КОРХОНАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ ҚАРАВУЛБОЗОР

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Қаравулбозор корхонаи паррандапарварӣ – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Vigour export» ба фаъолият оғоз кард.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ин лоиҳа 7 миллиарду 450 миллион сӯм арзиш дошта, 2 миллиард сӯми онро худи субъекти соҳибкорӣ (роҳбараш Анвар Раҳмонов) мепардозад. Паррандапарварон бинобар лоиҳаи соҳибкории тақдимкардаашон соли гузашта соҳиби 5 гектар замин гашта, он ҷо мувофиқи технологияи Чин 7 павилони паррандапарварӣ сохтанд. Мувофиқи лоиҳа дар ҳар яки ин павилонҳо парвариш ёфтани 50 ҳазор сар мурғи навъи «Loman Sendi» ба нақша гирифта шудааст. Моҳи ноябр аввалин павилон бо 50 ҳазор сар мурғ ба кор даромад. Моҳи феврал 70 фоизи паррандаҳо ба тухмдиҳӣ сар карданд. Корхона баробари бозорҳои маҳаллӣ, дар вилоятҳои Қашқадарёю Хоразм низ харидор пайдо кард. Даромади якрӯзаи ҷамоа ҳоло ба 30 миллион сӯм мерасад. Дар ин ҷо 11 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, корхона боз ба 20 нафар корманди мавсимӣ эҳтиёҷ дорад. Паррандапарварон ният доранд, ки то охири сол боз ду павилони дигарро ба кор дароварда, аз ҳар яки онҳо даромад гиранд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: