КОРПУСИ ПРОКУРОРОНИ МАХСУСГАРДОНДАШУДА ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД

Мустақилии онҳо таъмин карда хоҳад шуд

Дар чаҳорчӯби “Ӯзбекистони Нав – суди нав” бо мақсади боз ҳам васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ, суръат бахшидан ба ислоҳоти низоми судию ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар соҳа Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба густариши минбаъдаи дастрасӣ ба адолати судӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти судҳо» қабул гардид.
Маълум аст, ки дар тамоми марҳилаҳои пешбурди мурофиаҳои судӣ, таъмини беғаразии судҳо дар амалиёт ҷорӣ намудани механизмҳои нав, ки ба татбитқи пурраи рақобатпазирӣ ва  баробарҳуқуқии ҷонибҳо нигаронда шудааст, вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Бо Фармон оид ба расондани кумак дар амалӣ гардондани адолати судӣ Корпуси махсусгардондашудаи прокурорҳо ташкил карда мешавад.
Ба сифати Коропуси прокурорҳои махсусгардондашуда оид ба расондани кумак дар амалӣ гардондани адолати судӣ раёсати Прокуратураи генералӣ оид ба таъмини ваколатҳои прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноӣ,  шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ дар судҳо, шуъбаҳо ва зершуъбаҳои дахлдори прокуратураҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд оид ба таъмини ваколати прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноӣ,  шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ дар судҳо, муовинон ва ёварони дахлдори прокурорҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) оид ба самтҳои дар боло зикршуда муайян карда мешаванд. 
Вазифаҳои асосии Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда таъмини ваколатҳои прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи прокуратура» ва қонунгузории мурофиавӣ, мусоидат намудан ба татбиқи самараноки адолати судӣ бо истифода аз ҳуқуқҳои баробар дар баробари дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ, дастгирии босифати айбдоркунии давлатӣ дар судҳои ҷиноятӣ, танҳо дар асоси қонун дар ҳоле, ки беғаразиро нигоҳ дошта, ба ҳимояи судии самарабахши ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ноил гардида, расондани кумак ба кор оид ба  баланд бардоштани малака ва тахассуси амалии кормандони мақомоти пурсиш ва тафтишот бо назардошти амалиёти судӣ муайян шудаанд. 
Албатта, дар баробари гузоштани вазифаҳои дар боло зикршуда ба Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда мустақилияти фаъолияти онҳо низ таъмин карда мешавад.
Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки кормандони Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда ваколатҳои худро новобаста аз ягон мақомот ва шахсони мансабдор, танҳо тибқи муқаррароти қонун амалӣ мегардонанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ дахолат кардан ба фаъолияти онҳо вобаста ба иштироки онҳо дар суд, ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонун манъ аст.
Дар баробари ин пешбинӣ карда мешавад, ки ба Корпуси прокурорҳои махсусгардондашудаи прокуратураҳои вилоятӣ ва ба онҳо баробар кардашуда кормандоне, ки одатан дар соҳаҳои дахлдори прокуратураҳои ноҳия (шаҳр) камаш се сол кор кардаанд, ба Корпуси прокурорҳои махсусгардондашудаи Прокуратураи генералӣ – коркуноне, ки чун қоида на кам аз панҷ сол кор кардаанд, қабул карда мешаванд.
Навоварии дигари муҳим ин аст, ки кормандони Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда метавонанд ба самти дигар, чун қоида, пас аз се соли кори доимӣ дар соҳаи таъмини ваколатҳои прокурор дар судҳо гузаронда шаванд, гузарондани кормандони  Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда ба дигар самт бо ризоияти муовини Прокурори генералӣ оид ба самти дахлдор сурат мегирад.
Илова бар ин, корманди Корпуси прокурорҳои тахассусӣ дар ҷонибдорӣ, тағйир додан ё қатъ кардани айбнома (даъвои шаҳрвандӣ) дар парвандаҳои дар суд баррасишуда, аз ҷумла оид ба масъалаҳои истифодаи меъёрҳои Кодекси ҷиноӣ, таъин кардани намуд ва миқдори ҷазо мустақил буда, ба талаботи қонун ва аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои парванда — боварии худ такя мекунад.
Дар ҳар як ҳудуд Шӯроҳои машваратӣ аз ҷумлаи кормандони Корпуси прокурорҳои махсусгардондашудаи прокуратураҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва прокуратураҳои дахлдори ноҳия (шаҳар) ва кормандони соҳибтаҷриба, ки таҷрибаи бисёрсолаи кор дар дигар самтҳо доранд, таъсис дода мешаванд.  
Шӯроҳои машваратӣ дар кор оид ба  ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳо дар асоси муҳокимаи тарафайни ҳодисаҳои мураккаб, дуруст равона намудани кадрҳои ҷавон ва инкишоф додани маҳорати амалии онҳо ёрӣ мерасонанд. Ба муовинони прокурорҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ки барои фаъолияти Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда масъуланд, ҷалби кормандони Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда, мутаносибан прокуратураҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба тахассуси онҳо бо назардошти ҳаҷми кор дар судҳои вилоятӣ, байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ)  иҷозат дода мешавад.
Дар баробари ин ба зиммаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба андешидани чораҳо бобати ташаккули  Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда аз ҳисоби кадрҳои ботаҷриба, кордоне, ки ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда қодиранд, дар мақомоти прокуратура, таҳия ва тасдиқи тартиби дохилӣ шуҳрати бенуқсон доранд, ки ташкили самараноки фаъолияти Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда, инчунин механизмҳои самараноки пешгирии ҳар гуна таъсир ва дахолати муовинони прокурорҳо ва кормандон оид ба дигар самтҳои  прокуратураи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд, прокурорҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо), муовинони онҳо ва кормандон оид ба дигар самтҳоро пешбинӣ менамояд, ки метавонанд дар фаъолияти Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда беғаразӣ зоҳир намояд, вазифаҳо гузошта шудаанд.
Дар чаҳорчӯби таъмини татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба густариши минбаъдаи дастрасӣ ба суди одил ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти судҳо”, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳои иловагии ташкили самарабахши фаъолияти адолати судӣ» қабул гардид, ки дар он дар ин  самт як қатор чорабиниҳо муайян шудаанд. 
Аз ҷумла, бо фармон то 1 сентябри соли 2023 ба тариқи таҷрибаи пешакӣ созмон додан ва ба кор даровардани низоми иттилоотии  «Иштироки прокурор дар судҳо» дар фаъолияти Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда оид ба расондани кумак дар амалӣ намудани адолати судӣ, аз соли 2024 – пурра ба амалиёт ҷорӣ намудан  мустаҳкам карда мешавад.
Ҳамзамон бо роҳи муттаҳидсозии системаҳои иттилоотии Прокуратураи генералӣ ва Суди олӣ пурра ба роҳ мондани гардиши ҳуҷҷатҳои мутақобила, ҷудо намудани биноҳои кории алоҳида дар ҳар як бинои суд барои амалӣ намудани фаъолияти самараноки кормандони Корпуси прокурорҳои махсусгардондашуда дар назар аст. 
Хулласи калом, ин фармонҳо дар ташаккули системаи ҳақиқатан одилонаи судӣ, ки дар асоси ғояи «Ба номи шаъну шарафи инсон» асос ёфтаанд, аҳамияти калон доранд.

Камол МАРДОНОВ,
омӯзгори калони кафедраи суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адвокатураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшносии Тошканд.
     
 (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: