Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои олии иқтисоди Авроосиё афзалиятҳои рушди ҳамкориҳои муфиди тарафайнро бо ШИАО мушаххас намуд, ки иштирокдорони он шарикони табиии тиҷоратӣ ва иқтисодии мамлакати мо ба шумор мераванд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои олии иқтисоди Авроосиё афзалиятҳои рушди ҳамкориҳои муфиди тарафайнро бо ШИАО мушаххас намуд, ки иштирокдорони он шарикони табиии тиҷоратӣ ва иқтисодии мамлакати мо ба шумор мераванд.
Ташаббусҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлати мо пешбарӣ гардиданд, дар байни коршиносони хориҷӣ ва намояндагони ҷомеаи байналхалқии соҳибкорӣ ҳаматарафа дастгирӣ ва акси садо пайдо карданд.
Ирин Элмент (Шветсия) – менеҷери минтақавӣ оид ба кишварҳои ИДМ-и ширкати байналхалқии «Linjegods i Sundsvall AB»:
– Сарвари Ӯзбекистон аллакай бори сеюм аст, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви ШИАО ширкат менамояд. Суханронии ӯ чун ҳамеша бо мушаххасӣ, дарки амиқи равандҳое, ки дар созмон ба амал меоянд, тафриқа дошт ва ба натиҷаҳо нигаронида шудааст.
Ҳамчун мутахассиси соҳаи логистикаи байналхалқӣ дар шароити номуайяни кунунӣ бинобар оқибатҳои пандемияи коронавирус ва воқеияти наве, ки ташаккул меёбад, метавонам боэътимод бигӯям, ки ташаббусҳои амалии аз ҷониби Шавкат Мирзиёев пешниҳодшуда, нафақат барои рушди савдо дар дохил ва кишварҳои ШИАО, балки барои фароҳам овардани боркашониҳои транзитӣ дар соҳати иттиҳод, ҳамчунин ҷолибияти гузаргоҳҳои авроосиёӣ хидмат менамоянд.
Ин ҳам барои иштирокдорони иттиҳоди мазкур ва ҳам барои шарикони байналхалқии он, аз ҷумла барои Шветсия муфид мебошад, зеро коршиносон ва воридгарони манфиатдори шведӣ низ аз ихтисор гардидани тартиботи тиҷоративу транзитӣ манфиат мебинанд.
Бовар дорам, ки ташаббуси Президенти Ӯзбекистонро сармоягузорони шведӣ, ки истеҳсолоти худро дар кишвари шумо ба роҳ монданд, дастгирӣ мекунанд, зеро маҳсулоте, ки дар корхонаҳои ӯзбекистонии онҳо истеҳсол мешаванд, дар бозори кишварҳои ШИАО имкониятҳои иловагии содиротӣ ба даст меоваранд.
Далия ЧАКАР – раиси Бунёди дӯстии ӯзбекистониву нидерландӣ:
– Бо вуҷуди он ки мамлакат дар сохтори мазкур мақоми мушоҳид дорад, сарвари Ӯзбекистон самтҳои мушаххаси пешомаднокро аз ҳамкории амалии Тошканд бо ШИАО, ки иштирокдорони он шарикони табиии тиҷоратӣ ва иқтисодии кишвар ба шумор мераванд, муайян намуд.
Фикр мекунам, бинобар ҳамин ҳам ҷониби Ӯзбекистон ШИАО-ро ба сифати платформаи муассир барои баррасии масъалаҳои амиқсози шарикии бисёрҷанбаи иқтисодӣ, ҳамчунин пешбурди ҳамкориҳои муфиди амалӣ дар масъалаҳои савдо, кооператсияи саноатӣ, рушди иқтидорҳои нақлиётиву транзитӣ, амнияти хӯрокворӣ, рақамикунонӣ, иқтисодиёти «сабз» ва ғайра қабул мекунад.
Аз рӯйи адолат бояд таъкид сохт, ки Ӯзбекистон ҳамкориро дар самтҳои зикршуда тақрибан бо тамоми шарикони худ инкишоф медиҳад, ки бинобар андешаи амиқи ман, аз сиёсати мустақими роҳбарияти мамлакат, ки пеш аз ҳама, ба манфиатҳои миллӣ нигаронида шудааст, шаҳодат медиҳад.
