КОРХОНАИ «THE GREAT ELOGUENT» ДАР ВОБКАНД

Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 сентябри соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии комплексии вилояти Бухоро дар солҳои 2021-2023» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Халач»-и ноҳияи Вобканд муассисаи давлатии «Минтақаи хурди саноатӣ» созмон ёфтааст.

Ҳоло дар ин ҷо қариб даҳто субъектҳои соҳибкорӣ барои рӯиоб баровардани орзую умедҳои худ ва бо роҳи соҳибкорӣ мустаҳкам намудани имкониятҳои иқтисодии ҳудуд азму кӯшиш доранд. Корхонаи оилавии «The Great Eloguent» яке аз онҳост. Соҳибкор Лазиз Бахшуллоев (роҳбари корхонаи оилавӣ) барои амалӣ гардондани лоиҳа, ки қиматаш 1 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА аст, ду сол муқаддам аз «Минтақаи хурди саноатӣ» бо қарори ҳокими ноҳия 30 сотих замин гирифта, дар 11 сотихи он корҳои сохтмонро ба анҷом расонда, дар ду сех ва анбор технологияи аз Хитой овардашударо ҷобаҷо намуд. Ҳоло ин ҷо барои қадоқкунии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайриозуқаворӣ истеҳсоли зарфҳои елимӣ, ки намуди ғилофак (капсула)-и пекпрофернаро дорад, ба роҳ монда шудааст.
5 миллиард сӯми қимати умумии лоиҳаро кредити бонки тиҷоратӣ ташкил менамояд. Имрӯз бо шарофати корхонаи хурд ҳашт нафар ҷавонони маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, онҳо ҳар моҳ 1,5-3 миллион сӯмӣ маош мегиранд. Бо ёрии ин ҷавонон рӯзе то 2 тонна ғелак (гранула) ба тасмаи азнавкоркунӣ партофташуда, аз онҳо то 20 ҳазор дона зарфҳои пластмассагии аз 500 граммӣ то 20 литрӣ тайёр карда мешавад. Харидорони маҳсулот асосан корхонаҳои истеҳсоли равған ва оби ошомиданӣ мебошанд. Нархи зарфҳо вобаста ба ҳаҷми онҳо гуногунанд. Зарфҳои 5 литрӣ 2 ҳазору 300 сӯм бошанд, 10 литрӣ 3 ҳазору 700 сӯмро ташкил мекунанд. Албатта, барои истеҳсоли маҳсулоти босифат таъминоти ашёи хом нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷамоаи корхонаи оилавӣ ғелакҳои пластмассагиро аз ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шӯртангазкимиё»-и вилояти Қашқадарё мегиранд.
Тадбиркорон дар марҳилаи навбатӣ бо назардошти талаби бозор аз профилпластикӣ тайёр кардани дару тирезаро низ ба роҳ мондан мехоҳанд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: