КОРИ БОШАРАФ

Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Тирмизӣ панҷ сол пеш ташкил ёфта буд.

Муовини директори марказ Фаррух Сайдуллоев мегӯяд, ки ин боргоҳи илм бо Қарори Президент аз 14-уми феврали соли 2017 арзи ҳастӣ намудааст. Бинои замонавии он соли 2019, қабл аз сафари Президент ба Сурхондарё, ба истифода супурда шуда буд. Ба шарафи ташрифи Шавкат Мирзиёев дар ҳавлии бино санги ёдгоре ҳам гузошта шуд. Марказ ду соли аввал дар як ҳуҷраи Донишгоҳи давлатии Тирмиз фаъолият дошт. 
– Бо қадами Президент кор ранги дигар гирифт, – нақл мекунад Аббос Абдуллоев, як тан аз муҳаққиқони ин бунгоҳ. – Ҳоло он беҳтарин олимонро ба кори таҳқиқи осори алломаҳои гузашта ҷалб намудааст. Омӯхтану тарғиб кардани мероси гаронбаҳои гузаштагон дар сатҳи байналмилалӣ барои мо шарафи бузург аст.  
Президент дар яке аз маърӯзаҳои худ таъкид карда буд, ки мероси беназири алломаи бузург, ҳамватани шуҳратёрамон Абуисо Тирмизӣ ва тирмизиҳои дигарро, ки ба ривоҷи дини ислом саҳми арзанда гузоштаанд, омӯхтан ва ба мардум расонидан аз ҷумлаи корҳои шоён аст. Сайдуллоев таъкид кард, ки  аслан марказ як муассисаи нотиҷоративу ғайридавлатист ва тобеи Идораи мусалмонони ҷумҳурӣ мебошад. Маблағгузории онро низ Идораи мусалмонон бар зимма дорад. Соли 2022 барои марказ ҳудуди 2 миллиард сӯм ҷудо карданд, ки барои корҳои шоён масраф гардид. Ҳамчунин ташкилот ва шахсони алоҳида аз хориҷи кишвар кӯмаки молиявӣ ирсол мекунанд, ки низ барои тарғибу ташвиқи мероси аҷдодӣ истифода мешаванд.
Маълум гардид, ки марказ соли равон 5 адад осори алломаҳои тирмизиро аз забонҳои арабию форсии тоҷикӣ тарҷума ва ба нашр расонидааст. Аз ҷумла асари Абуисо Тирмизӣ бо номи “Ал-ҷомеъ-ус-Сунан” дар се ҷилд чоп шуд. Марказ ният дорад, мероси ин муҳаддиси машҳурро дар 10 ҷилд пешкаши хонандагон созад. Дар ин росто корҳои тарзҷумаву таҳқиқ ба анҷом расидаанд. Ҳоло “Чаҳор китоб” низ дар ду ҷилд нашр шудааст. Дар тарҷумаву нашри ин китобҳо муҳаққиқону мутарҷимони варзида М. Исмоилов, Х. Абиев, А. Абдуллоев, Х. Аминов, М. Ҷониев ва А. Ҷумъаев саҳм мегиранд.
Ҳамчунин 12 рисолаи хурду бузург таълиф ва чоп шуданд, ки низ маншаъ аз мероси тирмизиён мегиранд. 30 адад китобу рисолаи илмӣ омодаи нашру табъ ҳастанд ва бояд соли оянда ба дасти хонандагон бирасанд.
Дар марказ чор шуъбаи махсус амал мекунанд. Ин шуъбаҳо илмию тадқиқотӣ, рушди ҷаҳонгардии зиёратӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ахбору технология ва маркази ахбор-ресурс ном дошта, дар маҷмӯъ зиёда аз 20 нафар кормандро фаро мегиранд. 
Танҳо дар як шуъбаи илмию тадқиқотӣ 16 нафар олим кор мекунанд. Панҷ нафар аз онҳо доктори улуми фалсафа буда, дар ин ҷода Шукрулло Умаров (директори марказ), Ҷӯрабек Чутматов ва Музаффар Ҷониев пешгом ҳастанд. Панҷ нафар олими дигар рисолаҳои доктории худро дар зудтарин фурсат ҳимоя хоҳанд кард.
Фаррух Сайдуллоев инчунин қайд намуд, ки зиёда аз 100 китоби нодири алломаҳои Тирмизро ҷамъ овардаанд, ки аслан иборат аз дастхат ва чопи сангӣ аст. Вай гуфт, ки бо тамоми китобхонаҳои машҳури ҷаҳон дар тамос ҳастанд ва аз он масокини илм китобҳои мавриди ниёзро дар шакли факсимиле-копӣ дастрас мекунанд. Китобхонаҳои машҳури дунё, ки дар Лондону Париж, шаҳрҳои Туркияву Эрону Покистон, Ҳиндустону Афғонистон ва кишварҳои араб мавҷуданд, мероси зодагони Тирмизу атрофи онро маҳфуз медоранд ва мо нусхаҳои онро харидаву ба ватан меорем. Танҳо дар Ҳиндустон зиёда аз 300 маркази исломшиносӣ ва таълиму тадриси он амал мекунанд. Маълум гардид, ки дар китобхонаи Худойбахш 16 осори ба қалами алломаҳои Тирмиз мансуб маҳфуз будааст. Маркази мо бо ин бунгоҳ дар тамос шуд ва онҳо омода ҳастанд, ки он ганҷро дар ихтиёри мо вогузоранд. Ҳамин тавр то имрӯз 500 китоби нодирро дар шакли электронӣ аз хориҷи кишвар дастрас намуда, ба фонди китобхонаи марказ дохил намудем. Албатта, бо ин иктифо намекунем ва пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тамоми он ганҷро аз кишварҳои хориҷа харидаву дар ихтиёри олимони ватанӣ гузорем.
Сарвари шуъбаи ахбор ва ресурс Фахриддин Худойназаров иттилоъ дод, ки ҳоло китобхонаи онҳо бештар аз 2000 номгӯй китобҳои нодирро фаро мегирад, ки як қисми онҳоро дастхатҳои нодир ва чопи сангӣ ташкил медиҳанд. Худи ӯ дар тафсиру таблиғи ҳадис иҷозатнома ба даст оварда, дар таҳияи китобе бо номи “Илми ҳадис” пардохтааст. Вай таъкид намуд, ки дар се моҳи кор дар ин шуъба тамоми китобҳоро рақамгузорӣ карда, феҳрасти онҳоро дар пойгоҳи ягонаи компутер ворид сохта, китобхонаи электроние ташкил кардааст, ки минбаъд кори муҳаққиқонро осон месозад. Ӯ пайдо шудани нусхаи чопи сангии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро махсус таъкид намуд, ки тарҷумаи насрии он буда, ба забони туркии ҷиғатоӣ сурат гирифтааст. Аксари китобҳо ба забони арабӣ ва форсии тоҷикӣ ҳастанд, хондану тарҷумаву тадқиқи илмии онҳо дониши фаровонеро тақозо дорад. Ин аст, ки қариб нисфи олимони марказ донишмандони тоҷик буда, дар иҷрои ин амали савоб ва хеле душвор заҳмат мекашанд. Китобдори марказ аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки дар натиҷаи заҳмати чаҳорсола олимон муваффақ гаштанд китоби мансуб ба қалами Ҳаким ат-Тирмизиро, ки тафсири Қуръони карим буда, то имрӯз аз чашми аҳли илм дар канор буд, аз арабӣ тарҷума ва ба нашр ҳозир созанд. Ин китоб ба наздикӣ нашр хоҳад шуд.
Яке аз самтҳои фаъолияти марказ тарғибу ташвиқ алайҳи ҷаҳолати динӣ аст. Дар робита ба ин бо иштироки имомхатибони масҷидҳои шаҳру навоҳии вилояти Сурхондарё, кормандони идораҳои мухталиф ва донишҷӯён 10 суҳбати «мизи мудаввар», чандин вохӯрию чорабиниҳо баргузор шудаанд, ки дар маҷмӯъ 30 ҳазор нафар шунавандаро фаро гирифтанд. Алайҳи ҷаҳолат бо маърифат мубориза бурдан шиори марказ аст.
То нуфузи олимони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардад, вай бо бунгоҳҳои исломшиносӣ ва марказҳои таълиму тадриси хориҷӣ шартномаҳо ба имзо расонидааст, ки тибқи он мутахассисон имкон пайдо мекунанд, дар он ҷойҳо бо маърӯзаҳо ширкат варзидаву табодули донишу таҷриба бикунанд. Масҷиди марказии Лондон, Маркази тамаддуни ислом ва Донишгоҳи исломии Русия аз ҷумлаи онҳост.
– Ширкат дар анҷуманҳои илмӣ ба тариқи онлайн ва офлайн ба олимони мо имкон медиҳад, ки дар тарғибу ташвиқи мероси ғанӣ ва гаронбаҳои ниёгон саҳми арзанда гузоранд, – гуфт дар поёни суҳбат Фаррух Сайдуллоев.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: