«Пандемияи коронавирус барои аҳли башар як санҷиши Офаридгор аст.
«Пандемияи коронавирус барои аҳли башар як санҷиши Офаридгор аст. Мардум муттаҳид гардида, ба тамоми тавсия ва пешниҳодҳои шифокорон амал кунанд, дар мавриди карантин бе ягон зарурат аз хонаи худ набароянд, баробари муайян гардидани нишонаҳои аввалини беморӣ, онро пинҳон накарда, ба шифокорон саривақт муроҷиат кунанд, мо ба ин беморӣ албатта пирӯз меоем!»
Шавкат МИРЗИЁЕВ.
Эй вируси «тоҷ» аз куҷо омадаӣ?
Чун дарду балои бедаво омадаӣ.
Шояд, ки алайҳи нохудогоҳии мо,
Чун барқ ба фармони Худо омадаӣ.
(Нормурод КАРИМЗОДА)
Оре, коронавирус имрӯз саросари аҳли кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст. Паҳн гаштани ин беморӣ, яъне тоҷвирус аз як тараф беэҳтиётию ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардани фарзанди инсон бошад, аз тарафи дигар аҷаб не ин як санҷишу имтиҳони Худованд нисбати бандагонаш аст.
Коронавирус низ мисли бемории вабо офату балои ногаҳонист, ки имрӯз кулли мардуми олам азияташро мекашанд ва ин маънӣ дар мисраъҳои зер чунин ифода ёфтааст:
Эй вируси «тоҷ», халқи маро хор мадор,
Бар ҳеҷ касе шиканҷу озор маёр.
Аз дасти ту аҳли олам омад ба ҳарос,
Аз ваҳми ту бас ҷаҳониён зору низор.
Ин ҷо лозим донистем, баҳри рӯшанӣ андохтан ба маънии вожаи вабо ба луғатҳо дида дӯзем. Вабо якчанд маъниҳоро дарбар гирифта, якеи онҳо офат, бало ва густариши бемории сироятии ҳалокатовари оммавӣ ба воситаи микробҳо, эпидемия мебошад, ки банда оиди ин беморӣ ҳанӯз солҳои мактабхонӣ аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ бо хубӣ воқифам. Бинед, ки имрӯз бошад, боз як намуди ин офату балои ногаҳонӣ мардумро ба дод овардааст.
Бадбахтона, аз ин бемории ҳалокатовар Ӯзбекистони маҳбуби мо низ дар канор намонд ва тоҷвирус аҳли мамлакатро ба ташвиш андохт. Ташвиши дохили мамлакат як сӯю ташвиши дигар ба мамлакатамон сиҳату саломат баргардонидани шаҳрвандонамон аз кишварҳои хориҷӣ гардид. Ва ҳамаи аз хориҷомадагон дар осоишгоҳу фароғатгоҳҳои кишвар дар карантини (чораҷӯиҳои маъмурӣ ва тиббию беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва барҳам додани манбаи онҳо) 14 рӯза зери назорати пизишкон қарор гирифтанд. Аён, ки барои иҷрои ин амалҳо миллиардҳо пул сарф шудаву мешавад. Аммо аз ношукрию бефаросатӣ беш нест амали онҳое, ки имрӯзҳо ба қоидаву қонунҳои карантин рахна мезананд.
Аз 25 март сар карда аҳли мамлакат ба режими ниқобпӯшӣ гузашт. Роҳҳои равуо ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дохили кишвар баста шуд. Ба ҷуз мағозаҳои хӯрокворӣ дари дигар дӯконҳои савдо, чойхонаю ошхонаҳо ва ҳатто дари масҷидҳо баста шуданд, ки ин кори сахту сангин буда, албатта, муваққатист. Коронавирус одамонро ба тоифаҳо ҷудо насохт ва назди инсоният вазифа гузошт, то дарк намоянд, ки ниқоб танҳо барои худ набуда, балки барои ҳифзи саломатии атрофиёнамон низ мебошад.
Аз фурсат истифода бурда, меҳри саршорамонро нисбати духтурон, хосса он духтуроне, ки ба беморони гирифтори тоҷвирус сару кор доранд, иброз доштанием. Чаро ки кори онҳо имрӯзҳо басо сахту сангин аст. Бемор сиҳат шуда мераваду духтурон бошанд, то дафъи эпидемия дар ҷонбозиянд.
Дар хотима, кулли мардуми кишварро ба ҳушёриву ҳушдорӣ даъват мекунем. Модоме ки мамлакати пурқуввату сарвари оқилу доно дорем, ҳоҷат ба ваҳму парешонӣ нест. Он сон ки шоир фармудааст:
Эй вируси «тоҷ» тоҷи туро пора кунам,
Дар арсаи худнамоӣ бечора кунам.
Ҷӯям раҳи озодагиву ҳифзу дифоъ,
Бо ақлу хирад ҷанги ту бекора кунам.
Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ,
узви шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон.
Вилояти ФАРҒОНА.