КОР БО ОДАМОНИ КАЛОНСОЛ ЧӢ ТАРЗ?

Бо пешниҳоди Президент соли равон низоми мукаммал ва самарабахши кор бо одамони калонсол коркард хоҳад шуд.

Бо пешниҳоди Президент соли равон низоми мукаммал ва самарабахши кор бо одамони калонсол коркард хоҳад шуд. Аз нав дида баромадани миқдори нафақаҳои пиронсолӣ, пурзӯр сохтани дастгирии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии солхӯрдагон, хусусан, шахсони танҳо ва ба нигоҳубин муҳтоҷ мавриди назар мебошад. Дар Муроҷиатнома баробари  якчанд масъалаи муҳим, кор бо куҳансолон низ аз эътибор дур намонд ва роҳбари давлати мо дар таъиноти нафақа ба одамони калонсол зарурияти ба бонки электронии маълумот гузаронида шудани хазинаи бойгонии давлатиро таъкид кард. Ин ба шахсоне, ки ба синни нафақа расида ва барои дарёфти нафақаи пиронсолӣ ҳуҷҷат омода карданианд, қулаии зиёд меофарад. Дар системаи наве, ки таъсис меёбад, барои шаҳрванд пешниҳод сохтани паспорт кифоя аст.
Коркарди консепсияи куллан ислоҳсозии сохтори  таъинот ба нафақа асосан бо се мақсад корбаст мегардад. Якум, таъмини бисёрдаврӣ ва васеъдараҷагии сохтори таъминоти нафақа, ки аз ҷониби давлат пардохта мешавад. Дуюм, гузариш ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба тарзи минималӣ, яъне кофӣ будани нишон додани паспорт барои гирифтани нафақа. Сеюм, ташаккул додани системаи хазинаи маблағҳои ҷамъшудараванда, ки ихтиёран корбаст мегардад.
Дар кор карда баровардани консепсияи куллан ислоҳсозии таъиноти нафақа, зимнан, офаридани ҳуҷ-ҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, яъне барпои базаи ҳуҷ-ҷатҳои қонунгузорӣ, ки чун дастуруламал хидмат мекунад, хеле муҳим. Қонун дар бораи таъиноти нафақаҳои шаҳрвандон, ки соли 1993 қабул карда шуда буд, ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад.
Дар баъзе моддаҳои ин қонун меъёрҳои адолат ё худ имтиёзот дар муайянсозии миқдори нафақапулӣ халалдор гашта буданд. Дар ин байн ҳаққи меҳнат, стипендия ва нафақа якчанд бор бардошта шуданд. Болоравии нархи наво, фуромадани қурби пул низ ба ҳамаамон маълум. Вобаста ба дигаргуниҳо корбасти ҳисобу китоби нави нафақапулиҳо ба мутасаддиёни идораҳои ҳифзи меҳнат ва таъиноти иҷтимоӣ мушкилоти зиёд офарид.
Маълум, ки соли 2019 қонун «Дар бораи ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид. Мувофиқи моддаи якуми ҳуҷҷати мазкур ба қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти пенсияи давлатӣ ба шаҳрвандон» як қатор дигаргунӣ ва иловаҳо дароварда шуданд. Акнун шахсоне, ки дар манзил-колонияҳо ҷазои муддатнокро мегузаранд, вақте ба синни нафақа расиданд, баробари шахсоне, ки дар озодианд, ба пенсия таъин шуданашон мумкин. Дар баробари  ҳамин мувофиқи қонуни нав пенсияашон, ки баъди маҳкумӣ дошта шуда буд, аз нав барқарор мегардад. Барои ба умум дастрас гардонидани мазмуну моҳияти дигаргуниҳо дар қонуни болоӣ имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда ва дар чӣ гуна тартиб ба маҳкумон таъин сохтани нафақа шарҳ дода мешавад.
Бунёди нафақаи берун аз буҷаи назди Вазорати молия дар ин самт таҳти ҳамдастӣ бо Сарпрокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати шуғл ва меҳнат чорабиниҳо доир менамоянд. 
Душвории ғун кардани ҳуҷҷатҳо барои нафақабароӣ маълум. Шахс агар ба шаст даромад, вай бештар аз чиҳил сол дар соҳаҳои гуногун хидмат мекунад. Дар як ҷо не, дар ҷойҳои гуногун, ҳатто дар минтақаҳои дуру наздик фаъолият бурдани шаҳрвандони мо, ҳамчунин, дар ҷамъ овардани маълумотҳои даркорӣ мушкилоти зиёд тавлид месозад. Корхонаҳо дар ин байн аз фаъолият бозмемонанд ё ба ҷои дигар мекӯчанд. Дар арафаи пошхӯрии собиқ иттиҳод ва солҳои аввали истиқлолият ин гуна ҳолатҳо бисёр ба вуқӯъ пайваст. Масъалан, дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона обанбор ва фабрикаи пойафзор, ки ҳазорон нафар коргар доштанд, баста шуданд. Ходимони ин коргоҳҳо, аснои банафақабароӣ, сарсону саргардон. Ба кадом архив муроҷиат сохтани худро надониста, маҷбуранд аз идораҳои болоӣ кӯмак пурсанд. Бойгонии давлатӣ дар худи ноҳия мавҷуд, вале аз чӣ бошад дар фабрикаи пойафзор коркардаҳоро ба ноҳияи Олтиариқ, ки 150 километр дуртар воқест, мефиристанд. Аз ноҳияи наздисарҳад то Олтиариқ рафта-омадан кори осон нест. Ва ин кор бо як бор рафтану омадан ҳал намешавад. Ҷустуҷӯ ва расмӣ сохтани маълумотномаҳо вақт талаб мекунад. Навбатпоӣ. Ҳолдонҳо мегӯянд, барои он ки бисёр сарсон нашавӣ ё вақт бой надиҳӣ, дасти хушк нарав, дароз кун...
Ҷуз ин ходимони архиви Олтиариқ аз собиқадорони фабрикаи пойафзори Сӯх, ки ба басташавиаш 25 сол шудааст, рақами рухсатнома ва табел талаб мекардаанд. Кӣ дар хотир нигоҳ медорад ин рақамро? Рақам набошад, чӣ тавр рӯихати шуморо аз байни ин ҳуҷҷатҳои зиёд меёбем? – ба маънии «илоҷ нест» ба корафтода менигаристаанд онҳо.
Ин дарди бахайр. Тӯли солҳои дароз дар Сӯх сехи консервбарорӣ вуҷуд дошт. Баъде сех аз фаъолият монд, дар даврае, ки ҳуҷҷатҳои нафақахӯрҳо аз нав дида баромада шуда, маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фош гардида, нафақаҳои ғайриқонунӣ додашуда бозгардонда мешуданд, тамоми ҳуҷҷатҳо ба таври асрорангез гум шуданд. Акнун тасаввур кунед ҳоли садҳо коргаронеро, ки бо гузашти солҳо ба синни нафақа расиданд, вале дар ягон архив нафаре ба доди онҳо намерасад. Маҷбуранд ба суд муроҷиат кунанд. Ба суд, ки низ дар ноҳияи дигар аст, аз Сӯхи дар иҳотаи сарҳадҳои давлатӣ то он равуо осон нест. Бо «ман кор кардаам» мурод ҳосил намешавад. Гувоҳ лозим, забонхату баёноти зиёд лозим. Ду сол қабл, аснои дар зодгоҳ буданам, бо як шиносам, ки дар сехи консерв коргари оддӣ не, чун яке аз ходимони пешбар фаъолият мебурд, вохӯрдам. Суд бенатиҷа монд, гуфт вай, ки сахт афтодарӯҳ ба назар мерасид.
Ҷорӣ шуда истодани тартиби нав дар системаи нафақа шаҳрвандонро аз ташвиши ғун кардани ҳуҷҷат ва маълумотномаҳои зиёд ва гум кардани вақт халос мекунад. Тавре зикр намудем, хидматгузории тарзи электронӣ ва хазинаи бойгонии давлатӣ аз шаҳрванд паспорт талаб менамояду халос. Консепсияи куллан ислоҳсозии сохтори таъинот ба пенсия ва миқдори нафақаҳо, тавре ин низ қайд гашт, аз нав дида баромада мешавад.
Аз соли 2019 аз рӯи 8 не, аз рӯи 10 баробар ҳадди ақалли меҳнат ҳисобу китоб карда шудани нафақаҳо ба нафақагирҳо, бинобар боло рафтани миқдори нафақа, мамнунӣ бахшид. Вале онҳое, ки нафақаи кам мегиранд, аз ин дигаргунӣ суд надиданд. Хуб мешуд тағйирот ба миқдори пенсияи онҳо низ таъсир мекард.
Ба онҳое, ки нафақаи ночиз мегиранд, ҷубронпулӣ (ҳаққи нон) илова карда мешавад, ки бисёр маъқул. Вале шахсоне, ки нафақаашон саҳл бештар, аз ин имтиёз маҳрум. Дар натиҷа тӯли умр ҳамагӣ ҳафт сол собиқаи коридошта ва бештар аз сӣ сол дар корхонаҳои гуногун фаъолиятбурда қариб як хел пенсия мегирифтагӣ шуданд, ки ин аз рӯи адолат нест.
Даҳон пур мекунем, ки нисф бештари аҳолии мамлакатамонро ҷавонон ташкил менамоянд. Ин хуб. Вале пиронсолон чанд фоизи аҳолиро ташкил мекунанд? Аз 34 миллион нафар аҳолӣ 70-80-90 солаҳо чанд миллионро ташкил месозанд, яъне дар мо дараҷаи дарозумрӣ дар чӣ поя? Вақти он аст мо ба фоизҳои баландро ташкил намудани пиронсолони худ бифахрем, ки воқеан пири бадавлатанд.
Пири бадавлатии онҳо, зимнан, самараи ислоҳот хоҳад буд, ислоҳоте, ки қабл аз ҳама ба баланд бардоштани дараҷаи зиндагӣ нигаронида шудааст.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: