КОРХОНАИ НАВ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар маҳаллаи Ободи шаҳри Андиҷон корхонаи нави трикотажӣ ба кор сар кард

Дар маҳаллаи Ободи шаҳри Андиҷон корхонаи нави трикотажӣ ба кор сар кард

Дар вилояти Андиҷон дар натиҷаи эътибори алоҳида ба рушди саноат, барпо кардани корхонаҳои нав, дастгирии корхонаҳои мавҷуда ва фароҳам овардани имкониятҳои зарурӣ барои фаъолияти пурсамар шумораи чунин корхонаҳо, бахусус, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат сол аз сол зиёд мегардад.

Корхонаи мазкури майдонаш 1,8 гектар , ки аз тарафи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Oltin mato teks» ташкил ёфтааст, қодир аст 4000 тонна матоъро ранг карда, дар як сол 4 миллион дона маҳсулоти трикотажӣ истеҳсол кунад.
Барои ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи арзиши лоиҳавиаш 8,7 миллион доллар аз шуъбаи вилоятии бонки ипотекӣ 5,5 миллион доллар вом гирифта, аз Аврупо технология ва дастгоҳҳои замонавӣ оварда шуд.
– Корхонаи ба рангкунии матоъ ва истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ихтисосонидашуда дар як сол метавонад ба маблағи то 4 миллион доллар маҳсулот  содир кунад, – мегӯяд сардиректори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Oltin mato teks» Қодирҷон Маматов. – Дар корхона барои тайёр кардани маҳсулоти босифати ҷавобгӯйи талаботи байналхалқӣ ва фаъолияти босамари коргарон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Баъди пурра ба кор даромадани корхона 250 нафар соҳиби кори доимӣ мегарданд.
– Баъд аз хатми коллеҷ то ҳол бекор гашта будам, – мегӯяд истиқоматкунандаи маҳаллаи Шодлики шаҳри Андиҷон Назирахон Аҳмедова. – Наздик ба ҳудуди маҳаллаамон кушода шудани корхонаи мазкур ба ҷавонони мисли ман имкони кор карданро дод. Аз кор кардан дар чунин дастгоҳҳои замонавӣ, васеъ ва равшан ифтихор мекунам.
Дар маросими кушодашавии корхона ҳокими вилояти Андиҷон Ш. Абдураҳмонов баромад кард.

Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: