КОРХОНАИ НАВИ СЕМЕНТ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар ноҳияи Бешариқ марҳилаи аввали корхонаи муштараки “Farg`ona Yasin qurilish mollari”-и Ӯзбекистон—Чин ба кор оғоз намуд. Ин корхона аз тарафи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Great Amirxan oil” ва ширкати чиноии «Shanxi Xiangsheng» бунёд шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев суханронӣ кард. Ба гуфтаи ҳоким ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Чин ҷиҳати арзи вуҷуд намудани корхонаҳои муштараки саноатӣ дар вилояти Фарғона беш аз пеш доман фарох менамояд.
– Дар муддати якуним соли охир бо сармоягузорони чиноии худ корҳои зиёдеро анҷом додем. Бар асоси роҳандозии технологияҳои замонавии истеҳсолӣ марҳилаи аввали лоиҳаи мадди назар ба кор дароварда шуд. Дар ин ҷо рӯзе 2 ҳазору 500 тонна сементи хушсифат истеҳсол мегардад, – гуфт ноиби директори корхонаи муштараки “Farg`ona Yasin qurilish mollari” Эркинҷон Маҳмудов.
Вай афзуд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхонаи муштарак дар пешрафти иқтисоди вилоят ва ҷумҳурӣ низ нақши муҳим хоҳад бозид. Бино ба ин манбаъ дар марҳилаи аввал ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти семент ба нақша гирифта шудааст. Дар ин корхона 300 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.
Ба суоли он ки чаро маҳз барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамин минтақаи вилоят интихоб гардидааст, чунин посух дода шуд, ки дар ин ҷо конҳои аз захираҳои ашёи хоми семент, оҳаксанг ва хоку гил фаровон хеле зиёданд.
Қимати умумии татбиқи ин лоиҳа 200 миллион долларро тақозо намудааст. Гуфта мешавад, ки соле корхонаи муштарак 2 миллион тонна сементи хушсифат истеҳсол мекунад.
– Агар марҳилаи дувуми ин корхона фаъол гардад, ба таври илова боз 700 нафар одамон ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Маҳсулоти корхонаи мо дар баробари таъмини эҳтиёҷи дохилӣ, ҳамчунин ба хориҷи кишвар низ содир хоҳад шуд, – мегӯяд Эркинҷон Маҳмудов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: