КОРХОНАЕ, КИ АЗ ИСТИҚЛОЛ ШУКӮҲИ ТОЗА ГИРИФТААСТ

Чанд сол муқаддам иттифоқ афтода буд, ки аз корхонаи ҷамъияти саҳҳомии «Кварс», воқеъ дар шаҳри Қувасой, боздид намоям ва бо ҷараёни кори он аз наздик ошно шавам.

Маълум шуд, ки дар давраи истиқлоли кишвар сехҳои иловагӣ ба кор даромадаанд, шароити меҳнат нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар шудааст. Дар айни ҳол ин корхонаи бузурги водии Фарғона боз ҳам бештар шуҳратёр шудааст. Ҳамаи сехҳои корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он ба карат афзоиш ёфтааст. Дар корхонаи ҷамъияти саҳҳомии «Кварс» банкаҳои шишагӣ ва ойинаҳои андозаҳояшон гуногун истеҳсол карда мешавад.
Дарвоқеъ, корхонаи мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ корхонаи ягонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти шишагин маҳсуб меёфт. Баъди он ки Ӯзбекистон истиқлолияти худро ба даст даровард, корхона дорои имкониятҳои васеъ гардид ва доираи фаъолияташро боз ҳам тавсеа бахшид. Ба ибораи дигар, акнун ин корхона танҳо ба истеҳсол кардани маҳсулоти шишагин маҳдуд нашудааст. Истеҳсоли ойинаҳои хушсифат ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ба роҳ монда шуданд, ки аз ин ҳисоб корхонаи мазкур даромади зиёд ба даст меорад.
– Ҳамаи ин аз таваҷҷӯҳи Президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати корхонаи мо маншаъ гирифтааст. Тибқи лоиҳаи муқаддамотӣ нерӯи ҷамъияти саҳҳомии «Кварс» барои истеҳсоли даҳ миллион метри мукааб маҳсулот муқаррар шуда буд, аммо се сол пеш ин рақам дастикам ба се миллион метри мукааб афзоиш ёфт. Сол аз сол доираи истеҳсолот фарохтару ҳаҷми маҳсулотамон рӯ ба афзоиш овардааст, – гуфт бо қаноатмандӣ раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии «Кварс» Акмал Пӯлатов.
Ба гуфтаи мавсуф ба наздикӣ боз як корманди корхона бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ордени «Дӯстлик» сазовор гардид ва теъдоди соҳибони мукофотҳои давлатии корхонаи моро ба дувоздаҳ нафар расонд. Вай Ёдгорой Юсуфҷонова мебошад. Акмал Пӯлатов мегӯяд, коргарони корхона маҳз дар солҳои истиқлолияти кишвар барои кори пурсамар орденҳои «Фидокорона хизматлари учун», «Дӯстлик», «Меҳнат шӯҳрати», ҳамчунин медали «Шӯҳрат»-ро ба даст овардаанд. Онҳо вакилони миллатҳои гуногун мебошанд.
– Аз соли 2015 сар карда мо ба иҷрои корҳое аҳамияти бештар додем, ки барои афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолоти мо мусоидат менамоянд. Ба таври мисол, мутахассисони корхонаамон барои дар як меъёр кор кардани дастгоҳҳо ва таҷҳизот низоми оптималиро интихоб карданд, профилактикаи дастгоҳҳову таҷҳизот дар вақти муқарраршуда ба амал бароварда мешавад, аз ретсепти оптималии тайёр кардани шихта ё махлути паршудаи барои гирифтани метали яктаркиба истифода мекунанд ва амсоли он. Ба ибораи дигар, мо ба давраи нави модернизатсияи корхона ворид шуда, корҳоеро анҷом додем, ки қаблан иҷрои ҳамаи он бароямон имконнопазир буд, – таъкид кард раиси раёсат.
Ба гуфтаи Акмал Пӯлатов муаммоҳое, ки ҷиҳати расонидани ашёи хом дар миён омада буданд, ҳаллу фасл гардиданд. Маълум шуд, ки онҳо ба маҳалликунонии ашёи хоме, ки қаблан аз Хитой, Русия ва Тоҷикистон интиқол меёфт, муваффақ шуданд. Ба корхонаи мазкур профессорони Донишгоҳи технологияҳои кимёвии Тошканд даъват карда шудаанд ва онҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони маҳаллӣ конҳои қуми кварси қаламрави ҷумҳуриро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доданд. Ин гурӯҳ ба он натиҷа расиданд, ки қуми минтақаи Ҷеройи вилояти Навоӣ барои истеҳсол кардани маҳсулоти шиша ва ойина хеле мувофиқ мебошад.
– Аз соли 2016 мо аз ашёи хоми вилояти Навоӣ истифода карданро ба роҳ мондем ва ба он ноил гардидем, ки ҷамъияти саҳҳомии мо солона аз ду то се миллион доллари амрикоӣ маблағи худро сарфа намояд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи оҳани Ангрен – Поп интиқоли ашёи хом аз вилояти Навоиро боз ҳам соддатар намуд. Дар натиҷаи муроҷиатҳои пай дар пай ба Девони Вазирони кишвар ва роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» муваффақ шудем, ки охири соли 2017 дар вилояти Навоӣ литсензияи кони қумро ба даст орем, – изҳор намуд Акмал Азимович.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки мутахассисони корхонаи «Кварс» бо ширкати «Продэкология»-и Украина вориди музокира шудаанд. Онҳо аз он ҷо сепараторҳои магнитӣ харидорӣ кардаанд, ки дар истеҳсолоти корхонаи «Кварс» онро ҷорӣ намудаанд.
Ҳоло мутахассисони корхона бо як қатор ширкатҳои хориҷии Аврупо ҷиҳати ғанигардонии қуми кварс музокира мекунанд. Натиҷаҳои ин музокира ба он оварда хоҳад расонд, ки худамон хати ғанигардонии қуми кварсро бисозем. Ҳамчунин як гурӯҳ мутахассисонамон барои бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд. Соли 2018-ро Президенти мамлакат Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология эълон кардааст. Барои ҳамин ҷамоаи корхона талош ба харҷ медиҳад, ки дар як шабонарӯз чаҳорсад тонна маҳсулоти сохтмонӣ ва ойинаҳои автомобилҳоро истеҳсол кунад.
Вақте ки сухан дар бораи ҳусни таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ дар бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаи «Кварс» рафт, раиси раёсат гуфт, ки шумораи чунин ширкатҳои хориҷӣ дар айни замон кам нестанд. 
– Метавонам ба мисолҳои мушаххас муроҷиат кунам. Ба он чунин ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, мисли «ShanhaiPonu Technolojy»-и Хитой, «DTEK-GLASS»-и Олмон, корхонаи муштараки «CRUNDEFCO/GFT»-и Олмону Белгия, «Fives-Group»-и Фаронса, «TECO» Toledo Engineering Co.,Inc ва «Stuwart Engineerings»-и ИМА, «Стройизмерител»-и Русия, «Ботерро»-и Италия ва амсоли он шомил мебошанд. Ин номҳоро боз идома додан мумкин.
Ҳамаи ин гуфтушунидҳо ва саъю талошҳои мо ба он равона гардидааст, ки лоиҳаи хати нави флоатро ба имзо расонем ва имконияти истеҳсолотии худро дар як шабонарӯз аз чорсад тонна ба боз ҳам бештар афзоиш диҳем. Он вақт бозори фурӯши мо боз ҳам васеътар ва харидоронамон бештар хоҳанд шуд, – мегӯяд Акмал Пӯлатов.
Таъкид бояд кард, ки дар айни замон кашидани хати гази табиӣ ба масофаи ҳафтуним километр барномарезӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, ҷамъияти саҳҳомии «Кварс» дар айни замон сохтмони иншоотҳо, манзилҳо, объектҳои мухталифи иҷтимоӣ, майдончаҳои варзишӣ ва амсоли онро бо ойинаи хушсифат таъмин менамояд. Дар корхонаи мазкур истеҳсоли хиштҳоеро низ ба роҳ мондаанд, ки ба оташ хеле тобовар мебошанд. Ин маҳсулот ба ғайр аз қонеъ гардондани эҳтиёҷи дохилии корхона ба фурӯш бароварда мешавад.
– Соли гузашта корхонаи мо дар шаҳри Маскав медали «Шарики боэътимод»-и Русия ва дар шаҳри Порис медали «Ситораи байналхалқӣ барои пешқадамӣ дар соҳаи сифат»-ро ба даст овард. Ин эътирофи он аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи мо ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавоб медиҳанд. Ҳамчунин мо муваффақ шудаем, ки шурӯъ аз соли равон яксаду шаст намуди маҳсулоти шишагин истеҳсол кунем. Қолибҳои мухталиф мавриди истифода қарор гирифтаанд ва соли гузашта яке аз дастгоҳҳои замонавии тайёр кардани қолибро аз ИМА дастрас намудем, – мегӯяд Акмал Пӯлатов.
Тавре ки ҳамсуҳбати мо боз тазаккур дод, барои истеҳсоли маводи иловагӣ онҳо сехи «Кварс-АКFA»-ро ба кор даровардаанд, ки дару тирезаҳо ва ойинаҳои бисёрқабата тавлид мекунад. Дар пайи он, барои истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ аз Хитой дастгоҳҳои нав харидорӣ кардаанд, ки корҳои насби он бо суръат пеш меравад.
– Дар айни ҳол коргарони корхонаи мо маоши хуб мегиранд. Барои истироҳат дар ҳудуди корхона ҷойҳои махсус ташкил карда шудаанд. Гузашта аз ин, аксарияти коргарон барои барқарор кардани саломатӣ ва истироҳати бофароғат ба санаторияву профилакторияҳо фиристода мешаванд, – ба суҳбат пайваст сардори шуъбаи фарҳангу маърифат Сайёдҷон Зоҳидов. – Назорати саломатии ҳар як коргар ва ходими корхонаамон мадди назари пизишкони баландмалака қарор дорад. Ҳамаи хизматҳои тиббӣ барои онҳо ройгон анҷом дода мешаванд. Ҳамчунин ошхонаи муҷаҳҳазу замонавӣ низ барои коргарони корхонаамон ройгон хизмат мекунад. Маҳсулоти полизӣ дар гармхонаи хусусиамон парвариш меёбад. Дар ояндаи наздик боғи интенсивиамон низ ҳосили баланд хоҳад дод. Он гоҳ барои истеҳсоли маҳсулоти консерв ба манбаи ашёи хоми худамон соҳиб мешавем.
Ногуфта намонад, ки истиқболи ин корхона хеле дурахшон аст. Мутахассисони он имкониятҳои наву тозаро меҷӯянд, технологияҳои наву замонавиро ҷорӣ мекунанд, то ки нуфуз ва шуҳрати «Кварс» беш аз пеш доман фарох намояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: