КОРРУПСИЯ – САДДИ РОҲИ ПЕШРАФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 24 январи соли 2020 дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар баробари ба миён гузоштани вазифаҳои муҳими пеши давлат истода, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро низ нишон дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 24 январи соли 2020 дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар баробари ба миён гузоштани вазифаҳои муҳими пеши давлат истода, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро низ нишон дод. Дар он ҳамчунин, самтҳои устувори ислоҳоте, ки бояд дар соли 2020 ба амал татбиқ гарданд, муайян карда шуданд. Роҳбари давлат перомуни масъалаҳое ҳарф зад, ки ба таъмину татбиқи ислоҳот халал мерасонанд. Дар рафти суханрониаш ӯ алоҳида таъкид намуд, ки дар байни масъалаҳо мубориза алайҳи коррупсия, ба вуҷуд овардани низоми мубориза бар зидди он ва таҳким бахшидани асосҳои институтсионалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.                                                                                                  
Сарвари мамлакат гуфт, ки “Имрӯз самарабахшии ислоҳот ба чаҳор омили муҳим: таъмини волоияти қонун, муборизаи қатъӣ алайҳи коррупсия, афзудани иқтидори институтсионалӣ ва ташаккул додани институтҳои муқтадири демократӣ бастагӣ дорад”. Таҷрибаи давлатҳои рушдкарда бозгӯйи он аст, ки дар он кишварҳо мубориза алайҳи коррупсия аз вазифаҳои асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.                                                                                                                     Коррупсия дар ҳар гуна мамлакат, бобати иҷрои маҷбуриятҳои минималӣ, маънои дар назди халқ оҷиз мондани дастгоҳи давлатиро дорад. Ин гуфтаҳои ҳуқуқшинос ва иқтисодчӣ Ли Куан Йу аст, ки солҳои 1959-1990 сарвазири Сингапур буд: “Агар ҳокимият на ба мақсади ба боварии халқ даромадан, балки ба сарвати шахсӣ афзудан фаъолият нишон диҳад, мушкили ахлоқ пеш меояд. Ҷамъияте, ки дурудароз пойдор мондан мехоҳад, бояд ба принсипи ҳалолӣ амал намояд, вагарна ба ҳалокат мерасад. Усули осонтарини боздоштани коррупсия ин ҷилавгирии шахсони мансабдор аз амалиёти худсарона мебошад”.                                                                                                                
Имрӯз алайҳи коррупсия ҳамаи давлатҳои дунё мубориза мебаранд. Ҳар сол аз ҷониби созмони байналхалқии Trans-parency International индекси қабули коррупсия эълон карда мешавад. Индекси қабули коррупсия  индекси таркибиест, ки дар сектори давлатии мамлакатҳои гуногун дараҷаи қабули коррупсияро арзёбӣ мекунад. Созмони мазкур аз соли 1995 ҳар сол ин индексро пешниҳод менамояд.                                                                                                                Дар рейтинге, ки ин созмон дар соли 2009 дараҷаи мамлакатҳои фасодзадаи ҷаҳонро эълон кардааст, кишварҳои Скандинавия: Норвегия, Финляндия ва Шветсия соҳиби нишондиҳандаҳои пасттарин гардидаанд. Таассуф, ки бино ба чанд сабаб, мамлакати мо дар ин индекс рейтинги худро ҳанӯз боло набардоштааст. Дар ҳисоботи солонаи созмон, ки моҳи марти соли 2019 эълон шудааст, Ӯзбекистон дар байни 180 мамлакати дунё дар ҷойи 158-ум қарор дорад.                                                                                            
Дар ҳисоботи созмон, аз ҷумла, дар хусуси Ӯзбекистон гуфта мешавад: “Ҳарчанд маълумот доир ба миқёс ва шаклҳои коррупсия дар мамлакат маълумот кам аст, далелҳои мавҷуда ба забони ҳол мегӯянд, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаи шаҳрвандон коррупсия васеъ доман паҳн кардааст. Коррупсия ба баргузидаҳои (элита) мамлакат оиди ғайриқонунӣ аз худ кардани захираҳои табиӣ имконият фароҳам меоварад ва дар плантатсияҳои пахта сабаби поймол гардидани ҳуқуқи инсон мегардад”.                                                                                                            
Бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбат бобати мубориза алайҳи коррупсия, роҳандозии ҳокимият ва идораи давлатӣ дар асоси қонун, таҳким бахшидани боварии ҷамъият ба давлат, зиёд кардани масъулияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар назди шаҳрвандон, ҳамчунин, роҳандозии низоми ҳисоботдиҳии онҳо, дар амал таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бунёди ҷамъияти муқтадиру шаффофи иттилоотӣ, лозим меояд, ки корҳои зерин ба амал татбиқ гарданд:                                                                                                                                   
Якум, бояд низоми қонунгузории муқтадиру муассири мубориза алайҳи коррупсия ба вуҷуд оварда шавад. Пайдост, ки 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи мубориза алайҳи коррупсия”-и СММ қабул  шуда буд. Конвенсияи мазкур дар ташаккулёбии қонунгузории миллии ҳамаи давлатҳои аъзо асоси байналхалқии ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Ӯзбекистон аз соли 2008 узви ин конвенсия мебошад. Бо мақсади иҷрои маҷбуриятҳои байналхалқӣ ва ба тартиб андохтани муносибатҳо дар соҳаи мубориза алайҳи коррупсия аз 3 январи соли 2017 қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия” эътибор пайдо кард. Эътирофи коррупсия дар мамлакатамон, муайян намудани ҷавобгарӣ ба амалиёти коррупсионӣ низом ва маҷбуриятҳои мақомоти бар зидди коррупсия муборизабарандаро мушаххас намуд.                                                                                                                         
Дуюм, бояд сабабҳои рӯй додани коррупсияро муайян намуд, холигиҳои қонунгузориро пур кард, ба ворид гардидани меъёрҳои пучу ҳавоӣ ба қонунгузорӣ роҳ надод. Президент дар маърӯзааш хеле бамаврид таъкид намуд, ки: “Мо бояд  аз мубориза алайҳи оқибатҳои коррупсия ба саривақт пешгирӣ кардани он гузарем”. Дарвоқеъ, ҳаддалимкон кам кардани қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии молики характери дохилиидоравӣ, пешгирии ба қонунгузорӣ ворид шудани меъёрҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро яксон талқин наменамоянд ва ба вуҷуд овардани қоидаҳое, ки бевосита ба кор бурда мешаванд, аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбанд.
Сеюм, бояд самтҳои устувори давлат дар мубориза алайҳи коррупсия муайян ва масоили вобаста ба коррупсия ба таври коллегиалӣ ҳаллу фасл гарданд. Имрӯз дар ин росто корҳои самарабахш анҷом дода мешаванд. 2 феврали соли 2017 тибқи қарори ба тасвибрасидаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба татбиқи қоидаҳои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» Барномаи давлатӣ оиди мубориза алайҳи коррупсия дар солҳои 2017-2018 қабул гардид. 27 майи соли 2019 бошад, Фармон «Дар бораи такмил додани мубориза алайҳи коррупсия дар Ӯзбекистон» ба тасвиб расида буд. Он ба афзун гардондани самаранокии мубориза алайҳи коррупсия, фароҳам овардани шароити корчаллонӣ дар сатҳи баланд ва баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ нигаронида шудааст. Тибқи фармон Барномаи давлатии мубориза алайҳи коррупсия дар солҳои 2018-2019 қабул карда шуда, таркиби нави комиссияи байниидоравии ҷумҳурӣ доир ба коррупсия тасдиқ гардид.
Дар таркиби Ҷӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯрои депутатҳои халқии вилоятҳову шаҳри Тошканд, шӯрои депутатҳои шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои мубориза бар зидди коррупсия созмон дода шуд. Онҳо дар маҳалҳо, баробари ҳамаҷониба омӯхтани вазъи мубориза алайҳи коррупсия, доир ба ҳолати коррупсия ва мушкилоте, ки сабаби зуҳури коррупсия мегарданд, ба кумитаҳои мубориза алайҳи коррупсия ва масоили суду ҳуқуқ бино ба такмил додани фаъолияти соҳаи мазкур мустақиман ахбор пешниҳод менамоянд.                                    
Чаҳорум, дар мубориза алайҳи коррупсия бояд дар сиёсати давлатӣ ошкорбаёниву шаффофият бошад. Агар дар байни мақомоти давлатӣ ва ҷамъият «пули боварӣ» вуҷуд надошта бошад, гум шудани мувозинати идораи давлатӣ ва ниёзҳои ҷамъият аз эҳтимол дур нест. Ш. Мирзиёев дар Муроҷиатнома беҳуда қайд нанамуд, ки: «Боиси таассуф аст, ки дар ҷамъияти мо иллати коррупсия бо зуҳуроти гуногуни худ садди роҳи пешрафту тараққиёт мегардад. Агар пеши роҳи ин бало гирифта нашавад, муҳити воқеии соҳибкорию инвеститсия ба вуҷуд оварда намешавад, умуман, ягон соҳаи ҷамъият ривоҷ намеёбад».       
Имрӯз дар сиёсати давлатӣ бобати мубориза алайҳи коррупсия чунин самтҳои устувор пешбинӣ шудаанд:
интихоби хидматгузорони давлатӣ дар асоси озмун, бобати ба вазифа таъин намудан ва ба мансаби баланд бардоштан ташаккул додани низоми шаффофи хидмати давлатӣ, муайян намудани чораандешиҳои маҳдудкунӣ, манъсозӣ, рағбатноккунӣ ва тартиб додани механизми дақиқи пешгирии коррупсия;
зина ба зина ҷорӣ намудани низоми деклоратсия кардани даромади хидматчиёни давлатӣ ва зиёд кардани маоши онҳо, ҳамчунин такмил додани асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳаллу фасли бархӯрди манфиатҳо ҳангоми иҷрои хидмати давлатӣ;
ташаккул додани шуур ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, пурзӯр намудани муносибати оштинопазир нисбати коррупсия;
ҷорӣ намудани механизми пурсамари ташкилию ҳуқуқии ҳифзи онҳое, ки аз қонуншиканиҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд;
ба ҳисобдорӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ афзудан;
таъмини воқеии озодии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои зидди коррупсионӣ.
Бояд ба офаридани адабиёти бадеие рӯйи эътибор гардонд, ки гиреҳи фасод будани коррупсияро кушода дода тавонанд. Дар ин росто ба корҳои маърифатӣ такон бахшидан, ташаккул додани эҳсоси покию ватанпарварӣ дар дилу шуури аҳолӣ, хоссатан ҷавонон, суди зиёде дар пай дорад. Фикр мекунам, ташкили мулоқоти бевосита бо нафарони пурдидаю соҳибтаҷриба, офаридани осори бадеию ҳунарӣ, омода кардани барномаҳои махсуси телевизиониву радиоӣ, дар симои онҳо офаридани қаҳрамонони миллӣ ва корбурди усулҳои муассири тарғибот дар ин кор натиҷаи матлуб мебахшад.

Бобоқул ТОШЕВ,
мудири кафедраи техникаи қонунгузорӣ ва экспертизаи зидди коррупсияи Маркази такмили малакаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: