КОРМАНДОНИ МО МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ҲИС МЕКУНАНД

Муассисаи махсуси давлатии таълими томактабии рақами 9 воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони Тӯдаи ноҳияи Балиқчӣ аз сентябри соли 2015 ба фаъолият оғоз намудааст.

Муассисаи махсуси давлатии таълими томактабии рақами 9 воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони Тӯдаи ноҳияи Балиқчӣ аз сентябри соли 2015 ба фаъолият оғоз намудааст. Он бар асоси қарори  ҳокими ноҳия ба муассисаи махсуси томактабӣ табдил ёфтааст.
– Ҳоло мо дар биное ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул ҳастем, ки соли 1974 сохта шудааст,– гуфт мудираи он Дилдора Маҳмудова. Баъд моро ба дохили бино ҳидоят намуд.
 Аммо ин ҳарфҳои мудира маро дар ҳайрат гузошт, зеро фикр кардам, ки ин бинои боғча чанде пеш сохта шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дару тирезаҳо ва долону деворҳои берун ва дохили бино хеле устокорона тармим шуда буд. Аз ин лиҳоз шахсе, ки бори аввал вориди ҳавлии боғча мешавад, тасаввур мекунад, ки бино нав сохта шудааст.
Ҳар як хона бо ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз ва барои истироҳату бозии кӯдакон тамоми ашёи лозимиро муҳайё карда буданд. Баъди тавзеҳи мудира фаҳмидам, ки дар ин муассисаи томактабӣ кӯдаконе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, ки узви онҳо нуқс дорад ва барои нигоҳубину таълим ва тарбияи хос ниёзманд ҳастанд.
– Ҳоло мавсими карантин идома дорад. Дар ин давра мо талош карда истодаем, ки аз он босамар истифода намоем. Кормандони мо бештари вақташонро ин ҷо сарф мекунанд ва ба муҷаҳҳаз сохтани утоқҳо, овезон кардани суратҳои ранга ва монанди он машғул мебошанд. Ҳадафамон ҳамин аст, ки то ба поён расидани муҳлати карантин муассисаамонро аз ҳар ҷиҳат барои қабули дубораи фарзандони аз лиҳози ҷисмонӣ ноқис комилан тайёр кунем,– изҳор кард Д. Маҳмудова.
Тавре ки вай боз тазаккур дод, дар ин муассиса кӯдакон мувофиқи хулосаи аъзои комиссияи махсус ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.  Зеро онҳо кӯдакони нуқсондор ба шумор мераванд ва баъдан дар кадом муассисаи хос ба таълиму тарбия фаро гирифта шудани онҳоро низ аъзои ҳамин комиссия муайян мекунад.
– Дар 11 гурӯҳ ба 120 нафар кӯдакони синни томактабӣ таълиму тарбия медиҳем. 70 нафари онҳоро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки дар узвашон ягон нуқсон мавҷуд аст. 50 нафари боқимонда дорои нуқси нутқӣ мебошанд. Ба ин кӯдакон тарбиячиёну мутахассисони мо ҷиддан машғул мешаванд,– мегӯяд мудира.
– Чанд нафар ходим доред ва чанд нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд?– пурсидам аз Дилдора Маҳмудова.
– 18 нафар кормандони моро мутахассисони дорои маълумоти олӣ ташкил мекунанд, 36 нафар тарбиячиёнанд, ки маълумоти миёнаи махсус доранд. Дар айни ҳол як гурӯҳи ин тарбиячиён барои гирифтани маълумоти олӣ дар бахшҳои ғоибонаи донишгоҳҳо машғули таҳсил мебошанд.
– Пас, дар боғчаи шумо муаммои таъмини кадр мавҷуд нест?
– Бале. Нуктаи дигаре, ки кору фаъолияти моро аз муассисаҳои дигари томактабӣ фарқ мекунонад, ҳамин аст, ки як бахши корамон даҳуним соатро дар бар мегирад. Баъди машғулият ва истироҳату бозӣ падару модар кӯдаки худро аз ин ҷо ба хонаҳои худ мебаранд. Аммо дар мо ҳамчунин кори 24-соата мавҷуд аст, ки кормандонамон шабонарӯз ба нигоҳубини кӯдакон машғул мешаванд, зеро ин кӯдакон шабона дар муассиса мемонанд. Онҳо ба нигоҳубини доимӣ ниёз доранд,– мегӯяд Дилдора Маҳмудова. 
Дилдора Маҳмудова боз ишора намуд, ки фаъолияти онҳо бар асоси қарори Девони Вазирон “Дар бораи чораву тадбирҳои такмил додани фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ” аз 13 майи соли 2019, пиёда мешавад. Ходимони муассиса ҳуҷҷатҳоро тибқи фармони рақами 183-юми Вазорати таълими томактабӣ расмӣ мекунонанд.
– Мо аз сарвари давлат ва ҳукумат хеле сипосгузорем. Зеро имкон фароҳам оварда шудааст, ки бинои куҳна комилан тармим карда шавад. Марказгармии мо низ дар ин муддат хеле хуб тармим гардид. Ҳоло шаш деги хурди бухор насб шудааст, ки тавассути онҳо дар фасли сармо ҳамаи утоқҳои муассисаамон муътадил гарм карда мешаванд,– гуфт Дилдора Маҳмудова.
Дар ин муассиса ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳо барои варзишу бозӣ дубора ба ихтиёри кӯдакон қарор хоҳанд гирифт. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: