ба тарзи кироя меҳнаткунандаро нороҳат месохт, албатта, иқдоми тоза дар халқпарварист.
Чанд сол пештар ҳатто тасаввур карда наметавонистем барои ногироёне, ки ҷои зист надоранд, манзилҳои замонавӣ барпо карда мешаванд. Нафақаашон низ хеле ночиз буд. Ҳоло мувофиқи тартибе, ки дар қонун муайян шудааст, сохтори хидматҳои иҷтимоии давлатӣ ривоҷ ёфта, меъёрҳое, ки ворид мешаванд, ба беҳтарсозии шароити зист ва вазъи маишии эҳтиёҷмандон нигаронда шудаанд, ки ин ҳама асоси муҳиманд дар боз ҳам пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоӣ. Мувофиқи моддаи 39-уми Сарқонун пенсия, нафақа, навъҳои дигари кумаки иҷтимоӣ набояд аз миқдори хароҷоти истеъмолии камтарин, ки расман муайян карда шудааст, кам бошанд.
Соҳибони мулки хусусӣ низ тӯли солҳои зиёд беташвиш набуданд. Ҳарчанд дар Конститутсия дахлнопазирии ҳуқуқи онҳо муайян ва соли 2012 қонун дар бораи ҳифзи мулки хусусӣ ва кафолатҳои ҳуқуқи мулкдорон қабул шуда буд, ҳолатҳои вайроншавии ин ҳуқуқ, бинобар худсарии баъзе мансабдорҳо вайрон сохтани корхонаҳои хусусӣ, хунукназарӣ ба амволи ғайриманқул ба мушоҳида расид. Онҳое низ, ки манзилашон ба «снос» афтод, ба мушкилиҳо дучор шуда, ба кӣ арз кардани худро надонистанд. Бинобар ин сабабҳо Президент зимни вохӯрӣ бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ гуфт: «Байни халқи мо муаммои машҳуре ҳаст бо номи «снос». Барои барҳам додан ба ин гуна ҳолат оиди хонаву ҷой кафолати конститутсиониро муайян кардан лозим. Яъне, бидуни қарори суд ҳеҷ кас набояд аз хонаву ҷояш маҳрум гардад. Вайрон сохтани иморат лозим шавад, қабл аз вайрон кардан ба соҳиби он пардохти ҷуброни ба арзиши мулк арзанда шарт аст. Ба манзил ё дигар молу мулки шахс бе рухсати ӯ даромадан, аз чашм гузарондан, кофтуков фақат дар тартибе, ки қонун муайян кардааст, бояд ба амал ояд ва ин ҳолат  дар Конститутсия қатъӣ муайян гардад».
Навъе ҳис мекунем, Конститутсияе, ки маҳсули Ӯзбекистони Нав буда, ба маъное Конститутсияи халқист, нафақат қиёфа ва тарзи ҳаёти имрӯзро акс мекунад, балки ҳуҷҷатест дар он пойдевор ва заминаҳои ҳуқуқии мақсадҳои некамон дар оянда инъикос ёфтааст. Бо ифодаи Президент меарзад ҳар ҳамватани мо бо ифтихор гӯяд, ки: «Конститутсияи Ӯзбекистони Нав – Конститутсияи ман».

Муҳаммадҷон 
ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: