КОНСУЛГАРӢ БО ЧӢ МАШҒУЛ АСТ?

Бароям маълум аст, ки мисли дигар сафоратхонаҳо сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд хидмати консулгарӣ низ мерасонад.

Бароям маълум аст, ки мисли дигар сафоратхонаҳо сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд хидмати консулгарӣ низ мерасонад. Оё имкон дорад, ки дар бораи вазифаҳои шуъбаи консулгарии ин сафоратхона маълумоти муфассалтаре дар «Овози тоҷик» дарҷ намоед?

С.ЭШОНҚУЛОВ,
ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё.
Дар сафорат бахши хидматрасонии консулӣ амал мекунад, ки корафтодагон барои ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта ҳамарӯза ба он муроҷиат мекунанд. Консулгарӣ пайваста ба масъалаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ, маълумотномаҳо оид ба шаҳрвандӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо барои баромадан аз шаҳрвандӣ, додани раводид, ҳуҷҷат барои бозгашт ба Ватан (барои шаҳрвандоне, ки шиносномаи худро бо ягон сабабе гум кардаанд), тасдиқ ва қонунигардонии ҳуҷҷатҳо, ба қайди консулӣ гирифтани шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иқомати доимӣ доранд, додани шаҳодатномаи таваллуд ва вафот, ба ақди никоҳ гирифтан, расонидани кӯмак барои убури сарҳади давлати иқомат ва ғайраҳо кӯмаки бевосита мерасонад. Барои сарфаи вақт ва хароҷоти зиёдатии молиявӣ почтаи электронии сафорат ва дар торномаҳои фейсбук ва твиттер сайтҳои хидматрасонии консулӣ кушода шудаанд, ки муроҷиаткунандагон метавонанд тавассути онҳо ариза ва ҳуҷҷатҳои заруриро ба сафорат равон кунанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба қабули шаҳрвандон диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамарӯза кормандони масъули намояндагӣ шаҳрвандон ва муроҷиаткунандагонро қабул намуда, ба дархост ва аризаи онҳо дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҷавоб мегардонанд. Рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти намояндагӣ ташкил карда шудааст ва шаҳрвандонро қабул намуда, барои иҷро намудани хоҳишу дархости онҳо кӯмаки амалӣ мерасонанд.  
Ҳамчунин сафорат робитаҳои дӯстиро тавассути намояндагиҳои дипломатии давлатҳое, ки дар кишвари иқомат фаъолият менамоянд, ба роҳ монда, бад-ин васила равобити дӯстиро васеъ намуда истодааст. Сафорат бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ИДМ, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Марказӣ, сафоратҳои давлатҳои Чехия, Словакия, Лаҳистон, Латвия, Италия, Исроил, Алҷазоир, Гурҷистон, Малайзия ва Фаластин, ки ҳамзамон намояндагиҳои дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар ин замина корҳои шоистаро татбиқ менамояд.

Шарифхон 
ҚАЛАНДАРЗОДА, 
мушовир-фиристодаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: