КОР БО МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ БА НИЗОМИ НАВ МЕГУЗАРАД

17 январи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фармон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми кор бо мушкилоти аҳолӣ» имзо гузошт.

«Бо ташвиши мардум зиндагӣ кардан маҳаки бузургтарини инсонист», «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд», «Мардум фардо не, дар ояндаи дур не, балки маҳз имрӯз мехоҳанд дар ҳаёти худ тағйироти мусбатро бубинанд».
Ин суханони Президент Шавкат Мирзиёев, ки дар қалб ва шуури мардуми мо амиқ мақом ёфтаанд, нирӯи пурқуввати муҳаррик, асолати тамоми тағйирот ва ислоҳоте гардиданд, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд. Дар ҷараёни чунин тағйироти таърихӣ фароҳам овардани низоми куллан нави мулоқот бо халқ, кор бо муроҷиатҳо, ҳамчунин Қабулгоҳи виртуалӣ ва қабулгоҳҳои халқии Президент, ки аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ ҳамчун сохтори нодир эътироф мегарданд, яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамояд.
Қабулгоҳҳои халқӣ, маҳз барои ба ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли чандинсолаи халқ созмон дода шуданд ва қисмати ҷудонопазири дигаргуниҳое мегарданд, ки дар мамлакат, дар марказҳо, ки бобати омухтани аҳволи воқеӣ ва ошкор кардану дар ҳар кадом соҳаи тамоми минтақаҳои мамлакат ҳаллу фасл кардани мушкилот амалӣ мешаванд, ғояҳои навро ба миён меоваранд. 
Тӯли давраи сипаришуда бо кӯмаки Қабулгоҳи виртуалӣ ва қабулгоҳҳои халқии Президент беш аз 2,5 миллион нафар тавонистанд мушкилоти худро ҳаллу фасл намоянд, ба масъалаҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардаанд, ҷавоб гиранд. Ин шаҳодати он аст, ки онҳо ҳам барои ба аҳолӣ кӯмак расонидан ва ҳам барои дар ҷомеаи мо васеъ қарор ёфтани равандҳои адолат зарур мебошанд.
Хулоса, қабулгоҳҳои халқӣ механизмҳои нодир ва самарабахши ба роҳ мондани мулоқоти ошкорои байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ, ошкор намудани мушкилоти рӯзмарра, таъмин сохтани баррасии қонунӣ ва босифати муроҷиатҳо гардиданд. 
Табиист, ки ҳаёт тағйир меёбад. Талаботи кунунӣ ин ҳамқадами замон будан, балки аз ӯ қадаме  пештар будан мебошад. Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис аз 28 декабри соли 2018-ум изҳор дошт, ки дар фаъолияти қабулгоҳҳои халқӣ низоми куллан нав ҷорӣ мегардад, он ба дараҷаи баландтар, ба сатҳи сифатан беҳтар бардошта мешавад. Фармони роҳбари давлати мо «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил долдани низоми кор бо мушкилоти аҳолӣ», ки ба таъмин сохтани кори бевоситаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар бо шаҳрвандон, такягоҳи халқ, аз ҷумла субъектҳои соҳибкорӣ шудани онҳо, иҷро намудани вазифаҳое, ки дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис муайян шудаанд, равона гардидааст, таҷассуми амалии он шуд. 
Кадом омилҳо боиси қабул шудани фармон гардиданд? Чӣ гуна мушкилот барои ҳуҷҷати мазкур асос шуданд? Чӣ тағйирот пешбинӣ мегардад?
Тавре ки дар фармон қайд мешавад, он санад, ки тӯли ду соли охир ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 2,5 миллион муроҷиат расидааст, ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳҳои кории ҷумҳурӣ дар ҷараёни санҷиши ҳавлиҳо, дар натиҷаи омӯхтани иншооти иҷтимоӣ ва ғайра боз беш аз 1,1 миллион адад мушкилоти мухталиф ошкор гардидаанд, шаҳодати дар маҳалҳо мавҷуд будани миқдори зиёди масъалаҳое мебошанд, ки ҳаллу фасли худро интизоранд ва бисёрии онҳо дар сатҳи ташкилоти зинаҳои миёна ва поёнӣ ҳал нашудаанд. Таҳлили фаъолияти кор бо муроҷиати мардум, маълум ва ҳаллу фасл намудани мушкилоти ташвишовари онҳо дар ин самт ҷой доштани як қатор камбудиҳои доимиро нишон дод.
Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки низоми дар амали кор бо муроҷиатҳо имкон намедиҳад мушкилоти мавҷудаи аҳолӣ пурра фаро гирифта ва зуд ҳаллу фасл карда шаванд. Мавҷуд набудани механизми ягона бобати ҳамоҳангсозии фаъолияти Девони Вазирон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, қабулгоҳҳои халқӣ ва ташкилоти дигар дар соҳаи таҳлили мунтазам ва ҳаллу фасл кардани мушкилоти ошкоршуда барои  кори муштараки тамоми зинаҳо имкон намедиҳад, яъне намегузорад, ки онҳо муттаҳид бошанд. Аз ин нуқтаи назар ҳангоми коркарди лоиҳаҳои дахлдор барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ муроҷиатҳое, ки ба Қабулгоҳи виртуалӣ ва қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мерасанд, ҳамчунин мушкилоти дигаре, ки дар маҳалҳо ошкор мешаванд, ба дараҷаи бояду шояд инъикос намеёбанд. Баробари ин аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигари маҳаллӣ ба мулоқоти бевосита бо аҳолӣ, ҳамчунин ошкор ва ҳаллу фасл намудани мушкилот аз тариқи санҷишҳои ҳавлигӣ, иҷрои пурра ва босифати вазифаҳои дар зиммаи онҳо гузошташуда эътибори зарурӣ дода намешавад.
Бо назардошти ин мувофиқи фармони Президент аз 1 феврали соли 2019 баробари кори  мунтазами қабулгоҳҳои халқӣ бо муроҷиати аҳолӣ низоми наве ҷорӣ карда мешавад, ки ошкор ва ҳаллу фасл намудани мушкилотро аз тариқи санҷиши ҳавлигии қабулгоҳҳои халқӣ, кори бевоситаи мақомоти давлатӣ бо аҳолиро дар назар дорад.
Махсусияти аввалини низоми нав ин аст, ки қабулгоҳҳои халқӣ якҷо бо секторҳои оид ба рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар мушкилотро аз тариқи санҷиши ҳавлигӣ, омухтани иншооти иҷтимоӣ ва ғайра ошкор мекунанд, ҳамчунин ҳаллу фасли онҳоро таъмин менамоянд. Минбаъд қабулгоҳҳои халқӣ бекор намемонанд ва расидани муроҷиатҳоро оид ба мушкилоти муайяне интизор намешаванд.
Омили муҳиме, ки боиси гузаштан ба низоми нав гардид, аз он иборат мебошад, ки низоми дар амали кор бо муроҷиатҳо имкон намедиҳад мушкилоти мавҷудаи аҳолӣ пурра фаро гирифта ва ҳаллу фасл карда шаванд. Чун тамоми дигар мақомоти давлатӣ қабулгоҳҳои халқӣ мувофиқи санади қабул ва баррасии муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ кор мекунанд. Вале таҳлили муроҷиатҳо имкон намедиҳад мушкилоти аҳолӣ, ҳамчунин маъалаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар иншооти истеҳсолӣ пурра ошкор ва ҳаллу фасл шаванд. Бояд гуфт, ки набудани ариза ё худ шикоят ин маънои онро надорад, ки мушкилоте набошад. Халқи мо ки чун анъана бурдбору сипосгузор ва мағрур мебошад, овоза кардани мушкилоти худро саҳеҳ намедонад, ба идора ва ташкилоти масъул муроҷиат намекунад. Бинобар ҳамин ҳам мувофиқи ғоя ва ташаббуси роҳбари давлат мо ба сатҳи нави мулоқот бо аҳолӣ ворид мешавем, ба тарзи нави кор бо муроҷиатҳо ва ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ машғул мегардем. Мақсади асосии низоми нав ин беш аз пеш наздик шудан ба халқ, сари вақт ошкор кардани мушкилот ва ҳаллу фасли онҳо пеш аз расидани муроҷиатҳо мебошад.
Боз як ҷиҳати муҳим, ин ба шарофати низоми нави кор омӯхтани фикру ақидаи одамон дар бораи ҷараёнҳои иҷтимоиву иқтисодие мебошад, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, бо назардошти тавсияҳои онҳо оид ба рушди минбаъдаи давлат ва ҷамъияти мо кор бурда мешавад. 
Мувофиқи фармон гурӯҳҳои корие, ки ба қабулгоҳҳои халқии ноҳия (шаҳр)-ҳо роҳбарӣ мекунанд, ҳудудҳоро бинобар маҳаллаҳо ва хонаҳо (оилаҳо) таҳлил менамоянд, нақшаи чорабиниҳои кӯтоҳмуддат (барои як сол) ва дарозмуҳлати нишонадорро бинобар аз байн бардоштани камбудӣ ва мушкилоти ошкоршуда ташаккул медиҳанд. 
Дар ин маврид иҷрои нақшаҳои кӯтоҳмуддати нишонадор аз ҷониби ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо), Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, маҷмӯъҳои дахлдори Девони Вазирон  иҷро карда мешаванд. Назорати иҷрои онҳо ба зиммаи қабулгоҳҳои халқӣ ва шуъбаҳои Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта мешавад. 
Ҳангоми коркарди нақшаҳои миёнамуҳлати чорабиниҳои нишонадор, барномаҳои давлатии  сармоявӣ, барномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, лоиҳаҳое, ки бо иштироки идораҳои байналхалқии молиявӣ татбиқ мешаванд, мушкилоти мунтазаме, ки дар муроҷиатҳои ба Қабулгоҳи виртуалии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расидаанд, ба эътибор гирифта мешавад. Минбаъд дар коркарди барномаҳо ба муносибати сатҳӣ роҳ дода намешавад, ҳар як лоиҳа ба таҳлили муроҷиати одамон, манзараи воқеии ҳаёт ва талаботи халқ такя мекунад. 
Тавре ки дар фармон мушаххас шудааст, қабулгоҳҳои халқӣ бо ҷалби намояндагони ҷомеаҳо, расонаҳои ахбори оммавӣ ва созмонҳои дигар бобати таъмин сохтани шаффофият, ошкорбаёнӣ ва ҳаққоният ҳангоми омӯхтани вазъи иҷтимоӣ дар минтақаҳо, ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ чораҳо меандешанд. Дар ин маврид мушкилоте, ки аз ҷониби қабулгоҳҳои халқӣ дар ҷамъият якҷо бо расонаҳои ахбори оммавӣ  ошкор гардидаанд, имкон медиҳанд ҳар кадом ҳодиса объективона муҳокима гардад. 
Барои натиҷабахшии бештари барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ба онҳо бояд нуқтаҳои аҳолинишини дорои шароитҳои душвор низ дохил карда шаванд. Мувофиқи фармон пешбинӣ шудааст, ки бобати сохтмон ва ободонӣ дар доираи барномаҳои мазкур онҳо бояд бо қабулгоҳҳои халқӣ мувофиқат кунонида шаванд. Ин имкон медиҳад, пеш аз ҳама, он нуқтаҳои аҳолинишин обод гарданд, ки аҳволи онҳо эътибори бештарро тақозо дорад.
Яке аз дигаргуниҳо он мебошад, ки қабулгоҳҳои халқӣ дар ҳар се моҳ дар ҷамъомади Шӯрои дахлдори депутатҳои халқӣ ахборро дар бораи фаъолияти роҳбарони сектор ва созмонҳои ҳудудӣ, аҳволи кори онҳо бо муроҷиатномаҳо барои муҳокима пешниҳод мекунанд, бинобар маълумоти мазкур ҳисоботи роҳбарони ташкилоҳои ватанӣ шунида мешаванд.
Ин хатоҳоро кам карда, камбудиҳоро дар кори муроҷиатҳо дар минтақаҳо аз байн мебардорад, низоми тобеияти роҳбаронро дар назди халқ беҳтар мекунад. Ахбор дар бораи мушкилоте, ки бояд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳаллу фасл шаванд, аз ҷониби мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, назорат ва ҳамоҳангсозӣ бо муроҷиатҳо дар Девони Вазирон барои ҳаллу фасли онҳо дохил карда мешавад.
Баробари ин ба зиммаи қабулгоҳҳои халқӣ як қатор вазифаҳои иловагӣ гузошта мешаванд. 
Аз ҷумла, минбаъд қабулгоҳҳои халқии Президент ҳамоҳангсозии фаъолияти секторҳо, мақомоти давлатӣ ва созмнҳои дигарро бобати ошкор кардани  мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ аз тариқи санҷиши ҳавлигӣ, омӯхтани иншооти иҷтимоӣ ва ғайра, ҳамчунин ҳаллу фасли онҳо татбиқ мекунанд.
Мувофиқсозӣ ва назорати кори мунтазам дар минтақаҳо бинобар муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, баргузор кардани қабулҳои умумӣ ва сайёр, бешубҳа, ба баланд шудани самаранокии чунин чорабиниҳо хидмат мекунад.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими фармон ин иштироки қабулгоҳҳои халқӣ ба баҳодиҳии ҳолати иҷтимоиву иқтисодии ҳудуди маҳаллаҳо, коркард ва назорати иҷрои барномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва давлатии ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор меравад. Ин ба беш аз пеш пурра ҳаллу фасл кардани мушкилоте, ки шаҳрвандон дар муроҷиатҳояшон бардоштааанд, мусоидат менамояд. 
Мувофиқи фармон вазифаҳои дахлдор оид ба масъалаҳое, ки мунтазам дар маркази эътибори давлат қарор доранд, аз ҷумла кӯмак ба шахсони имкониятҳояшон маҳдуд, табақаҳои камтаъмин ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ муайян шудаанд. Минбаъд ҳамоҳангсозии кори мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар дар соҳаҳои мазкур аз ҷониби қабулгоҳҳои халқӣ амалӣ мешаванд. 
Ҳамкории тарафайни қабулгоҳҳои халқӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ ин барои таъмин сохтани рӯшодӣ ва шаффофият дар фаъолияти онҳо, ба танзим оварлдани маълумоти ҷомеа дар бораи корҳои татбиқшудаистода имконияти нав ба шумор меравад. 
Барои татбиқ намудани вазифаҳои васеъмиқёси зикршуда барои қабулгоҳҳои халқӣ як қатор имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, аз ҷумла, ҳуқуқи омӯхтани фаъолияти секторҳо, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар оид ба  санҷишҳои ҳавлигӣ, таҳлил кардани кор бинобар муроҷиати шаҳрвандон, ҳаллу фасл намудани мушкилоти ошкоршуда, барои баррасӣ пешниҳод кардани  онҳо пешбарӣ мегарданд. 
Ба қабулгоҳҳои халқӣ ҳуқуқи ба мақомоти болоии давлатӣ ворид кардани таклиф дар бораи ҳавасмандгардонии шахсони мансабдор ва кормандони шуъбаҳои ҳудудии мақомоти давлатӣ, ки ба ҳайати ситоди секторҳо дохил карда шудаанд, ё худ ҷалби онҳо ба масъулияти интизомнокӣ барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ то ба ҳадди аз вазифа сабукдӯш карданашон пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд аз мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар барои кори  худ маълумоте, ки барои фаъолияташон  зарур аст, талаб кунанд ва ба даст оваранд, мутахассисони онро ҷалб намоянд, бинобар таъмин сохтани то ба аҳолӣ пурра ва таъҷилан расондани маълумот дар бораи фаъолияташон, тартиб ва қоидаҳои хидматрасонии мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар чораҳо андешанд.
Табиист, ки барои иҷрои ин вазифаҳои муҳиму масъул кадрҳои соҳибихтисос заруранд. 
Мувофиқи фармон бобати таҳкими минбаъдаи пойгоҳи моддиву техникии қабулгоҳҳои халқӣ, бо мутахассисони соҳибтахассус, ки барои кори бевосита бо аҳолӣ, дониш, иқтидори ташкилӣ ва таҳлилӣ, ҳамчунин сифатҳои баланди ахлоқӣ ва рӯҳӣ доранд, таъмин кардани онҳо як қатор чораҳо пешбинӣ шуданд. Ғайр аз ин зарур аст, ки мунтазам ихтисос, ҳавасмандгардонии моддиву маънавии кормандоне, ки дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудаанд, мунтазам баланд бардошта шаванд. 
Дастураламали нав дар бораи қабулгоҳҳои халқӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии лоиҳавӣ, ки тартиби ҳамкории тарафайни қабулгоҳҳои халқиро бо секторҳо, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар, тартиб ва маҳаки баҳодиҳӣ ба фаъолияти қабулгҳҳои халқиро мушаххас менамоянд, андешида хоҳад шуд. 
Пешбинӣ гардидааст, ки ҳангоми ошкор намудани индекси самарабахшии кори қабулгоҳҳои халқӣ бо мушкилоти аҳолӣ чунин маҳакҳо, аз ҷумла ҳолати аз тариқи санҷишҳои ҳавлигӣ омухташудаи хонаҳо, иншооти иҷтимоӣ ва ғайра, ҳаллу фасли мушкилот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳурӣ, муҳлате, ки барои ҳаллу фасли мушкилот сарф шудааст, ҳамчун асос хидмат мекунанд.
Минбаъд ба ҳолати иҷтимоиву иқтисодии ҳудуди маҳаллаҳо бо назардошти аҳволи инфрасохтор ва вазъе, ки дар он ҷо фароҳам омадааст, аҳволи иқтисодӣ, ҳолати иншооти соҳаи иҷтимоӣ бинобар табақаҳои «намунавӣ», «хуб» ва «ғайриқаноатбахш» баҳо дода мешавад.
Минбаъд ҳангоми татбиқсозии лоиҳа ва барномаҳои мухталиф ба минтақаҳои аз ҳама душвор эътибори бештар дода хоҳад шуд.
Мувофиқи фармон ҷойгузинии маълумот дар бораи маблағҳое, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ барои сохтмони манзил, роҳҳо, бунёд ва таъмири иншооти хидматрасонии электрӣ, таъминоти газ, канлизатсия ва иншооти дигари хоҷагии коммуналӣ, ҳамчунин барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ дар миқёси ноҳияҳо (шаҳрҳо) ҳамчунин мунатазам нав кардани онҳо ҷудо карда мешаванд, пешбинӣ гардиданд.
Фармон ҳаллу фасли боз як вазифаи муҳимро, ки аҳамияти бузурги амалӣ дорад, пешбинӣ менамояд. Чунончи, минбаъд такмил додани  низоми иттилоотии «Hudud» ва қаробати он бо тамоми қабулгоҳҳои халқӣ, мақомоти давллатӣ ва ташкилоти дигар таъмин карда хоҳад шуд. Дар натиҷа кормандони қабулгоҳҳои халқӣ, аъзои ситоди секторҳо аз кор бинобар ҳуҷатпуркунӣ, нигаҳдорӣ ва расмикунонии онҳо озод карда мешаванд ва ба мулоқот бо аҳолӣ, сафар ба ноҳияҳои дурдаст барои омӯхтани мушкилот дар маҳалҳо вақти бештар ҷудо мекунанд. 
То 1 июли соли 2019-ум созмон додани веб-сайти шуъбаҳои вилоятӣ, то 1 январи соли 2020-ум ташкил кардани веб-сайти шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и тамоми мақомоти давлатӣ  пешбинӣ мегардад, ки минбаъд барои аз ҷониби шаҳрвандон фиристондани муроҷиатҳои электронӣ бевосита ба шуъбаҳои ҳудудии ҳар кадом мақомоти давлатӣ шароит фароҳам меояд. Аҳолӣ дар бораи фаъолият, тартиб ва қоидаҳои дастрас намудани хидмати шуъбаҳои ҳудудии мақомотӣ давлатӣ ва ташкилоти дигар бо кӯмаки замимаҳои мобилӣ, веб-сайтҳо, воситаҳои пардохти электронӣ хабардор мешаванд.
«Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд». Ин раванд, ки аз ҷониби Президенти мамлакат пеш гузошта шуду дар ҳаёти мо торафт амиқтар ворид мегардад, ба баланд шудани сатҳ ва сифати ҳаёти халқ мусоидат менамояд. Ин боз бо он собит мегардад, ки тамоми ҳамватанонамон ҳам дар Тошканд ва марказҳои вилоят, ҳам дар ноҳияҳои дурдасттарини Ӯзбекистон натиҷаҳои воқеии ислоҳотро дар ҳаёти худ эҳсос менамоянд, ин дигаргуниҳо фикру ақида ва ҷаҳонбинии ҳазорҳо оила, миллионҳо одамонро дигаргун менамоянд. Шубҳае нест, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми кор бо мушкилоти аҳолӣ» баробари беҳтар кардани фаъолияти қабулгоҳҳои халқӣ ва ба дараҷаи нав бардоштани онҳо ба минбаъд боло бурдани натиҷанокии ислоҳот, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои беш аз пеш барои он ки халқи мо аз ҳаёти худ розӣ бошад, мусоидат хоҳад кард.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: