КОРРУПСИЯИ НИЗОМИ ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ

Дар ҷамъомади навбатии шӯрои ҳудудии мубориза алайҳи коррупсияи вилояти Бухоро асосан ҳамин масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.

 Дар кори он аъзои шӯрои ҳудуди вилоятии мубориза ба муқобили коррупсия, роҳбарони секторҳо, депутатҳои шӯрои вилоятии намояндагони халқ, роҳбарони садоратҳо, кормандони алоқаманди соҳа иштирок карданд.
Ҷамъомадро раиси шӯрои ҳудудии мубориза алайҳи коррупсия, ҳокими вилоят Ботир Зарипов идора кард.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таҳияи як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ бобати ба соҳаи аз коррупсия берун табдил додани низоми ҳифзи тандурустӣ, аз байн бардоштани ин иллати хатарнок, ҷорӣ намудани принсипи кушодию шаффофӣ дар соҳа ҳамоно корҳои амалӣ дар ин бора ҷавобгӯи талаб нест. Баъзе роҳбарони соҳа аз ин иллат раҳоӣ наёфтаанд.
Дар ҷамъомад директори Агентии мубориза алайҳи коррупсия Акмал Бурҳонов, раиси Қӯмитаи масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза зидди  коррупсияи  Сенати Олий  Маҷлис Наримон Умаров ба сухан баромаданд. Чи хеле ки таъкид ёфт, фақат соли гузашта дар муассисаҳои тиббии вилоят вобаста бо шуғл фарогирӣ 14 ҷиноят сар задааст.  Мутаассифона, аксарияти онҳо аз тамаъгарӣ иборатанд. Ду соли охир вобаста ба пинҳон доштани ҷойҳои холии корӣ 33 қонуншиканӣ рух додааст. Шахсони амалдори гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Аз рӯи масъала гузориши прокурори вилоят Маҳмуд Истамов низ шунида шуд. Маълум гардид, ки ду соли охир нисбати 1 ҳазору 984 нафар кормандони тиббӣ санҷиши хидматӣ ба амал омада, бо 2 ҳазору 651 нафар кормандони соҳа, ки ба вазифаашон саҳлангорӣ кардаанд, шартномаи меҳнатӣ қатъ гардонда шудааст. Аз ҷумла, 667 нафари онҳо духтурони маълумоти олидор мебошанд. 2 ҳазору 651 нафар кормандони  тиббӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Ҳамин тариқ, дар ин давра даъвои 12 нафар кормандонро суд эҷобӣ ҳал карда, ба вазифаашон баргардондаанд ва онҳо ба андозаи 29 миллион сӯм маблағашонро ситонда гирифтаанд. Дар тадбир қаноатбахш набудани кор бо кадрҳо таъкид ёфт ва ҳисоботи сардори садорати ҳифзи тандурустии вилоят Аскар Баҳронов низ шунида шуд.
Дар ҷамъомад оиди бартараф гардондани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани норасоиҳо таклифу супоришҳо ба майдон омад.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: