КОРХОНАИ МУШТАРАК – ҶОИЗАДОРИ ОЗМУН

Корхонаи муштараки ҶММ «Agromir» воқеъ дар ноҳияи Самарқанд чанд сол боз шарбатҳои гуногун, пюреи мева ва сабзавот истеҳсол мекунад.

Дар ин ҷо истеҳсолот даври пурраи тайёр кардани маҳсулотро аз назорати парвариши мева то қабул ва коркарди онҳо дарбар мегирад.
Маҳсулоти корхонаро ба Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қирғизистон экспорт мекунанд.
Ба қарибӣ КМ ҶММ «Agromir» ҷоизадори озмуни маъруфи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муваффақиятҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хидматрасонӣ шуд. Журналистон дар бораи ин муваффақият ҳангоми пресс-тур, ки Агентии «Узстандарт» ба ин корхона ташкил кард, муфассалтар шинос шуданд.
Сардиректори ширкат Носир Қӯзиев ба иштирокчиёни пресс-тур гуфт, ки пеш аз эълон кардани натиҷаҳои озмуни мазкур коршинос ва технологҳои хориҷӣ ба муассисаи мо омаданд ва ҷараёни истеҳсолотро мушоҳида намуданд.
Бояд таъкид кард, ки озмун бо мақсади дастгирии ташаббусҳои миллӣ дар истеҳсолот ва муттаҳид кардани саъю кӯшиши органҳои идораи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот ва хидматрасонӣ дар мамлакатҳои ИДМ гузаронда шуд.
Иштирокчиёни пресс-тур аз сехҳои истеҳсолӣ, анборҳои муассиса дидан карданд. Имрӯзҳо дар ин корхона беш аз 400 нафар кор мекунанд. Дар вақти мавсим шумори онҳо ду маротиба зиёд мешавад.
Қувваи солонаи муассиса бештар аз 60 ҳазор тонна шарбат ва шаҳд аст.
Сардори сехи шарбат Шуҳрат Оқилов фаҳмонд, ки дар як шабонарӯз дар ин сех то 400 тонна себ, 150 тонна олуболу, 200 тонна ангур ва 80 тонна анорро коркард мекунанд. Меваҳои коркардшуда ба зарфҳои ғунҷоишашон то 50 куб андохта мешаванд. Ҳаҷми умумии консентратҳое, ки дар ин зарфҳо нигоҳ дошта мешаванд, то 10 ҳазор тонна мерасад.
Журналисту блогерҳо аз лабораторияи истеҳсолӣ-технологӣ низ дидан карданд. Дар он таҷҳизоти санҷишӣ ва воситаҳои ченкунии замонавӣ мавҷуд аст.
Ҳоло КМ ҶММ «Agromir» дар бозори Ӯзбекистон дар заминаи фурӯши маҳсулоти шарбат пешсаф аст. Муассиса хоҷагии фермерии худро, ки дар 3,496 гектар замин мева ва сабзавот парвариш мекунад, дорад. Ҳамаи маҳсулоти хоҷагии фермерӣ дар худи сехҳои муассисаи мазкур коркард мешаванд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: