КОРИ НЕКУ НОМИ НЕКАШ ҶОВИДОН...

Акбар Усмонов инсони некбину ҳақталаб, шукргузору савобҷӯ, журналисти хушқаламу диловар буд.

Ному насаби пурмаънову мақбул дошт, вале аксарият байни худ ӯро «Никсон» мегуфтанд. 
Боре камина соддалавҳона аз устод пурсидам, ки ба чӣ хотир ӯро чунин ном мегиранд. Раҳматӣ бо лабханд тавзеҳ дод, ки солҳои таҷрибаомӯзиаш дар Маскав президенти ИМА Никсон ба ин шаҳр ташриф мефармояд. Тадбиркорони корчаллон шиму костюм ва кулоҳи хоси Никсонро зуд ба фурӯш мебароранд. Вай аз аввалинҳо шуда харид мекунад ва бо сару либоси «никсонӣ» ба Самарқанд меояд. Мардум, ки тавассути оинаи нилгун сарвари давлати Амрикоро дида буданд, ба вай «Никсон» лақаб медиҳанд...
Устод Акбар Усмонов нишебу фарози зиндагиро бисёр дида, зинаҳои ноҳамвори онро бо таҳаммул ва сарбаландона паси сар карда буд. 
Ӯ дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд таваллуд шуда, дар мактаби рақами 16-уми ноҳия таҳсил гирифт. Баъди хатми мактаб ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Бо идораи рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳурӣ иртибот пайдо кард. Хабару мақола, гузоришу мусоҳибаҳояш дар рӯзномаҳои давр пайваста чоп мешуданд. 
Ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ Аҳрор Тӯлаганов аз лаёқати хабарнигории ӯ воқиф гашта, бо маслиҳати Шӯрои илмӣ Акбар Усмоновро ба вазифаи котиби масъули рӯзномаи донишгоҳ «Самарқанд университети» тавсия намуд. Гарчанд ҳам хондану ҳам кор кардан душвор буд, ӯ ба ҳамааш вақт меёфт. Мекӯшид, ки ҳар як шумораи рӯзнома бо шаклу мазмуни нав чоп гардад. Маводи он ба се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба табъ мерасид.
Баъди хатм чун устоди факултаи навтаъсиси филологияи тоҷики донишгоҳ ба фаъолият оғоз намуд. Истеъдоди рӯзноманигориаш ӯро ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») овард. Муҳаррири онвақтаи рӯзнома Абдулло Ҳакимов (ҷояш ҷаннат бод!) ба корманди ҷавон супоришҳои таъҷилӣ ва масъулиятнок медоду иҷрои пеш аз муҳлати онҳоро дида, хурсанд мешуд.
Хабарнигори ҷавон мавзӯъҳои гуногуну «теша нарасида»-ро бо ҷасорату услуби хоси худ менавишт. Ҳадафи ӯ мансабпарастон, ваъдабозони худписанду мунофиқон буданд. Фелетонҳои «Аз сад шикоят як ҳикоят», «Блинков парво надорад», «Умри буҳтон – кӯтоҳ», «Дар бозор – роҳи пулёбӣ бисёр», «Арвоҳ – дар ғазаб» ва ғайра ӯро дар байни мардум  маълуму машҳур карданд.
Устод Акбар Усмонов ҳоло  дар байни мо нест, аммо кори неку номи некаш бо мост, зинда аст. 
– Мо бо Акбар Усмонов ҳамсоя будем, – мегӯяд собиқадори меҳнат Бобомурод Зиёев. – Қариб ҳар рӯз ҳамдигарро медидему суҳбат мекардем. Нигоҳаш ҷиддӣ, фикраш равшан, ҷаҳонбиниаш васеъ буд. Хидмати ӯ дар ободии гузар, алалхусус, қабристони Хоҷа Аҳрори Валӣ бағоят калон аст. Бо кӯмаку ташаббуси ин дӯсти ҷонӣ ва ҷавониам ду айвони васеъ, ҳавзҳои калони мармарин, садҳо курсиҳои нишаст сохта шуда, роҳравҳо мумфаршу сангфарш гардиданд. Ҳар гоҳ меҳмонону мизбонон барои зиёрат оянд, ҳатман дар ҳаққи ӯ ҳам дуои нек мекунанд.
– Ман нав муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» таъин шуда будам, – ба ёд меоварад сардабири нашрия Шерпӯлод Вакилов. – Рӯзнома ҳаматарафа ба касодӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Теъдоди нашр коста, вазъи молиявии кормандонаш бад буд. Камина бо ҳайати таҳририят қарор додем, ки ба вилоятҳо рафта, аз шахсони бонангу номуси миллат кӯмак пурсем. Яке аз чунин шахсони бедордилу ташаббускор шодравон Акбар Усмонов буд, ки баъди мулоқоти аввалини кӯтоҳу бамавриди мо теъдоди обунаи рӯзномаро дар вилояти Самарқанд аввал 50, баъди як рӯз 100 нусха, сипас, қариб 1000 адад зиёд кард...
– Шахсан ман муаллими журналистони Самарқанд Акбар Усмоновро аз айёми донишҷӯйӣ мешинохтам, – мегӯяд сардабири рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник»  Фармон Тошев. – Имрӯзҳо шогирдони ӯро натанҳо дар вилоят, дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҳатто Русия, Исроил ва Амрико низ пайдо кардан мумкин аст. Вай хурдсолтарин хабарнависро ҳам эҳтиром намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба ӯ чизеро меомӯзонд, баъзан аз вай меомӯхт. Ҳасаду кина барояш бегона буд. Диди хуб дошт...
Мо шогирдон, ҳар сол  бо аҳли оилаи бузургу тифоқи устод Акбар Усмонов 10-уми май рӯзи мавлуди  ӯро қайд мекардем. Имсол зодрӯзи устодро бе ӯ, вале бо хотираи неки вай қайд хоҳем кард. Дуруст гуфтаанд:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ.

Вилояти САМАРҚАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: