Дар шаҳри Тошканд Форуми II зиддикоррупсия баргузор гардид.
Директори Агентии мубориза бар зидди коррупсия Акмал Бурҳонов гуфт, ки мубориза бо коррупсия – чунин иллати ногувор дар ҷумҳуриамон ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Вай аз меҳмонону иштирокчиёни форум даъват намуд, ки қабл аз баррасии масъалаҳои мадди назар ба тамошои як навор таваҷҷуҳи худро нигаронанд.
Ин наворе буд, ки натиҷаҳои мубориза бо коррупсия дар саросари ҷумҳурии моро дар меҳвари худ қарор додааст. Ба таври мисол, дар он ҷорӣ намудани ваксинаи ҳалолӣ, ташкил намудани қабулхонаҳои президентӣ, таъсиси Шӯрои миллӣ, қабули 80 санади меъёриву ҳуқуқӣ дар бораи мубориза бо коррупсия, беҳбуди фазои соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, аз қабили бюрократизм, роҳҳои ҷилавгирӣ аз бемақсад харҷ намудани маблағи ҷудошуда ва амсоли он бо санад ва мисолҳои возеҳу равшан акси худро ёфта буд.
– Бори нахуст ба ҳайси директори Агентии мубориза бо коррупсия дар назди депутатҳои Олий Маҷлис гузориш додам. Зимнан пешниҳод намудам, ки барои боз ҳам тавсеа бахшидани муборизаи беамон бо коррупсия ва ба даст овардани натиҷаҳои пурсамар тамоми қишрҳои ҷомеаи мо бояд саҳм гузоранд. Шӯроҳои ҷамоатӣ низ метавонанд дар ин самт нақши муассир бозанд, – изҳор намуд Бурҳонов.
Раиси Сенати Олий Маҷлис, ҳамзамон раиси Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия Танзила Норбоева зимни суханронӣ иброз намуд, ки мубориза бо ин иллати ногувор дар Ӯзбекистон авлавияти вазифаҳоро ташкил мекунад.
– Масъалаҳое, ки дар ин форум мо таҳти баррасӣ қарор медиҳем, натанҳо барои Ӯзбекистон, балки мамолики зиёди дунё муҳим мебошанд. Ин форум ба шакли анъанавӣ минбаъд ҳар сол баргузор мегардад. Мақсади асосии он дар Ӯзбекистон ва мамлакатҳои дигар сарҳисобу натиҷагирӣ аз корҳое мебошанд, ки дар соҳаи зиддикоррупсия анҷом пазируфтаанд, – изҳор намуд Танзила Норбоева. – Ӯзбекистон иҷрои принсипҳоеро бар дӯш гирифтааст, ки мубориза бо коррупсия натиҷаҳои самарабахши худро ба бор оварад. Ин мубориза ҳамеша дар доираи қонун сурат гирад ва шаффофияти он куллан таъмин гардад. Шумо медонед, ки Агентии мубориза бо коррупсия як ниҳоди навтаъсис дар кишвари мо мебошад, ки ба истилоҳи мардум, оҳиста мисли кӯдак роҳгардиро меомӯзад. Аммо аз оғоз қадамҳои устуворона ба пеш мегузорад.
Яке аз самтҳои дигар, ки мо бояд ба он ноил шавем, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии мардум мебошад. То замоне, ки худи мардум барои решакан кардани ин иллат саропо намехезад, даст ба кор намезанад, мушкил аст, ки он натиҷаҳои дилхоҳ диҳад. Мамлакати мо дар рейтинги байналхалқӣ миёни 180 кишвар ҷойи 143-юмро ишғол мекунад. Албатта, ин нишондиҳанда низ ҳаргиз қаноатбахш нест.
Ҳамоҳангсози дафтари минтақавии СММ дар Ӯзбекистон Роли Астхана, намояндаи Барномаи рушди СММ Матилда Диновска, намояндаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Ашита Миттал ба он нукта таваҷҷӯҳи иштирокчиёни форумро ҷалб намуданд, ки тамоми кишварҳои дунё дар раванди мубориза бо коррупсия ширкат мекунанд. Дар ин раванд созмонҳои байналхалқӣ ҳамеша ба кумак мешитобанд ва ин ё он кишвар барои пиёда кардани ҳадафҳои худ ба дастовардҳои муҳим ноил мешавад.
Гуфта шуд, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамеша тарафдори муборизаи беамон бо коррупсия мебошад. Роли Астхана аз суханони Гутерриш ёдовар шуд, ки коррупсия эътимоди мардумро аз байн мебарад, дараҷаи некӯаҳволиро коҳиш медиҳад, ҷинояткориро авҷ мегиронад, нобасомониҳоро вусъат мебахшад. Коррупсияи давраи бӯҳрони иқтисодӣ ба ҳаёту мамоти мардум баробар аст.
– Тафаккури ҷомеа бояд тағйир ёбад, дидгоҳҳо дигаргун шаванд. Дар акси ҳол натиҷаҳои мубориза алайҳи коррупсия низ чандон дилхоҳ нахоҳанд шуд, – гуфт Ашита Миттал.
Форум дар се иҷлосия идома кард.
Форуми II зиддикоррупсияи Тошканд баъди тавсияву пешниҳодҳо ба кори худ хотима бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.