Ба ман он чиз махсусан хушоянд буд, ки роҳбари Ӯзбекистон ба рӯзномаи экологӣ эътибори махсус дод ва зарурияти ҳамоҳангсозии чораҳоро бобати нармсозии оқибати тағйироти иқлим таъкид намуд. Аз ҷумла, фикр мекунам, ки даъвати ӯ бобати иштироки фаъол дар лоиҳаҳои муштараки ташкил намудани минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар Наздиарал, ҳамчунин нияти баргузор кардани Анҷумани байналхалқӣ бинобар энергетикаи «сабз» моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Нуқус сазовори баҳои махсус мебошад.
Намик Маилов, сармуҳаррири маҷаллаи таҳлилии «Регион плюс» (Озарбойҷон):
– Мавқеи мусоиди ҷуғрофии Ӯзбекистон, захираҳои ғановатманди табиӣ ва инсонӣ якҷо бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки солҳои охир татбиқ мешаванд, ба мамлакат имкон медиҳанд, ки шарики муътамад ва муфиди ҳам дуҷониба ва ҳам бисёрҷанбаи созмонҳои сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ бошад.
Аз ин нуқтаи назар суханронии Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши ШИАО пойдории Тошкандро дар сиёсати ислоҳсозии тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла истифодаи муносибати сифатан нави прагматикӣ бинобар рушди алоқаҳои хориҷиро намоиш дод.
Изҳороти Президент дар бораи он, ки Ӯзбекистон бо нақши расмии мушоҳиди ШИАО маҳдуд намегардад ва аллакай имрӯз аз ҷониби мамлакат лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт коркард мешаванд, боиси эътибор мебошад.
Тошканд аксар мушкилоти мавҷударо, ки пештар тиҷорати хусусиро ноором мекарданд, аз байн бардошта, дар дохили мамлакат иқлими мусоиди сармоявиро фароҳам овардааст, вай пешниҳод менамояд, ки барои бартараф сохтани саддҳои мавҷуда бобати савдои тарафайн бо кишварҳои ШИАО харитаи амалиёт кор карда шавад.
Ба ақидаи ман, аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар пояи тамоми изҳорот ва кӯшишҳои роҳбарияти Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, саъю кӯшиши беҳтар сохтани фаровонҳолии халқи Ӯзбекистон нуҳуфтааст.
Андреа ҶАННОТТИ, директори иҷрогар ва ноиб-президенти Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти авроосиёӣ, профессори кафедраи равандҳои ҷаҳонии МГИМО (Русия) ва Донишгоҳи Пизан (Италия):
– Иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши Шӯрои олии иқтисодии Авроосиё дар чаҳорчӯбаи сиёсати ҷаҳонии соҳати шӯравии собиқ ва умуман Авроосиё муҳим ба шумор меравад.
Ӯзбекистон дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои амиқи дорои аҳамияти стратегӣ аз зиддияти Афғонистон то ҷинояти наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мубориза ба муқобили хариду фурӯши нашъа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷузви асосӣ маҳсуб меёбад.
Ғайр аз ин, аз нуқтаи назари иқтисодӣ, Тошканд метавонад дар амиқсозии равандҳои қаробати Авроосиё саҳми муҳим гузорад.
Харис ТУМИН (Сингапур), Раиси ширкати «Slpha Global Capital Pte.Ltd.» (AGC):
– Ба андешаи ман, ташаббусҳое, ки ба мувофиқаи ҳадафҳои Шӯрои иқтисодии Авроосиё нигаронида шудаанд, сазовори эътибори махсус мебошанд.
Диққати ҷиддӣ ба рӯзномаи экологӣ ва таъкид кардани зарурияти ҳамоҳанг сохтани чораҳо бобати нарм кардани оқибатҳои тағйироти иқлим ҷиҳати муҳими суханронӣ буданд.
Чунончи, Президенти Ӯзбекистон кишварҳои шарикро даъват намуд, ки дар лоиҳаҳои муштарак бобати ташкил кардани минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар Наздиарал фаъолона иштирок кунанд, ӯ иштирокдорони конфронсро ба анҷумани байналхалқӣ бинобар энергетикаи «сабз» даъват сохт, ки моҳи сентябри соли 2022 дар Нуқус баргузор мешавад.
Ба фикри ман, ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон аз дарки стратегии таҳкими робитаҳои тарафайн шаҳодат медиҳанд ва ба пешбурди ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва кооператсияи қарини Ӯзбекистон бо кишварҳои ШИАО мусоидат менамоянд.
АИ «Дунё».