«КОРИ БЕМАШВАРАТ НАКӮ Н-ОЯД»

Одат аст, ки ба шаҳру гузарҳои нав ном мегузоранд.

Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз, хосатан ба гузару маҳалҳо тарзе ном медиҳанд, ки маданият, таърих, шуғлу касби мардуми он ҷоро инъикос кунад ва боз муносиб бошад. Масалан, дар Самарқанди бостонӣ то ҳол гузарҳои Сӯзангарон, Зингарон, Чармгарӣ, Дукчигӣ, Ҳал-воӣ, Шарбатдор, Қамчинон, Дарсозон, Гаҳворасозон ва ғайра ҳастанд, ки мардумашон соҳиби ин касбу корҳо будаанд. Вале таассуф, ки баъди интишор ёфтани қонун дар бораи иваз кардани номҳои ҷуғрофӣ аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз 26-уми августи соли 2011 дар қаламрави Ӯзбекистон шахсони аз таърих, фарҳанг фарсахҳо дур худсарона ва бидуни хоҳиши аҳли он ҷойҳо, яъне бе маслиҳату машварат ба гузару маҳалла ва мавзеъҳо номҳои ғайриоддӣ мегузоранд, ки кас аз ин худсариҳо ангушти ҳайрат мегазад. 
Аз гузари Кӯл, ки ҳоло аз ноҳияи Самарқанд ба тасарруфи шаҳр гузаштааст, корманди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ҷавони соҳибмаърифат Муродулло Тиллоев ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки журналистон ба масъалаи ба номи аслиаш баргардондани маҳаллааш кумаки амалӣ расонанд. Гап дар сари он аст, ки номи Кӯл ба «Ташаббускор» иваз карда шуда буд. «Аз қадим зодгоҳи мо Кӯл ном дошт, – менависад муаллифи мактуб, – вале «замонасозону замонабозон»-и аз маърифату маънавият дур, ба он гӯё номи замонавӣ – «Ташаббускор» гузоштаанд, ки ноҷову бемаврид аст. Мо ҳайронем, ки ба маҳалламон ин ном чаро часпонда шуда бошад?!».
Хушбахтона, баъди дахолати рӯзнома маҳаллаи мазкур номи аслии худро гирифт. Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки дар Самарқанд маҳаллаҳои «Қизил ҷиннӣ, «Калбоғ», «Бодиҳо» низ будаанд, ки гӯшхарош ва хандаовар ҳастанд ва тағйир додани номи онҳо айни муддаост.
Дар шаҳри Самарқанд гузару маҳалҳои Муборак, Себзор, Навбоғчиён, Хаймар, Найзатеппа, Мӯлиён, Пистамазор, Қамчинон, Боғибаланд ва ғайра барҷоянд. 
Аммо кӯча ва хиёбонҳои шаҳр, ки ба номи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони диёри афғон буданд, бо «хидмати хирсона»-и баъзе носипосон иваз карда шуд.
– Аксарияти шаҳидон на оила доштаанду на фарзанд, – бо надомат гуфт раиси иттиҳоди «Ветеран»-и ҷанговарони маълӯл ва дар захираи байналмилали вилоят Эркин Мавлонӣ. – Охир 189 сарбози самарқандӣ бо амри Ватан ба кишвари ҳамсоя рафта, гул-гулкафан шудаанд. Бахтиёр Ваҳобов, Олег Шариков, Хироҷиддин Ғиёсов, Адаш Турсунов, Диёр Ҳакимов ва аксари ҳамсангарони онҳо, ки ҳамагӣ 18-20 сола буданд, аз ин ҷумла мебошанд. Мо бо қарори ҳокимияти шаҳру шаҳрвандон исму насаби онҳоро абадӣ карда будем.
Аз деҳаи хушҳавои Оҳалик адиби умедбахш Раҳмонқул Облоқулов бо ҳамяроқи шаҳрии худ полковник Абдураҳим Қудратов дар Қандаҳор шаҳид шуд. Вақте ки турбати ӯро бо тамғаи «Груз-200» дар қуттии оҳанин ба зодгоҳ овардаанд, афсарону аскарҳои мусаллаҳ ба волидайну хешу ақрабояш иҷозат надодаанд, ки тобутро кушода, бо ҷигарбандашон дафъаи охирин видоъ гӯянд. Мардуми қадршиносу сипосгузори ин деҳаи кӯҳӣ барои бузургдошти фарзанди ватанпарвараш кӯчаи марказиро ба номи Раҳмонқул Облоқулов гузоштанд. Ҳокимияти ноҳия бо қарори худ ин иқдоми оҳаликиёнро тасдиқ кард. Вале баъдан ба кӯча номи Амир Темурро доданд, ҳарчанд дар шаҳри Самарқанд шоҳроҳи бузург номи соҳибқиронро дорад. Сӯиистеъмол танҳо сабаби коҳишу беқадрии номи бузургон мешавад. Оё беҳтар нест, ки кӯча мувофиқи талабу дархости мардуми маҳал боз номи Раҳмонқул Облоқуловро гирад?
Солҳои охир дар деҳаи Оҳалик бисёр кӯчаҳои нав пайдо шудаанд, ки номҳои забонзадашудаи «Бунёдкор», «Тикланиш», «Ташаббускор», «Янгиобод» ва ғайраро доранд.  Дар ин макон шахсони маъруф чун Соҳибназар Назаров, адиб  Шодон Ҳаниф, ҷанговари байналмилал Шамсиддин Шарафзода, доктори фанҳои биологӣ Маматқул Икромов, шифокорон Ҷаъфар Расулӣ, Хуршед Иброҳимов ва дигарон чашм ба олами ҳастӣ кушода, барои халқу Ватан хидмати шоиста кардаанд. Ба номи онҳо, ҳатто тангкӯча ҳам нест.
Барои бунёд ва ободу зебо гардидани маркази ноҳияи Самарқанд шодравон Раҳматуллоҳ Абдуллоев умрашро бахшид. Дар саҳрои беодам бо ташаббуси ӯ шаҳраки замонавӣ пайдо шуд. Тавассути рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» мо бо пешниҳоди «Гулобод» не – «Раҳматуллообод» баромад кардем. Таклиф дар коғаз монд. Сипас ҳокими нави ноҳия, шодравон Раҳима Ҳакимова анъанаи неки Раҳматуллоҳ Абдуллоевро идома дод. Бо ташаббуси ин зани бебоку фидокор даҳҳо мактабу кӯдакистон, иншооти табобатӣ, маишӣ, истиқоматӣ қад афрохтанд, аз болои рӯди Дарғам пули замонавӣ сохта шуд. Агар шоҳроҳи маркази ноҳия ба номи Р. Абдуллоев шавад, нуран аъло нур мешуд.
Дар Самарқанди бостонӣ садҳо нафар шахсонеро, ки бо ғояҳои илму маърифат, муҳаббату садоқат ба халқу Ватан ва ободии кишвар хидмати шоиста кардаанд, набояд фаромӯш кунем. Воқеан, китобҳои қомусии «Аслҳо ва наслҳо», «Аз аслҳо ба наслҳо» чоп шудаанд, ки дар бораи шахсиятҳои маъруфамон ҳикоя мекунанд. Дар байни онҳо арбобони давлатӣ, академикҳо, адибу шоирон ва соҳибони касбҳои гуногун ҳастанд. Чунончи, академикҳо Шавкат Воҳидов, Ҳамид Мансуров, Аловаддин Баҳоваддинов, Муҳаммадқул Нарзиқулов ва дигарон номи Самарқандро ба олам машҳур сохтаанд вале на ҳамаи самарқандиён медонанд, ки инҳо кистанд. Инчунин месазад ба номи устодони сухан Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳасан Ирфон, Раҳим Ҳошим, Болта Ортиқов, Расул Ҳодизода, Наримон Бақозода, Ҳамроқул Шодиқулов кӯчаву хиёбонҳо гузошта шаванд.
Воқеан, бо талоши аҳли фарҳанг дар маҳаллаи Боғи майдон кӯчаи марказӣ ба номи адиби номдор Абдусалом Деҳотӣ ва дар гузари Сӯзангарон кӯчае ба номи шоири ватанпарвар Ҳабиб Юсуфӣ номгузорӣ шуда буданд. Комиссияи махсуси номҳои ҷуғрофӣ ин номҳоро дигар кард, вале баъди дахолати рӯзномаи «Овози Самарқанд»  кӯчаҳо боз ба номи аслиашон баргардонда шуданд.
Мо бо адиб ва пажӯҳишгари таърих, нависанда Адаш Истад дар масъалаи номгузорӣ суҳбат ороста, фикру андешаҳои ӯро пурсидем.
– Ин масъала барои аксар муаммо гардид. Дар қарори оид ба номгузорӣ ва нав кардани он қайд шудааст, ки баъди пешниҳоди аҳолии таҳ-ҷоӣ ва муҳокимаи оммавӣ ин ё он ном муносиб аст ё не ҳаллу фасл мешавад. Вале афсӯс, ки ба ин масъала муносибат ҷиддӣ нест. Масалан, гузари Девори Кӯндаланг таърихи садсолаҳо дорад, ки онро олими машҳур Вяткин дар асарҳои худ қайд кардааст. Аммо номи гузар чандин бор тағйир ёфт. Ё ки дар атрофи маҷмӯаи Регистон гузарҳои таърихии Ҳавзи Сангин, Пули Мирзо, Боғибаланд буданд, «доно» ва «дурандеш»-ҳо чор гузарро як карда, онро «Регистон» номидаанд, ки аз ин мардуми маҳаллаҳо дар ҳайратанд.
Дар китоби «Номҳои географии Самарқанд»-и Вяткин соли 1900 Шаҳидонхона ном бурда шудааст, онро аввал Карасинка, сонӣ Усмон Юсупов ва пас Бунёдкор номиданд. Оре, номмониро ҳаргиз набояд кори саҳл шумурд, бидуни масъулият ва ба сар ҳар чӣ ояд, гузоштан хуб нест. Номи кӯчаю гузарҳо бояд тарзе гузошта шаванд, ки солҳои сол тағйир наёфтаанд. Замоне бо ин кори муҳим академикҳо Воҳид Абдулло, Ботурхон Валихоҷаев, адабиётшиносон Шавкат Шукуров, Абдурауф Маъруфӣ, Талъат Абдуҷабборов ва дигарон машғул буданд. Ҳоло сад дареғ, ки бо чунин кори муҳим ашхоси тасодуфӣ ва бехабар аз фарҳангу маданият, таъриху адабиёт, дарди миллату забон фарсахҳо дур машғуланд. Охир ҳусну маънии номҳои муносиб, дилнишин ва аз ҳама муҳимаш, таърихиро тағйир додан кори нек нест. Ба ин кор донишмандонро ҷалб кардан лозим, то ки насли оянда аз хатои мо таассуф нахурад. Бузургон фармуданд:
Дар ҳама кор 
машварат бояд,
Кори бемашварат 
накӯ н-ояд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: