КОРХОНАҲОИ НАВ БА КОР МЕДАРОЯНД

Дар маҳаллаи Қашқари ноҳияи Олтинкӯл маросими ифтитоҳи корхонаи “Яхши ният текстил” баргузор гардид.

Дар маҳаллаи Қашқари ноҳияи Олтинкӯл маросими ифтитоҳи корхонаи “Яхши ният текстил” баргузор гардид. Ин корхона маҳсулоти занона ва кӯдаконаи трикотажӣ истеҳсол мекунад. Дар қадами аввал корхонаи мазкур 200 нафар занону духтарони маҳаллиро бо кор таъмин намудааст.
Дар ин маросим ҳокими вилоят Шуҳрат Абдураҳмонов иштирок кард. Вай аҳли маҳаллаи Қашқарро бо бунёди ин корхона ва фароҳам шудани ҷойҳои нави кор муборакбод намуд.
Вай гуфт, ки дар вилояти Андиҷон барои соҳибкорон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Онҳо метавонанд бо истифода аз сармояҳои хусусӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ корхонаҳои дилхоҳашонро бунёд кунанд.
Ба таъкиди Шуҳрат Абдураҳмонов ҳокимияти вилоят дар роҳандозии чунин нақшаҳо ҳамеша мӯсоидат ва аз наздик кӯмак хоҳад кард.
Ҳамон рӯз шодиву сурури соҳибкори олтинкӯлӣ Ғуфрониддин Усмоновро ҳадду канор набуд.
– Барои бунёди ин корхона ҳокимият як гектар замин ҷудо намуд. Аз буҷаи шахсӣ се миллиард сӯм сарф намудам ва ин корхона қомат афрохт. Соле севуним миллион дона маҳсулоти трикотажӣ тайёр хоҳем кард. Ҳамаи маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар содир мегарданд, – мегӯяд бо қаноатмандӣ ин соҳибкор.
Ногуфта намонад, ки дар ноҳияи Олтинкӯл корхонаҳои масъулияташон маҳдуд хеле зиёданд. Дар миёни ин корхонаҳо “Контекс Тошкент”, “Кезар текс” ва “Мубина гранд текстик” барин корхонаҳо аз рӯи истеҳсоли маҳсулот аз калонтаринҳо маҳсуб меёбанд.
Ба гуфтаи ҳокими ноҳияи Олтинкӯл Назирҷон Ӯринбоев мувофиқи дастури ҳудудии инвеститсионӣ соли равон дар ин ноҳия 47 лоиҳа татбиқ карда хоҳад шуд. Маблағи умумии он 260 миллиарду 558 миллион сӯмро ташкил менамояд.
– То ин замон тавонистем, ки 13 лоиҳаро мавриди татбиқ қарор диҳем. Маблағи умумии он 94 миллиарду 999 миллион сӯмро дар бар гирифтааст ва тавассути он 729 ҷои нави кор фароҳам овардем. Теъдоди умумии корхонаҳои тавлидотӣ дар ноҳияи мо ба 1 ҳазору 297 расидааст, – мегӯяд Назирҷон Ӯринбоев.
Тавре ки ҳокими ноҳияи Олтинкӯл боз тазаккур дод, танҳо дар арафаи 29-солагии таҷлили Иди истиқлолияти мамлакат наздики даҳ объекти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Яке аз ин объектҳо корхонаи “Саноати моҳидорӣ” мебошад, ки дар маҳаллаи Темирхӯҷаи он арзи вуҷуд намуд.
– Арзиши лоиҳаи мазкур 41 миллиард сӯм мебошад. Бо баҳрабардории ин корхона 400 нафар ба ҷои кор таъмин карда шуданд. Дар корхонаи мазкур ғайр аз он ки коргарон аз роҳи интенсивӣ ба моҳипарварӣ машғул мешаванд, ҳамзамон азнав коркарди моҳӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти трикотажиро низ ба роҳ хоҳем монд, – иброз дошт ҳокими ноҳияи Олтинкӯл.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳия бар асоси як лоиҳаи хос корхонаи дорусозӣ бунёд мегардад. Қимати умумии ин лоиҳа шашуним миллиард сӯмро ташкил мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: