КОРХОНАҲОИ СОДИРОТӢ МЕАФЗОЯНД

Дар кишвари мо дар самти фароҳам овардани фазои мусоид ва рушди босуръати соҳибкорӣ як қатор дигаргуниҳои мусбат ба амал бароварда мешаванд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Поп, ки дар вилоят саноаташ торафт вусъат меёбад, низ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ислоҳот ба ҳаёт татбиқ мегарданд.
Суҳбати мо бо муовини ҳокими ноҳия оид ба масъалаҳои рушди саноат, сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Равшанбек ОНАРБОЕВ дар атрофи ҳамин мавзӯъ сурат гирифт. 
– Татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026, таҳкими дастовардҳои баамаломада, ба сатҳи нав баровардани равандҳои ислоҳоти бунёдӣ, баланд бардоштани ҳуқуқу манфиат, арзиш, шаъну шарафи инсон вазифаи аввалиндараҷаи мо гардидааст. 
Ба туфайли таваҷҷуҳи хосаи роҳбари давлат ба соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаҳо барномаҳои нави сармоягузорӣ амалӣ мегарданд. 
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷониби 15 корхонаи содиркунанда ба маблағи 14,4 миллион доллар маҳсулот содир шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар таркиби содирот маҳсулоти саноатӣ 9 ва меваю сабзавот 5,4 миллион долларро ташкил дод.
Аз ҷониби 7 корхонаи саноатӣ содироти маҳсулоти арзишашон 9 миллион доллар ба амал бароварда шуд. Дар соҳа пешгӯии солонаи содирот 11,5 миллион долларро ташкил дод.
Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаи хориҷии «ПапФен» ба маблағи 4,5 миллион доллар ба Туркия ва Хитой калобаи ришта, ки ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб меравад, содир карда шуд. Корхона ба нақша гирифтааст, ки то охири сол ба маблағи 8,5 миллион доллар маҳсулотро содир намояд. Ҳамчунин, аз ҷониби ҶММ «Чодак асл бизнес» ба кишвари ҳамсояи Афғонистон 6,5 ҳазор тонна орд ба маблағи 2,4 миллион доллар интиқол дода шуд.  
Аз ҷониби ҶММ «Brikstone BS» ба кишвари ҳамсояи Қазоқистон, ба маблағи 1,1 миллион доллар хишти керамика содир шуда, то охири сол ба маблағи 2 миллион доллар расондани маҳсулот пешбинӣ шудааст.
ҶММ «Meva Agro», ки шарбати себро омода карда, ба Русия мефурӯшад, ба маблағи 250 ҳазор доллар маҳсулот содир кардааст. 
Ҳаҷми солонаи маҳсулоти содиротии меваю сабзавот 7,4 миллион долларро ташкил дода, то имрӯз ба маблағи 5,4 миллион доллар маҳсулот аз ҷониби 8 нафар содиркунанда ба хориҷ бароварда шудааст. Корхонаи навтаъсиси «Фруктовый Восток» ба Полша ва Русия ба маблағи 320 ҳазор доллар маҳсулоти малина ва ҶММ «Орбаён» ба Туркманистон ва Қазоқистон ба 1 миллион доллар меваю сабзавотро содир кардааст.
Аз ҳисоби кишти такрорӣ дар майдонҳои аз ғалла озодшуда имсол аз 2900 гектар 7,5 тонна мош ва аз 3500 гектар майдон 5 ҳазор тонна чормағзи заминӣ гирифта шуд. 
Коркард ва бастубанди маҳсулоти хушки ғалладона аз ҷониби ҶММ «Поп чиғаноқ экспорт» ба амал бароварда, ба Чин содир карда мешавад.
ҶММ «ШЗМ саноат» дар минтақаи хурди саноатии «Ҳазратибоб» бо коркард ва бастубанди маҳсулоти чормағзи заминӣ машғул аст.
Дар 10 гектар гармхонаи ҶММ «The garden», 7 гектари корхонаи «Zamin Gren world», инчунин дар 10 гектари маҷмӯи гармхонаи «Ором» помидор рӯёнда мешаванд, дар чоряки чоруми соли ҷорӣ содиркунандагони мазкур барилова ба арзиш 4,5 миллион доллар беш аз 2,5 ҳазор тонна меваю сабзавот содир мекунанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда оид ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо роҳбари корхонаи «Pop home market» Бургутали Ҳикматов барои бо манзил таъмин намудани ниёзмандони хонаву ҷой дар маркази ноҳия бинои панҷошёнаро ба маблағи умумии 22 миллиард доллар сохта, ба истифода дод. Маҷмӯи мазкур аз 14 хонаи 2 ва 39 хонаи 3 ҳуҷрагӣ иборат буда, 53 оила бо манзили доимӣ таъмин гардиданд.
Инчунин, дар арафаи ҷашни истиқлолият бо саъю кӯшиши ин соҳибкор маҷмӯи хидматрасонии тиббӣ –  «Клиникаи хусусии ҷарроҳӣ» ба истифода дода шуд. Лоиҳаи мазкури арзиши умумиаш 20 миллиард сӯм ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, 30 нафарро бо ҷойи кор таъмин кард. 
Дар 7 гектар майдони маҳаллаи Миришкор, аз ҷониби ҶММ «Zamin Gren World» бо роҳбарии Абубакр Мамадалиев маҷмӯи замонавии гармхонаи гидропоникии арзиши умумиаш 62,9 миллиард сӯм бунёд гардид. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 150 нафар мавсимӣ таъмин шуда, он ба таъмини муттасил ва устувории нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ноҳия ва афзоиши иқтидори содиротӣ хидмат мекунад. Гармхона бо таҷҳизоти Туркия ва Испания муҷаҳҳаз шудааст, ки арзиши он 3,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо помидори навъи «Хуҷимаро»-и Олмон парвариш карда мешавад. Иқтидори солонаи маҷмӯъ 3500 тонна ё 10,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Сад фоизи маҳсулоти истеҳсолшуда ба Русия ва кишварҳои Аврупо содир мешаванд.

Нигорандаи суҳбат 
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: