Ин корхона дар деҳаи Деҳвайрон сохта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи он ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев изҳор кард, ки дар солҳои касби истиқлол маркази ноҳияи Сӯх ва деҳоти атрофи он беш аз пеш ободу зебо мегардад ва намои тоза касб менамояд.
– Сохта шудани корхонаи мазкур, ки маҳз бо дархости мардуми ноҳия ва вокуниши мусбати Президент ба муроҷиати онҳо сурат гирифтааст, дар бобати коҳиши сафи бекорон дар ин ноҳия хеле мусоидат хоҳад намуд, – гуфт Ш.Ғаниев.
Барои бунёди корхонаи дӯзандагӣ дастикам ҳафт миллиард сӯм харҷ шудааст. Онро бонки тиҷоратии “Асакабанк” ба таври имтиёзнок ба ширкати сохтмонии “Ист Вуд холдинг”-и шаҳри Марғелон додааст.
Роҳбари ин ширкат Хуршед Усмонов мегӯяд, ки сохтмони бунёди корхонаро дар муддати муқарраршуда ба фарҷом расонданд.
Ба ин корхона дастгоҳҳои дӯзандагии замонавии истеҳсоли Чинро оварда насб намудаанд. Тавассути он коргарон ба дӯхтани либосҳои гуногун машғул хоҳанд шуд. Дар айни замон ҷавонони зиёд аз деҳаҳои Умбара, Тӯл, Қалъача ва Ғазнов омада ба кор дохил шудаанд.
Дар айни ҳол тибқи тавсияи шуъбаи бо шуғл таъмин кардани аҳолии ноҳия 120 нафар ҷавонон соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд.
Ҷаҳонгир МИРЗО,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.