КОРНОМАИ АМИРАЛӢ ДАР АРСАИ НАБАРД

Дар сангарҳои хунин фарзандони шарафманди Сӯх низ корномаҳои бемисл нишон додаанд.

 Зода ва парвардаи деҳаи Ҳушёри ҳамин ноҳия Тешабой Одилов баробари қаҳрамони ҷанг будан қаҳрамони шеъру достонҳо низ қарор гирифт – нафақат шоиру нависандагони тоҷик ва ӯзбек, як қатор адибони номвари халқҳои дигар, айни замон, дар бораи диловариҳояш дар муҳофизати Ленинград асарҳои зиёд офариданд. «Мергани уқобчашм» номида буд ӯро шоири шаҳир Мирзо Турсунзода. «Шонҳо ба ту мерган Тешабой!» – нидо бинмуд адиби барҷастаи ӯзбек Ойбек, дар қасидае, ки дар васфи фарзанди ҷасури Фарғона навиштааст. Солеҳҷон Олимови сӯхӣ дар штурми Берлин ҷонбозиҳо кард. Вай дар зада шудани ливои пирӯзӣ дар Рейхстаг саҳми бузург гузошт. Ӯ ва бародарони ҳамсафаш барои он ки ба ливои мо тир нарасад, пайкари худро сипар карданд. Вазифаи ҷанговаронаашонро, ҳарчанд бадани тиру осколка расидаашон абгор шуда буд, то охир ба иҷро расонданд. 
Ба Пирӯзии бузург аз болои Олмони фашистӣ 78 сол пур мешавад. Дар Рӯзи хотира ва қадр дар навбати аввал онҳое ба ёд оварда мешаванд, ки дар роҳи муҳофизати ватан ба маънои воқеӣ ҷон фидо кардаанд. Яке аз ин гуна фидокорон родмард аз воҳаи Сӯх Амиралӣ Саидбеков ба шумор мерафт, ки ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор шудааст.
Вақте мактабхон будем, дружинаи пионериамон номи Амиралӣ Саидбековро дошт. Бо ворид шудан ба синф чашмамон ба сурати калони қаҳрамон аз Сӯхзамин меафтод, ки дар девори муқобил овехта шуда буд. Бо шинос шудан ба тарҷумаи ҳол ва корномаи мухтасари ӯ дар майдони ҷанг қалбамон аз ифтихор лабрез мешуд. Бародари вай Бобо Саидбеков (равонаш шод бод) дар мактабамон муаллимӣ мекард. Муассиртарин ҳикояҳо дар бораи Амиралӣ Саидбеков он солҳо аз ҷониби устоди бузургсоламон Бобо Саидбеков нақл мешуданд, ки аз байн солҳои зиёд гузашта бошанд ҳам, ҳанӯз фаромӯш нашудаанд.
Лейтенанти калон Амиралӣ Саидбеков ба ротаи тирандозии полки 325-уми гвардиягӣ, ки тобеи дивизияи гвардиягии тирандозии рақами 129-ум буд, фармондеҳӣ мекард. Рота хусусан охирҳои моҳи декабри соли 1944 дар деҳаи Собрансе (Чехословакия) хеле корнамоӣ нишон дод. Командири рота А. Саидбеков дар нишон додани матонати ҷанговарӣ ба ҳамяроқон намуна гашт.  Вай аввалин шуда ротаашро ба ҳуҷум хезонд, хатти мудофиаи душманро рахна намуд. Ҷониби муқобил ба осонӣ қафо наменишаст, гурехта истода ҳам девонавор тирандозӣ мекард. Ва ҳатто ҳуҷумҳои ҷавобӣ менамуд, аммо ҳаракатҳояш бо туфайли маҳорати ҷангии диловарони мо зоеъ рафтанд. Ниҳоят душман шикаст хӯрд. Ротаи А. Саидбеков ба Собрансе зада даромад. Аммо ҷанг ҳанӯз давом мекард. А. Саидбековро лозим омад бо ротаи худ манёври ҷасурона карда, тарафи ҷанубро давр зада гузарад ва ҳуҷуми ногаҳонӣ созад. Дар деҳаи Фешкивсе низ муҳорибаҳо давом карданд. Душман, ки аз қисмҳои асосии худ ҷудо шуда буд, саросема шуда монд. Ротаи А. Саидбеков низ талафот дид, вале бо матонату шуҷоат мавқеи худро то омада расидани қисмҳои боқимондаи ҷанговарони мо нигоҳ дошт. Дар ҳарбҳо, ки якчанд соат беист давом карданд, наздик 50 фашист кушта шуд. Рота 5 тӯп, 25 милтиқ ва автоматро ғанимат гирифт.
Дар деҳаи Гнойне, айни вақт, ротаи А. Саидбеков далерӣ нишон дод, баъди қафо гузоштани ботлоқзор ба ақибгоҳи душман дохил шуда, ба таври ногаҳонӣ ба душман аз ду тараф зарба зад. Шимолу ғарбии деҳа бо душворӣ бошад ҳам ишғол гардид. 5 пулемёт, 2 тӯпи танкзан ғанимат гирифта шуд. 15 нафар душман асир афтод. Худи Амиралӣ ярадор шуда буд, вале истодагарӣ кард. То пурра ба иҷро расондани вазифае, ки дар зимма дошт, мардонавор размид.
Аз байн ду-се моҳ гузашт. Артиши шӯравӣ баҳри аз фашистон тоза кардани давлатҳое, ки ба қувваҳои нобаробар тоб оварда натавониста таслим шуда буданд, муборизаро давом медод. 8 марти соли 1945 дар деҳаи Дрогомисл задухӯрдҳои сахт ба амал омаданд. Душман дар биноҳои баланди сангин мавқеъ гирифта, бо пулемётҳо ҷониби муқобилро тирборон мекард. Аскарони мо бинобар набудани роҳ ва ботлоқзор будани гирду атроф имконият надоштанд ба пеш ҳаракат кунанд.
Ба ротаи А. Саидбеков вазифа гузошта шуд бо кадом роҳе набошад, нуқтаҳои пулемётпарронии душманро муҳосира намояд. Вазифа иҷро гашт, ду бинои асосӣ аз душман тоза карда шуд. Вале чи шуду душман бо ҷамъ кардани қувваҳои эҳтиётӣ якбора ҳамла кард ва ротаро аз ду ҷониб муҳосира намуд. Аммо ҷанговарони мо саросема шуда намонданд, як рӯзи дароз истодагарӣ карданд. Ҳуҷумҳои ҷавобии душман, ниҳоят, баргардонда шуд ва акнун бо рӯҳияти хуб аскаронамон ба ҳуҷум даромаданд. Дар рахна кардани хатти муҳосираи душман А. Саидбеков бо нишон додани корнамоиҳо ба тобеонаш намуна гардид. Рота ба қисмҳои асосӣ рафта расид. Якчанд фашист асир афтод.
Ҳарбу зарбҳо хусусан дар рӯзҳои 29 март – 4 апрел хеле тезутунд буданд.
Ба А. Саидбеков акнун вазифаи ҷонишини командири баталони тирандозӣ супурда шуда буд. Ҷанговарони ӯ борҳо ба штурми хандақҳои  душман хестанд ва ба комёбиҳо даст ёфтанд. 
9 марти соли 1945 дар истгоҳи роҳи оҳани Прухне баталоне, ки А. Саидбеков фармондеҳӣ мекард, ба гарнизони душман, ки стансияро дар ихтиёр нигоҳ медошт, зарбаи сахт зад. Стансия муҳосира гашт, якчанд душман ба асирӣ гирифта шуд. Ҷанговарони А. Саидбеков 2 апрел низ далерона размиданд. Аввал деҳаи Кончитсе, баъдтар якчанд деҳаҳои дигар ишғол карда шуданд. 8 апрел ҷанговар ва командири шуҷоъ Амиралӣ Саидбеков сахт ярадор ва ҳалок гардид. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР ба вай номи баланди қаҳрамонӣ дода шуд.
Баъдтар яке аз дабистонҳои таълими умумӣ дар Сӯх ба номи Амиралӣ Саидбеков гузошта шуд. Бюст –нимтанаи қаҳрамон дар саҳнаи мактабе, ки номи ӯро дошт, устувор гашт. Умр абадӣ нест – бо рафтани солҳо онҳое, ки дар набардҳои шадид иштирок кардаанд ё дар ақибгоҳ бо меҳнати садоқатмандона  ба Ғалабаи бузург саҳм гузоштаанд, торафт кам мешаванд. Вале ёду хотири онҳо, хусусан корномаи диловарон дар арсаҳои набард ҳеҷ вақт аз лавҳи қалби халқ ва саҳифаҳои таърих зудуда намешаванд.

М. ШОДИЕВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: