КОРХОНАЕ, КИ МАҲСУЛОТИ ХУДРО 100 ФОИЗ СОДИР МЕКУНАД

Вилояти Навоӣ бо кӯҳу паҳноҳо, маъданҳои фоиданоки зеризаминӣ, аз ҷумла тиллову уран, корхонаҳои пуриқтидори истеҳсолии «Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ», ҷамъиятҳои саҳҳомии «Навоийазот», «Қизилқумсемент» ва дигар на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ҷаҳон шӯҳрат дорад.

Ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта бо мақсади дарёфти конҳои уран дар дашти Қизилқум корҳои ҷустуҷӯйӣ оғоз ёфтанд. Геологҳо дар қисмати шимолии дашти Қизилқум захираи зиёди кони уранро пайдо намуданд. Соли 1958 ин воқеа ба сохтмон ва бунёди Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ омили асосӣ гардид.

Ибтидои солҳои 60-уми асри XX лабораторияи илмию тадқиқотии марказӣ ба истифода супурда шуд. Дар сехи 1-уми таҷрибавии кони урани «Учқудуқ» истеҳсоли урани табиӣ оғоз ёфт. Тайи 65 сол техникаву технологияи истеҳсоли урани табиӣ такомул ва ривоҷ ёфтанд. Эҳтиёҷ ба истеҳсол ва содироти он афзуд.

Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 6 марти соли 2020 «Дар бораи такмил додани муассисаи давлатии Комбинату маъданҳои кӯҳии Навоӣ ва бунёди корхонаи давлатии «Навоийуран», ки ба кашф ва баҳрабардории захираҳои нави урани табиӣ тахассусонида шудааст, ба давраи нави таърихи муассисаи давлатии Истеҳсолкунандаи урани табиӣ оғоз бахшид.

Вазорати иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ муассиси корхонаи нави давлатӣ  мебошад. Корхона аз моҳи январи соли 2022 ба фаъолият оғоз намуд.

Корхона чор созмони муштараки худро дорад: Заводи коркарди урани табиӣ дар шаҳри Навоӣ, Маъмурияти кони «Зафаробод», ҳудудҳои истеҳсолии «Учқудуқ» ва «Нуробод». Маъмурияти корхонаи давлатӣ дар раванди истихроҷи урани табиӣ аз технологияҳои навин истифода мебаранд ва ба воситаҳои назорати ҳифзи саломатӣ , бехатарии саноатӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Ин ҷо беш аз 9 300 нафар коргар ва масъулин кор мекунанд. Корхона  дорои 21 кони уран мебошад. Корхонаи давлатии «Навоийуран» бинобар урани табиӣ дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад. Корхона маҳсулоти худро 100 фоиз ба хориҷ мебарорад.

Президент бо қарор аз 14 июли соли 2022 корхонаро вазифадор намуд, ки ба гирифтани рейтинги байналмилалии кредит ноил гардида,  таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро бештар ҷалб намояд, дар ин ҷо ба аз нав муҷаҳҳаз сохтани корхона, ҷустуҷӯйи конҳои нав эътибор дода шавад.

Дар корхона тибқи қарори номбурда корҳои калонмиқёс оғоз ёфтанд. Барои мутобиқ намудани фаъолияти корхона ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ (ESG)  масоили зер ҳаллу фасл шуданд: ҷорӣ намудани маҷмӯи таҳлилии «SCADA Dashboard» барои рақамикунонии ҷараёни истеҳсолот, молия, ҳисобот, анборҳо ва дигари корхона, ҳамчунин маҷмӯи идораи захираҳои  «ERP»; таъмин сохтани талаботи замонавӣ ва байналмилалӣ ба захираи меҳнатӣ (HR); муайян намудани захираи уран мувофиқи талаботи австралиягии кодекси JORC; барои пешниҳод ба аудиторони муассисаҳои байналмилалии аудитӣ мутобиқсозии ҳисоботи молиявӣ ба ҳисоботи молиявии байналмилалӣ. 

Зимни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Фаронса 21-22 ноябри соли 2022-юм дар байни вазорати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон, КД «Навоийуран» ва Ширкати фаронсавии «Orano Mining» шартномаи ҳамкории стратегӣ имзо гардид. Ҳамчунин меморандуми ҳамкорӣ дар бораи кашф ва баҳрабардории захираҳои нави урани табиӣ имзо шуд.

Агентии раддабандии байналмилалии Standard Poors Global Rationgs, ки ширкатҳои истеҳсолиро мустақилона назорат ва  хулосабандӣ намуда, ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, фаъолияти КД «Навоийуран»-ро аз санҷиш гузаронид.

Мутобиқати ҳисобот ба талаботи Ҳисоботи молиявии стандарти байналмилалӣ (МСФО) собит гардид. Ин ҳолатро муассисаи байналмилалии аудитории Deloitte, ки ба «Чоргонаи бузург»(BIG FOUR) тааллуқ дорад, ба таври «муносиб» баҳогузорӣ намуд.

Мувофиқи ҳисоботи Standard Poors Global Rationgs КД «Навоийуран» оиди истеҳсоли уран дар ҷаҳон мавқеи панҷумро ишғол намуда, нисбати дигар корхонаҳои байналмилалии машғул ба истеҳсоли урани табиӣ каммасраф аст.

Айни ҳол, агентии Standard Poors Global Rationds эътироф кардааст, ки барномаҳои  сармоягузории ширкатҳои Фаронса «Orano Mining» ва Ҷопон«JOGMEC» ва «ITOCHU» ба рушду равнақи КД «Навоийуран» нафъи бештар мерасонанд.

Ҳамин тариқ, «Навоийуран» аввалин ва ягона корхонаест, ки дар раддабандии байналмилалӣ ба гирифтани рейтинги байналмилалии кредит ноил гардидааст. Ин ба корхона имконият медиҳад, ки бидуни ҳомӣ ва кафолат аз бонкҳои байналмилалӣ кредит бигирад.

Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: