КОРИ МУҲИМИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё барои иҷрои лоиҳаи «Макони сабз», ки ташаббускори он Президент мебошад, корҳои ободониву кабудизоркунӣ маҷрои нав гирифтанд.

Оғози рӯзҳои нисбатан муътадили аввали баҳор ҳокимияти вилояти Қашқадарёро водор сохт, ки ба корҳои кабудизоркунӣ суръат бахшад. 
Ҳокими вилоят Муродҷон Азимов гуфт, ки мавсими баҳории лоиҳаи «Макони сабз» бояд ба сифати баланд иҷро гардад. Дар ин кор тамоми ходимони ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо, раҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлативу хусусӣ масъул ҳастанд. Нишондану парвариш намудани ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву манзаравӣ кори танҳо имрӯз нест, балки он бояд тамоми сол идома ёбад. Ба як гӯшаи сабзу хуррам мубаддал кардани воҳа ва ба ин тартиб беҳбуди муҳити зист аз вазоифи аввалиндараҷаи мо мебошад, – гуфт ҳоким.
Раҳбарони секторҳо, ташкилоту муассисаҳо бо раҳбарии ҳоким дар маъракаи кабудизоркунии шаҳри Қаршӣ ширкат варзиданд ва садҳо адад ниҳоли дарахтони гуногун шинониданд. Чунин чорабинӣ дар тамоми гӯшаҳои вилоят идома дошт.
Аз ҷумла, ин кор дар ноҳияи Деҳқонобод дар сатҳи баланд иҷро шуда, кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ва сарони муассисаҳои қаламрав таҳти шиори «Аз ҳар кас даҳ адад ниҳол» ба шинонидани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ пардохтанд. Дар натиҷа кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки «Бешбулоқ»-и ноҳия манзараи нав гирифт. Дар ин ҷо беш аз 2000 ниҳол шинонда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳокими ноҳия Зоир Алиқулов иштирок карда, муҳим ва саривақтӣ будани ин амалҳоро таъкид сохт.
Назар ба маълумоти оморӣ, соли 2022 дар саросари вилоят 16 миллиону 631 адад ниҳол шинонда шуда буд.  Имсол ҳам дар нақша ҳаст, ки 16,3 миллион ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, манзаравӣ ва қаламчаву буттаҳо нишонанд. 

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: