КОРХОНАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДЕҲА: БЕШ АЗ 200 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Дар ҳудуди деҳаи Зарбоғи ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё корхонаи истихроҷ ва коркарди санги хоро ва габброи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Комфорт Инерт Сервис» ба кор сар кард.

Дар маросими кушоиши корхона намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат, хидматчиён ва коргарон, донишҷӯён иштирок карданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташрифаш ба вилояти Сурхондарё 10-11 феврали соли 2017 бо ин лоиҳа шинос шуда, бино бар такмил додани он супоришоти дахлдор дода буд. Мувофиқи онҳо корхона бо таҷҳизоти замонавии хориҷӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, истеҳсоли масолеҳи беназири ороишии бинокорӣ ба роҳ монда шуд. Таҷҳизоти арзишаш 2,5 миллион  доллар иқтидори соле истихроҷ ва коркарди 300 ҳазор метри мураббаъ хоросанг ва габброро дорад.
Бино бар маълумотҳои мавҷуда ба мамлакатамон ба ҳисоби миёна беш аз 305 ҳазор тонна сангҳои хоро ва табиӣ ворид карда мешавад. Дар рафти омӯзиши конҳои санги хоро ва габбро дар ноҳияи Шеробод мавҷуд будани беш аз чор намуди 2 миллион метри мукааб сангҳо муайян гардид. Дар натиҷаи азхудкунии онҳо 3,6 миллион доллар сарфа карда, манбаи даромади иловагӣ ба буҷа ба миқдори 2,1 миллиард сӯм фароҳам оварда шуд. Дар саноати вилоят имконияти истеҳсол кардани 12 миллиард сӯмина маҳсулоти иловагӣ фароҳам омад. Дар кӯҳистон ҷойҳои нави корӣ созмон дода шуданд. Барои татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бино ва иншооти собиқ ҷамъияти  саҳҳомии «Кампиртеппа гранит мармар» бино бар арзиши сифрӣ ба ҶММ «Комфорт Инерт Сервис» бо шарти дар ду сол ворид намудани 15 миллиард сӯм сармоя дода шуд.
– Барои баҳрабардории корхона 5 миллиону 100 ҳазор доллар харҷ гардид, – мегӯяд муассиси ҶММ «Комфорт Инерт Сервис» Б.Қодиров. – Дар ин бобат бо арзиши сифрӣ дода шудани панҷ гектар замини партов ва биноҳои холӣ барои тезондани ҷараёни азнавкоркарди сангҳои ороишии табиӣ шароити мусоид фароҳам овард. Инчунин бинои маъмурӣ, ошхона барои коргарон ва  дигар иншооти инфрасохторӣ сохта шуданд. Иншооти куҳна куллан таҷдид ва таҷҳизоти замонавӣ васл карда шуданд. Роҳе, ки ба кон мебарад, сохтаву электриконида ва қубури об кашида шуд. Хатҳои замонавии алоқа имконияти ба шабакаи интернет пайвастанро фароҳам оварданд. Барои  татбиқи ҳарчи зудтару хушсифати ин лоиҳаҳо аз ҷониби филиали минтақавии бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Ӯзсаноатқурилишбанк»-и вилояти Сурхондарё ба миқдори 2,2 миллион доллар вом ҷудо гардид.
Дар корхонае, ки дар деҳаи дурдаст бунёд ёфтааст, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
– Ман коллеҷи касбу ҳунари иқтисодии Шерободро хатм намудам, – мегӯяд мутахассиси ҷавон Худойқул Қувондиқов. – Бароям кори муносиб меҷустам. Ҳамчун оператор ба корхонаи мазкур, ки дар шафати деҳаамон сохта шудааст, ба кор ҷойгир шудам. Таҷҳизоти ба ин ҷо васлгардида бо ёрии компутери замонавӣ идора карда мешавад. Дар ин ҷо барои меҳнати пурмаҳсули мо тамоми  шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Масолеҳи тайёр ба объектҳои бинокории мамлакатамон ирсол мегарданд. Маҳсулоти изофавӣ ба содирот бароварда мешавад.
Дар маросими ба истифодасупории корхона иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Б.Пӯлатов баромад кард.

Х. МАМАТРАИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: