Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 март оид ба масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани кооператсияи саноатӣ ва маҳаллигардонӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Бо қарори Президент аз 24 январи соли ҷорӣ Барномаи тавсеаи истеҳсоли маҳсулот ва кооператсияи саноатӣ барои соли 2022 қабул шуда буд. Дар доираи он ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави қариб 37 триллион сӯмина маҳсулот дар доираи 2455 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Дар аввали ҷамъомад рафти иҷрои барномаҳо аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд. Дар фаъолияти Агентии оид ба рушди соҳаи дорусозӣ, ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», ҶС «Иссиқлик электр стансиялари» камбудиҳои ҷиддӣ қайд гардиданд.
Шартномаҳое, ки ба воситаи портали «Кооператсияи электронӣ» ба имзо расидаанд, дар баъзе минтақаҳо иҷро нашуданд. Ҳиссаи корхонаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Намангон, Сурхондарё ва Хоразм дар савдоҳои электронӣ аз як фоиз камро ташкил медиҳад. Аз сабаби мавҷуд набудани алоқаҳои кооператсионӣ воридоти баъзе намудҳои молҳо зиёд шуд, ки барои истеҳсоли онҳо дар дохили мамлакат шароит мавҷуд аст.
Дар шароити имрӯзаи тағйирёбанда усули самарабахши таъмини устувории иқтисодиёт ба кор даровардани имкониятҳои дохилӣ, истеҳсоли баъзе маҳсулоти воридотӣ дар мамлакати мо ва рушди минбаъдаи саноат мебошад. Ин бояд самти устувори иқтисодиёти миллии мо гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад дар ин бобат тадбирҳои муҳим муайян шуданд. Зарурати ба роҳ мондани ҳамкории корхонаҳои калон ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аз рӯи намудҳои маҳсулот зикр гардид.
Масалан, баъд аз он ки Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ дар портали кооператсия дар бораи молҳои воридотӣ ва талаботи техникӣ маълумотро ҷойгир намуд, 600 миллиард сӯмина маҳсулот, ки пештар аз хориҷ ворид карда мешуд, дар 18 корхонаи маҳаллӣ истеҳсол карда шуд.
Президент дастур дод, ки ин таҷриба дар тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо ҷорӣ карда, соҳибкорон ба азхудкунии истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ ҷалб карда шаванд.
Ба ин мақсад тартиби гузарондани ярмаркаҳои саноатӣ тағйир дода мешавад. Ба ғайр аз ҷустуҷӯи харидорони маҳсулоти тайёр, иштирокчиён метавонанд нақшаҳои тиҷоратии ташкили молҳои барои маҳаллисозӣ тавсияшударо таҳия кунанд. Соҳибкороне, ки ба лоиҳаҳо таваҷҷуҳ доранд, метавонанд дар ҳошияи ярмарка шартномаҳои интиқол ба имзо расонанд ва бо бонкҳо оиди маблағгузорӣ мувофиқа кунанд.
Барои ин дар «Ӯзэкспомарказ» намоишгоҳи доимоамалкунандаи саноатӣ, дар марказҳои вилоятӣ ва минтақаҳои саноатӣ намоишгоҳҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ташкил карда хоҳанд шуд.
Дар баробари ин хароҷоти тадқиқоти маркетингӣ дар доираи лоиҳаҳои нав ва сертификатсия дар хориҷа қисман ҷуброн карда мешавад.
Дар ҷамъомад дигаргуниҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба амал меоянд, муфассал таҳлил карда шуданд.
Қарор қабул шуд, ки аз моҳи апрел ба корхонаҳое, ки ашёи хом ворид карда, онро дар қаламрави гумрук коркард менамоянд ва маҳсулоти ҳосилшударо ба хориҷ содир мекунанд, як қатор имтиёзу сабукиҳо дода шавад. Аз ҷумла, барои лоиҳаҳои онҳо асосноккунии техникию иқтисодӣ, сертификатҳои маҳсулот, таъминоти боҷи гумрукӣ талаб карда нашуда, муҳлати расмигардонии иҷозатнома се баробар коҳиш дода шуда, аз таҷҳизоти воридотӣ боҷи гумрукӣ ситонда намешавад.
Барои ворид шудан ба бозорҳои нав бояд стандартҳои байналмилалиро дар соҳа васеъ ҷорӣ кард. Масалан, дар солҳои 2019-2021 ба туфайли гирифтани сертификатҳои байналмилалӣ 2 ҳазор корхонаҳои бофандагӣ содироти худро 1,5 баробар афзоиш доданд. Ба ғайр аз ин, эътилофи байналмилалии Cotton Campaign чанде қабл бойкоти пахтаи Ӯзбекистонро бекор кард. Он инчунин имкониятҳои калон ва бозорҳои навро мекушояд.
Дар назди Агентии «Ӯзстандарт» вазифаи зиёд гардондани миқдори корхонаҳо бо сертификатҳои байналмилалӣ ва дар дигар соҳаҳо, инчунин таъсис додани Маркази омӯзиши стандартҳои байналмилалӣ дар назди идораҳои лоиҳавӣ ва минтақаҳо гузошта шуд.
Саноати масолеҳи бинокорӣ низ метавонад аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ривоҷ ёбад. Ба ин муносибат барои вусъат додани ҷустуҷӯи геологии ашёи хом 100 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Дар соли ҷорӣ татбиқи 420 лоиҳа ба маблағи 1,8 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Ба шахсони масъул супурда шуд, ки лоиҳаҳои мазкурро сари вақт ба кор андохта, содироти масолеҳи бинокориро афзун гардонанд.
Инчунин масъалаи пурра сафарбаргардонии иқтидорҳои мавҷуда ва ивазкунии воридот дар соҳаи дорусозӣ ба миён гузошта шуд.
Чи хеле ки маълум аст, агар корхонаҳои саноатӣ аз илму навоварӣ дур шаванд, мутобиқ шудан ба муҳити нави рақобат барои онҳо мушкил хоҳад буд. Аз ин рӯ, дар назди Вазорати рушди инноватсионӣ вазифа гузошта шуд, ки ба таҷдиди корхонаҳо дар минтақаҳо ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти онҳо мусоидат намояд.
Дар ҷамъомад роҳбарони соҳаҳои саноат ва корхонаҳои бузург, ҳокимон нутқ эрод намуданд.