Коронавирусро аз рӯи таҳлили ашк ошкор менамоянд

Олимони Донишгоҳи Сан-Паулуи Бразилия маълум карданд, ки коронавирусро дар ашк ошкор кардан мумкин аст. Онҳо дар байни беморони клиникаи тавонбахшии аномалияҳои краниофассиалӣ тадқиқот гузарониданд, хабар медиҳад Journal of Clinical Medicine.

Дар озмоиш 61 нафар иштирок доштанд. Аз ин шумор дар 33 нафар натиҷаи мусбат ба  COVID-19 ва 28 нафар манфӣ ошкор шуданд. Дар натиҷа, SARS-CoV-2 (вирусе, ки COVID-19-ро ба вуҷуд меорад) дар 18,2% намунаҳои бо ёрии тампон ҷамъовардашуда ва 12,1% намунаҳое, ки бо рахи Ширмер (рахе дар пилки поён гузошта шудааст) ҷамъоварӣ шудаанд, ошкор карда шуд.

Тадқиқот нишон дод, ки коронавирус дар ашк бо сарбории баланди вирусӣ ошкор карда мешавад. Бемороне, ки санҷишҳои мусбат доранд, нисбат ба боқимондаҳо ҳафт маротиба зиёдтар фавтиданд.

Олимон пешниҳод кардаанд, ки ташхис тавассути ашк метавонад муқобили намуна аз бинӣ гардад, ки барои инсон нохушоянд аст.

Онҳо инчунин қайд карданд, ки кормандони соҳаи тиб метавонанд тавассути ашки бемор ба COVID-19 сироят кунанд, гарчанде ки ин аз эҳтимол дур нест.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: