Олимони зиёд бо такя ба китобҳои диниву дунявӣ ба он хулоса омадаанд, ки пайдоиши одам аз як падару модар мебошад.
Олимони зиёд бо такя ба китобҳои диниву дунявӣ ба он хулоса омадаанд, ки пайдоиши одам аз як падару модар мебошад. Бо мурури қарнҳо фарзандони ин падару модар ба рӯи сайёраи Замин паҳну парешон шудаанд. Дар ҳар ҷо одамон забон, тарзи зиндагӣ ва липоспӯшӣ, хонадорӣ, урфу одат ва анъана, илму маърифат ва амсоли онро барпо кардаанд.
Табиист, ки ҳамаи сокинони сайёраи Замин ба дину мазҳабҳои гуногун пайравӣ мекунанд. Аммо баъзан ҷудоиандозиҳо ва ихтилофи назарҳо боис гардидааст, ки кинаву адоват ба миён ояд ва одам душмани одам шавад.
Бо вуҷуди ин, инсон бо ақлу заковати худ аз ҷонзодҳои дигари рӯи олам ба куллӣ фарқ мекунад. Тарбия барои инсон аз рукнҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Тарбия метавонад соҳаҳои гуногунро дар бар гирад.
Шайхурраис Абӯалӣ Сино барои нигоҳ доштани саломатии инсон, новобаста аз он ки вай мард аст ва ё зан, тавсия медиҳад, ки ӯро тарбияи бадан ё ҷисмонӣ аз ҳар гуна бемориҳо наҷот мебахшад.
Ривоят мешавад, ки Анӯшервони одил баъди он ки аз вазираш Бузургмеҳр ба саволи худ ҷавоб гирифт, гуфтааст, ки вай аз Худо танҳо саломатӣ ва тавоноӣ бипурсад. Ба таъкиди Анӯшервони одил саломатӣ омили тавоноии ӯст, бояд барои ҳифзи саломатӣ ҳамеша кӯшиш ва рағбат кард.
Боз мегӯянд, ки агар одами беғамро дидед, донед, ки вай ё одам нест ва ё аз ин олам нест. Дар ин бора шоирон фикрҳои ҷолиб баён кардаанд.
Бадриддини Ҳилолӣ фармудааст:
Дар олами бевафо касе
хуррам нест,
Шодию нишот дар
Бани Одам нест.
Он кас, ки дар ин
замона ӯро ғам нест,
Ё одам нест, ё аз ин
олам нест.
Одамони зиёдеро медонам, ки аз ташвиши дигарон изҳори нигаронӣ мекунанд ва талош ба харҷ медиҳанд, ки ба чунин одамон дасти ёриву мадад дароз кунанд. Аксар вақт онҳо ба чунин корҳои нек муваффақ мешаванд ва атрофиёни худро аз чанголи ғаму ташвиш наҷот мебахшанд. Ин кори хубу савоб аст!
Ҳаёти одамӣ ҳаргиз орому ҳамвор набудааст. Он пастиву баландиҳои зиёд дорад, ки одам бояд бо таҳаммулу субот паси сар намояд. Ҷавонон дар ин маврид бояд ба маслиҳату машварати калонсолон гӯш диҳанду ба он амал кунанд. Баъзан мушоҳида мекунем, ки андак ноҳамвориҳои зиндагӣ ҷавононро ноумед месозад ва гумон мекунанд, ки бо ҳамин дигар онҳо ба муваффақият ноил намешаванд. Дар чунин ҳолатҳо бояд калонсолон ва одамони пуртаҷриба ба кӯмаки онҳо бирасанд ва онҳоро аз вартаи ноумедӣ раҳо кунанд.
Аҳмади Дониш ба падару модарон чунин маслиҳат додааст: агар писарро хонадор карданӣ бошед, барои мустақилона зиндагӣ кардани зану шавҳари ҷавон шароит муҳайё кунед. Мо дар ин давру замон бояд ба чунин маслиҳатҳо амал кунем, он гоҳ зиндагии фарзандон ба хубӣ пеш меравад. Бояд ба навхонадорон ёд диҳем, ки аз шароити фароҳамовардашуда пурсамар истифода кунанд ва худ низ барои фаровонии ҳаёт ва беҳбуди зиндагӣ заҳмат кашанд.
Капи Чек ном олим гуфтааст, ки агар падару модар умри дароз бинанд, фарзанди онҳо низ умри дароз мебинад. Чунин одамон аз неъматҳои офаридаи Худо баҳраманд мешаванд, кинаву адоват ва ғаму ғуссаро аз худ дур мекунанд, ҳаёташонро бо шукргузорӣ сипарӣ менамоянд.
Дар охир ҳамин нуктаро таъкид карданиам, ки ҳар як фард бояд барои боло бурдани сатҳи маънавият ва маърифати худ талош намояд. Барои ин хондани китоб, маҷалла ва рӯзномаҳо аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад. Мутаассифона, алҳол мардум кам китоб ва рӯзнома мехоханд. Қаблан дар хиёбонҳо одамон ба хондани китоб ва рӯзномаҳо машғул мешуданд, дар хона низ.
Ман солҳои дароз ба кори таълиму тарбия машғул будам. Дар вазорати маориф ва институти такмили ихтисоси муаллимон кор кардам. Таҷрибаи ҳаётӣ дорам. Ҳоло синнам ба навад наздик аст. Китобу рӯзномахонӣ шуғли ҳамешагии ман мебошад. Кӯшиш мекунам, ки фарзандону набераҳо ва абераҳоям низ дар ҳамин росто ба воя расанд ва олиму доно шаванд.
Ҳоло “Овози тоҷик”-ро мегираму мехонам. Ин рӯзномаест, ки қариб як аср боз чоп мешавад. Дар як-ду соли охир “Овози тоҷик” маводи хеле хубу хонданӣ нашр мекунад. Мебинам, ки дар бораи олимону адибоне мақолаҳо чоп мешаванд, ки чеҳраҳояшон барои мо номаълум буданд. Ҳамчунин, аз кору фаъолияти аҳли меҳнат очерку лавҳа ва гузоришҳои ҷолиб интишор меёбанд. Дар ин маврид мо, муштариён низ бояд тифоқ шавем ва рӯзномаро дастгирӣ кунем. Беҳуда нафармудаанд, ки кори ёрони тифоқ саҳл бувад.
Умедворам, ки минбаъд ин рӯзнома доираи мақолаву гузоришҳои хонданиву пурмуҳтавояшро васеътар менамояд ва муштариёни худро беш аз пеш хурсанд мекунад.
Бегалӣ БОЛТАЕВ,
собиқадори меҳнат.
Ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.