Рушду ривоҷи кинои миллӣ баробари заҳмати нақшофарҳо, ки ҳаёти худро ба синамо бахшидаанд, ба саъй ва кулли маҳорати касбии худро ба харҷ додани коргардонҳо низ вобаста мебошад.
Филмҳои ватание, ки тамошо месозем, дар навбати аввал, маҳсули эҷоди кинорежиссёрҳоест, ки дар «Ӯзбекфилм» фаъолият бурдаанд ва мебаранд. Коргардонҳо Набӣ Ғаниев ва Комил Ёрматов аввалин хиштҳои кинои миллиро гузоштанд ва чун асосгузори синамо дар Ӯзбекистон эътироф шуданд. Йӯлдош Аъзамов, Шуҳрат Аббосов, Равил Ботиров, Алӣ Ҳамроев, Элёр Эшмуҳаммедов, Рихсибой Муҳаммадҷонов, Бақо Содиқов, Латиф Файзиев, Қамара Камолова барин чеҳраҳои ҳунар ҳамчун коргардони бомаҳорат берун аз ҷумҳурӣ низ маъруфият пайдо карданд. Номи кинорежиссёрҳоямон Мелис Абзалов, Анатолий Қобулов, Искандар Ҳамроев, Юсуф Розиқов, Валерий Аҳадов, Темурмалик Юнусов, айни замон, ба алоқамандони синамо ба хубӣ ошност.
Дигар аз коргардонҳои шуҳратёр, ки бо филмҳои қобили таваҷҷуҳи худ ба қалбамон наздик, фарзанди Самарқанд Дамир Салимов мебошад, ки агар дар қайди ҳаёт мебуд, ба 85-умин зинаи умр қадам мениҳод.
Ӯ дар Институти давлатии кинематографияи умумииттифоқ (ВГИК) ба номи Герасимов таҳсил ва дар устохонаи Михаил Ромма дарси маҳорат омӯхтааст. Ҳанӯз як сол қабл аз хатми институт вай чун коргардон дар «Ӯзбекфилм» ба кор қабул шуда буд. Дар ин ҷо муддате иттиҳодияи филмҳои мултипликатсиониро роҳбарӣ низ кард. «Дар квадрати 6х6» ном мултфилм офарид ва асосгузори мултфилм дар кинои ӯзбек эътироф ёфт.
Баъди як сол мултфилми «Сандуқи сеҳрнок» ба экран баромад, ки яке аз муаллифони сенария ва коргардон Салим Дамиров мебошад. Ин ҳамон «Зумрад ва Қимат»-и машҳур мебошад, ки ҳозира калонсолҳо дар давраи бачагӣ бо завқ тамошо мекарданд. Ин мултфилм ҳамон аз тариқи телевизиони Ӯзбекистон намоиш ёфта ва баробари таваҷҷуҳи хурдсолон диққату эътибори калонсолонро ба худ ҷалб менамояд.
Мултфилме, ки 56 сол қалб аз ин офарида шудааст, эҳтимол боз солҳои зиёд писанди дилу хотири бинандагони хурду бузург гардад.
Дамир Салимов дар солҳои ҳафтодум ҷиҳати мултфилмофарӣ боз ҳам ҷиддитар кор кард, дар ривоҷи аниматсияи расмӣ саҳми муносиб ҳамроҳ намуд. Режиссёр ва муаллифи сенарияи «Балкон», «Рӯбоҳ ва мурғ», «Асрори мурғак», «Тарбузи тиллоӣ», «Гӯштин», «Қатра», «Дӯсти дарозгӯш» барин филмҳои мултипликатсионӣ қарор гирифт, ки дар солҳои ҳафтодум ва ҳаштодум воқеаҳои муҳим дар аниматсияи миллӣ буданд.
Филми ҳунарии «Дар зери осмони кушод», ки ҳанӯз соли 1964 ба экран баромада буд, собит кард Дамир Салимов аз коргардонҳои бомаҳорат ва ояндадор миёни ҷавонони студияи «Ӯзбекфилм» мебошад. Филмҳои дигари ӯ «Доира» ва «Бозгашти фармондеҳ», ки солҳои 1968-1969 нахустнамоишашон баргузор гашт, аз сайқали тозаи коргардонии ӯ дарак доданд. «Кӯҳҳо даъват мекунанд» ва «Бачаҳои шуҷоъ дар пойгаи автомобилҳо»-и коргардон дар қатори беҳтарин картинаҳо дар солҳои ҳафтодум ҷой гирифтанд. Солҳои ҳаштодум аз болои картинаҳои «Ленинградиҳо – ҷигаргӯшаҳои ман» ва «Маънои ҳаёт» заҳмат кашид ва ранҷҳояш беҳуда нарафт. Хусусан ин ду филми охирин дар доираи васеътар намоиш ёфт ва ба ҳарду баробари тамошобинҳо нақди кино баҳои муносиб дод.
«Ленинградиҳо – ҷигаргӯшаҳои ман» соли 1980 ба сурат бардошта шуд, ки низ бо воқеаҳои ҳаётӣ асоснок гардидааст. Сенарийро худи коргардон навишт ва саъй кард воқеаҳо дар солҳои душвори ҷанг (1942)-ро пеши назари бинанда зинда созад. Аз Ленинград низ аҳолии ночор, дар навбати аввал, кӯдакони бепарастор ба Ӯзбекистон эвакуатсия карда шуда буданд. Яке аз олиҳимматоне, ки бачаҳои ятимро дар хонааш ҷо дод ва онҳоро парасторӣ намуд, ҷавондухтари тошкандӣ Хадича Ботирова мебошад.
Баъди итмоми ҷанг ҳам вай ятимбачагонро ба васигӣ гирифт. Модари дувуми онҳо қарор ёфт. Байни модар ва бачаҳо муносибатҳои мушкил низ ба мушоҳида мерасанд ва дар ҳалли онҳо мӯшикофӣ ва дақиқназарии коргардон нақши муҳим бозидааст. Нақши Хадичаро актриса Тамара Шокирова зиндаю табиӣ офарид. Вақте филм дар Ленинград намоиш ёфт, ба Тошканд аз намояндагони касбу корҳои гуногун номаҳои зиёди миннатдорӣ омаданд. Яке аз номаҳо ба номи роҳбари аввали ҷумҳурӣ Шароф Рашидов навишта шуда буд. Номаи саршори меҳр Ш. Рашидовро водор сохт коргардонро назди худ даъват созад. Ин ба Д. Салимов рӯҳбаландӣ бахшид. Маҳз ҳамин филм ба лауреати Мукофоти давлатӣ ба номи Ҳамза шуданаш боис гардид.
Картинае, ки ба коргардон Дамир Салимов бештар шуҳрат овард, «Бачаи шум» – ҳамон кинолентае мебошад, ки аз рӯйи асари ҳамноми Ғафур Ғулом соли 1977 аз ҷониби «Ӯзбекфилм» офарида шуду аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ҳанӯз батакрор намоиш дода мешавад. Дар филм ансамбли актёрҳои шинохта Ҳамза Умаров, Эргаш Каримов, Рихсӣ Иброҳимова, Ёқуб Аҳмедов, Бахтиёр Ихтиёров, Ғанӣ Аъзамов, Раззоқ Ҳамроев, Сойиб Хӯҷаев, Воҳид Қодиров, Саъдихон Табибуллоев ва дигарон нақш бозидаанд. Кор бо онҳо мушкил не, вале ба бачаҳое, ки аз асрори филмофарию банаворгирӣ бехабаранд, забон ёфтан, аз онҳо чун актёр истифода кардан ба ҳар гуна режиссёр хеле душвор аст. Зинда, табиӣ, муассир баромадани нақшҳое, ки мактабхонҳо Абдураҳим Абдуваҳҳобов ва Саидкарим Саидорипов бозидаанд, албатта, самараи корбарии муттасил ва самарабахши коргардон бо навомӯзҳост, ки дар майдони кино аввалин қадамҳои худро мегузоранд.
Дар 11-умин ҷашнвораи байналхалқии Ереван (1978) «Бачаи шум» аз рӯйи номгӯи «Беҳтарин филм барои бачаҳо ва наврасон» ба мукофот лоиқ дониста шуд.
Коргардони номӣ Д. Салимов соли 2019 аз олам гузашт.
Ҳоло гӯшаи яке аз боғҳои истироҳатии Тошкандро муҷассами «Бачаи шум» зеб медиҳад. Он ҳайкали А. Абдуваҳҳобов, вале симои нурбори Д. Салимов низ бо дидан кардан аз он пеши назари мо намоён мегардад.
М. ШОДИЕВ.