КОРХОНАИ АЗИМИ САНОАТӢ

  • КОРХОНАИ АЗИМИ САНОАТӢ
  • КОРХОНАИ АЗИМИ САНОАТӢ
  • КОРХОНАИ АЗИМИ САНОАТӢ
  • КОРХОНАИ АЗИМИ САНОАТӢ
  • КОРХОНАИ АЗИМИ САНОАТӢ

(Заводи азнавкоркарди нафти Бухоро 25-сола шуд)

22 августи соли 1997 дар ҳаёти иқтисодии мамлакат воқеаи муҳими таърихӣ рух дода буд: навбати аввали заводи азнавкоркарди нафти Бухоро ба фаъолият оғоз намуд. Ба ин воқеаи муҳим 25 сол пур шуд. 
Дар давоми чоряк асри сипаригашта ин корхона нафақат дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ба яке аз объектҳои муҳими саноатӣ табдил ёфт. Таи солҳо дар ин ҷо бештар аз 41 миллион тонна ашёи хоми карбогидрид аз нав кор карда шуда, навъҳои гуногуни бензини автомобил, сӯ-зишвории дизелӣ, керосини авиатсия, гази моеъ ва намудҳои гуногуни маҳсулоти тайёри нафт, ки ҷавобгӯи қолабҳои ҷаҳонӣ мебошанд, истеҳсол гардид. Бештар аз 3,5 ҳазор нафар аҳолӣ соҳиби кор шуд.
Завод дар аввали кор фақат 7 намуди маҳсулот истеҳсол карда бошад, имрӯз шумораи онҳо аз 20 намуд гузаштааст. 70 фоизи ин маҳсулот панҷ соли охир – дар давраи бунёди Ӯзбекистони Нав истеҳсол мегардад. Ин, албатта, самараи ислоҳоту ғамхорӣ ва маблағҷудокуниҳои давлат аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки аҳамияти ин корхона бобати сохтмон, барпо намудани объектҳои иҷтимоӣ, обод гардондани даштҳои Қаровулбозор ва ба аҳолии ин ҷо фароҳам овардани шароити қулайи зиндагӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳамто аст.
Табиист, ки ҳар як корхона баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамтар намудани мавқеи худ, рушд додани иқтидору салоҳияташ азму кӯшиш менамояд. Корхонаи азнавкоркарди нафти Бухоро низ дар натиҷаи ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нав ният дорад, ки истеҳсоли бензинҳои автомобилиро 35 фоиз, гази моеъро 50 фоиз, дигар маҳсулотро 20 фоиз зиёд кунад. Албатта, бе сифати дилхоҳи маҳсулот мурод ҳосил намегардад. Аз ин рӯ, дар назар дошта шудааст, ки истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ мувофиқи талабҳои стандартии «Евро-5» сурат гирад. Ин имконият медиҳад, ки боз 300-то ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
22 августи соли ҷорӣ ба муносибати 25-солагии завод дар маркази ҷавонони шаҳри Бухоро чорабинӣ ба амал омад. Дар он мутасаддиёни Вазорати энергетика, ҶС «Ӯзбекнефтегаз», ҳамкорони хориҷӣ, роҳбарони секторҳои вилоят, кормандони завод ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд. Ҳокими вилоят Ботир Зарифов ба сухан баромада аҳли ҷамоаро бо ҷашни 25-солагии инъоми истиқлол – корхонаи азими саноатии мамлакат, яъне заводи коркарди нафти Бухоро самимона муборакбод намуд.
Ба муносибати санаи муборак гурӯҳе аз кормандони завод аз ҷониби ҳокимияти вилоят, ҶС «Ӯзбекнефтегаз», инчунин Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ҳавасманд гардонда шуданд.
Тадбир бо барномаи консертии устодони санъати ҷумҳурӣ ва вилоят идома ёфт.

 

 

 

КӮЧАЮ ДЕҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ВОБКАНД
Масъалаи рушди сайёҳӣ ва фарохтар гардондани ҳудудҳои алоқаманди он солҳои охир аҳамияти давлатӣ касб кардааст. Мувофиқи иловаи 7-уми қарори Девони Вазирон аз 22 апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳои рушди маҷмӯии иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро дар солҳои 2021-2023 ва коҳиш додани камбизоатӣ» дар кӯчаи «Аҳмади Дониш»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Вобканд» ҷараёни созмонёбии «Кӯчаи сайёҳӣ» вусъат меёбад. Тасвири топографии кӯча аз тарафи корхонаи унитарии давлатии «ӮзТАШКЛИТИ» таҳия ёфта, ба институти лоиҳакашӣ тақдим гардид.  Дар асоси топосурати омодагардида лоиҳаи кӯчаи «А. Дониш», ки бо манораи кӯҳнаи Вобканд пайвастааст, тайёр карда шуд. 

Ҳамин тариқ,  ба объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ бо усули миллию замонавӣ корҳои пардоздиҳӣ сурат гирифта, 500 метр роҳе, ки ба кӯчаи сайёҳӣ мебарад, мумфарш гардид.  Дӯкону ошхонаҳои гирду атроф бо усули шарқона зеб дода мешавад. Дар ин ҷо барои сайёҳони куҳансол ва ногиро низ  имкониятҳои қулай фароҳам оварда шудааст. Хати барқ таҷдид ёфта, трансформатори пурқувват ба кор даромад. Хатҳои телефон ба тартиб оварда шуд. Симчӯбҳо бо симбетон иваз карда мешаванд. Роҳҳои автомобилгард низ таъмир ёфта, аломатҳои ҳаракати роҳ мукаммал гардид. Соҳибкорон ният доранд, ки дар ин ҷо панҷ меҳмонхонаи оилавӣ бунёд кунанд. Дастаи ҳунарии фолклории «Навниҳол» баҳри хуш гардондани табъи меҳмонон омода гаштааст.
Дар қарори номбурдаи Девони Вазирон масъалаи инкишоф додани равияҳои сайёҳии этно, эко-агро ва маданӣ дар Вобканд низ ба чашм мерасад. Бо ин мақсад деҳаи Ширин, ки дар вилоят машҳур аст, интихоб гардидааст. Бо мақсади ба ин ном муносиб гардондани деҳа як қатор корҳои ободгардонӣ  ба амал баромаданд. Хати телефонӣ такмил ёфт. 200 бех ниҳолҳои манзаравӣ шинонда шуд.
Сохтмони маркази варзишӣ-солимгардонӣ, дӯкони туҳфаҳо ва маркази ҳунармандӣ поён ёфт. Қариб бист нафар соҳибкорон бобати бунёди меҳмонхонаи оилавӣ муроҷиат карданд. Аллакай 6-тои онҳо ба фаъолият оғоз намуданд.
Соҳибкори маҳаллӣ Нурмат Нодиров бошад, бо мақсади ба роҳ мондани мини-футбол, волейбол, бадминтон ва гӯштингирӣ ба сохтани толори варзиш пардохтааст. Соҳибкор Р. Раҳимов бошад, барои мардону занон толори тренажёрӣ месозад. 2 чойхона ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин ҷо хӯрокҳои миллӣ низ тайёр карда мешавад. Сайёҳию ҳунармандӣ бо ҳам алоқаи қавӣ доранд. Аз ин рӯ дар деҳа 6-то устохонаи ҳунармандӣ ба кор оғоз намуд ва мардум аз кулолӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, кандакории чӯб, бӯрёбофӣ, миниатюраю хаттотӣ барин ҳунарҳо баҳраманд мешавад.
Ба қарибӣ дар ин ҷо кластери этно-туризм бунёд гардид. Ин шабакаҳои зиёд дошта, дар як вақт 60 нафар меҳмонро қабул карда метавонад. Дар айни замон дар деҳа бо мақсади зиёд намудани намудҳои хидматрасонӣ чораҳо андешида мешаванд. Инчунин барномаҳои шавқовар, масканҳои сайёҳӣ падид меоянд.
Дар деҳаи этносайёҳӣ маркази «Shirin Etno Haus» ба фаъолият оғоз намуда, дар ин ҷо занбӯриасалпарварӣ, сохтани асбобу анҷомҳои деҳқонӣ, саёҳат бо аспу шутур, тайёр кардани кӯлашӯртаку нишалло барин анъанаҳо ба чашм мерасанд.

 

 

ИДИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ЧУРУҚ

Мувофиқи қарори Президент аз 
1 августи соли ҷорӣ «Дар бораи омодагӣ ва дар савияи баланд гузаронидани 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар гӯшаву канори мамлакат тадбирҳои гуногун ба амал меоянд.

25 август тантанаҳои истиқлол таҳти унвони «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз» дар овули қазоқнишини «Чуруқ»-и ноҳияи Шофиркон ба амал омад. Роҳбарони секторҳо, масъулони ташкилот, корхона, муассисаҳо бо сардории ҳокими ноҳия Ҷамшед Шарофов баҳри муборакбодии сокинони дашт бо иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз субҳи бармаҳал ба ин ҷо омаданд.
Дар нуқтаи аҳолинишини Чуруқ, ки аз маркази ноҳия 110 километр дур аст, дар оғӯши дашти Ҷилвон, дар шафати чӯли Қизилқум воқеъ гардидааст, ҳоло 40 хонадон, 251 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Машғулияти асосии онҳо чорводорист.
Дар мактаби таълими умумии 39-ум 31 нафар наврасон таҳсил мегиранд. Ба онҳо 24 нафар омӯзгорон асосҳои таълимро меомӯзанд. Ташрифовардагон дар навбати аввал даргоҳи маърифатро аз назар гузаронданд. Бо ҷараёнҳои омодагӣ ба соли таҳсили нав шинос шуданд. Ҳокими ноҳия чор нафар талабагони синфи якумро, ки бори аввал ба мактаб қадам гузоштанд, муборакбод намуда, ба онҳо «Туҳфаи Президент»-ро супурд. Меҳмонон аҳли ҷамоаро бо ид муборакбод намуда, ба тарбиягирандагон туҳфаҳо доданд. Аёдати куҳансолон, гирифтани дуои онҳо барои мардуми мо анъанаи аҷдодист. Роҳбарон ин дафъа низ ба анъана содиқ монданд. Онҳо ба ҳавлии Турдибобо Ҳаитов рафта, аз мӯйсафеди 80-сола ҳол пурсиданд, мукофоти пулию туҳфаҳо доданд. Духтурон ӯро аз назорати тиббӣ гузаронданд. 
Мувофиқи қарори сарвари давлат оиди дар маҳаллаҳои дурдаст ташкил кардани пунктҳои тиббӣ сокинони Чуруқ низ соҳиби контейнер – бунгоҳи тиббӣ гардиданд. Ба ин муносибат дар ин ҷо маросими кушодашавии ин нуқтаи ҳифзи саломатӣ сурат гирифт. Ҳамон рӯз дар авул таҳти унвони «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз» вохӯрии се насл: ҷавонон, миёнсолон ва куҳансолон низ ба амал омад. 
Санъаткорони шуъбаи маданияти ноҳия ба ҳозирон кайфияти идона бахшиданд.

 


“BUKHARA CITY’’ – ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО
“Bukhara city’’ – маркази замонавии истиқоматӣ ва корчаллонии Бухоро хоҳад шуд. Ин объекти азими замонавӣ бо ҳунарҳои муштараки меъмории миллию аврупоӣ қад афрохта, бинобар ҳисобу китоби пешакӣ барои он 550 миллион доллари ИМА харҷ мегардад. Дар 83 гектар майдон иборат аз 73 объект сохта мешаванд.

Бинобар ба амал татбиқ кардани қарори Девони Вазирон аз 8 июли соли 2019 «Дар бораи чораҳои ташкилии барпо намудани Маркази корчаллонии замонавӣ ва ҷойҳои истиқоматӣ дар шаҳри Бухоро – “Bukhara city’’» аз ҷониби ширкати “Studio Vertebra’’-и Туркия оид ба маҷмӯи “Bukhara city’’ дар асоси консепсияи ягона ҳуҷҷатҳои лоиҳаи генералӣ таҳия ёфта, ҷараёни корҳо оғоз гардида буд. Дар 25 гектар, дар 34 лот биноҳои бисёрошёна ва дар ошёнаҳо якуму дуюми он объектҳои тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар 6,6 гектар майдони ҳудуд, дар 12 лот биноҳои меҳмонхонаҳои замонавӣ, дар 3 гектар  ва 7 лот биноҳои бонк ва офис, дар 5,3 гектар клиникаи тиббӣ ва маҷмӯи спорт, дар шафати он маркази илмӣ барои тадқиқотчиёни ҷавон, осорхона, китобхона ва маркази ҷавонон сохта мешавад.
Ба ғайр аз ин дар 1,7 гектар – 5 лот муассисаи таълими муосир, боғчаҳои бачагон, дар бештар аз 1 гектар ҷой бинои пурсалобати 32 ошёна, дар 1,7 гектар маркази экспо барои ҷамъомадҳои маҳаллию байналхалқӣ ва дар 1,4 гектар технопарки сершабака барои ҷавонони соҳибистеъдод бунёд мегардад.
Ҳоло дар 44-то лоти фурӯхташуда корҳои сохтмону бунёдкорӣ дар авҷ. 15 лоти дигар ба тарзи онлайн ба савдои музояда бароварда шудааст. Дар ин ҷо дар қатори сармоягузорони турк, рус, корейс, хитой, эронӣ қариб бист нафар соҳибкорон — сармоядорони маҳаллӣ баҳри амалӣ гардондани лоиҳаи худ азму кӯшиш доранд.
Чанде пеш ҳокими вилоят Б. Зарифов ба ин ҷо омада ба ҷараёни корҳо шинос шуд, баҳри ҳалли масъалаҳо кумак расонд.

Маводи ин саҳифаро мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро Амрулло Авезов ба чоп омода кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: