КОРХОНА СОЛЕ 24 МИЛЛИОН ҶУФТ ҶӮРОБ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД

Солҳои охир ҳукуматамон барои фароҳам овардани имтиёзҳои андоз ва гумруке, ки барои инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ имконияти ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ ва маҳаллиро фароҳам меорад, корҳои васеъмиқёс амалӣ менамояд.

Солҳои охир ҳукуматамон барои фароҳам овардани имтиёзҳои андоз ва гумруке, ки барои инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ имконияти ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ ва маҳаллиро фароҳам меорад, корҳои васеъмиқёс амалӣ менамояд.
Ҳоло ин имкониятҳои барои соҳибкорон фароҳамоварда самараи худро медиҳанд. Инро дар мисоли ҶММ «AGRO DRY FRUITS», ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» фаъолият пеш мебарад, дидан мумкин аст.
Корхона дар даври пандемия ба қоидаҳои карантин риоя карда, 280 нафарро бо кор таъмин намуда фаъолияти корхонаро шабу рӯз идома дод.
Ҷамъияти мазкур иқтидори дар як сол истеҳсол намудани 24 миллион ҷуфт ҷӯробҳои тобистона ва зимистонаро дорад.
Ҳоло 30 фоизи маҳсулот ба содирот равона карда мешавад.  Дар соли 2019 ин нишондиҳанда 95,38 ҳазор долларро ташкил кард. Соли равон бошад, 456 ҳазор долларина маҳсулот ба хориҷа фиристода шуд. Корхона ният дорад, дар оянда аз бозорҳои Русия бештар харидор ёбад. Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан корхона 70 фоизи ашёи хоми барои истеҳсолот заруриро аз Хитой меовард. Акнун ашёи хоми мазкурро дар худи корхона аз пахтаи маҳаллӣ тайёр мекунанд ва ҷӯробҳои хушсифатро пешкаши харидорон мегардонанд.
Ҳуҷҷатҳои маҳсулоти воридотӣ ва содиротии корхонаро ходимони пункти боҷхонаи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» сари вақт расмӣ мекунанд.

Хизмати ахбори Садорати гумруки вилояти Самарқанд.

Маҳсулоти корхона дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ харидор дорад
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Samarqand silk AO»-и ноҳияи Нарпай яке аз корхонаҳои калонтарин оид ба коркарди пилла мебошад. Ҳоло дар ин корхона, ки соли 2019 бо 35 нафар коргар фаъолият оғоз карда буд, 75 нафар меҳнат мекунанд.
– Корхонаи мо дар як сол беш аз 100 тонна пиллаи хушк кор карда мебарорад, – гуфт ҷонишини директори корхона Аброр Амирқулов. – Соли гузашта мо ба маблағи 1 миллиону 253  ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулоти абрешимӣ ва абрешим  истеҳсол карда, ба кишварҳои Хитой, Эрон ва Ҳиндустон содир кардем. Инчунин, аз абрешим ва абрешими нимтайёр низ маҳсулот истеҳсол мекунем. Он дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ харидорони худро дорад. Имсол аз ҳисоби кластери пилла ба содироти 1,3 миллион долларина маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ, бо давлатҳои Хитой ва Эрон шартномаҳо ба имзо расидаанд.

З. ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: