КОРШИНОСОНИ САҲА КОРИ ХУДРО ОҒОЗ КАРДАНД

Соли равон дар мамлакати мо рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Соли равон дар мамлакати мо рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Барои омӯхтани ҷараёни тайёрӣ ба интихобот ба ҷумҳурӣ ҳайати мушоҳидони байналхалқӣ меоянд.

Чунончи, 24 май коршиносони Ҳайати баҳодиҳӣ ба талаботи Бюрои оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (БИДҲИ САҲА) фаъолияти худро оғоз намуданд.
Дар рӯзи аввали сафар сармушовири оид ба интихоботи БИДҲИ А.Громов ва мушовири оид ба интихоботи сохтори мазкур М.Баркер-Сиганикова бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев вохӯрданд.
Дар ҷараёни суҳбат ба ҳайати БИДҲИ САҲА дар бораи дигаргуниҳои куллие, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ мешаванд, аз ҷумла дар бораи чораҳои таъмин сохтани волоияти қонун, озодии сухан ва матбуот, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди баробарии гендерӣ, рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҳамчунин такмил додани қонунгузории интихоботӣ дар пояи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ маълумот дода шуд.
Ба кори Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои берун аз қаламрави ҷумҳурӣ бобати ҳамкорӣ дар татбиқ сохтани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷа мебошанд, аз ҷумла бинобар фароҳам овардани имконияти қайди онлайн барои иштирок дар интихобот, ҷорӣ намудани амалиёти овоздиҳии пешакии сайёр ва чораҳои дигари амалӣ эътибори махсус дода шуд.
Худи ҳамон рӯз коршиносони ҳайат бо муовини аввали раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Маҳмудова мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ ба меҳмонон дар бораи ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ, кор бинобар таҳкими пойгоҳи қонунгузории соҳаҳои суду ҳуқуқ, такмил додани сохтор ва баланд бардоштани самаранокии низоми суд, таъмин сохтани шаффофият ва рӯшодии фаъолияти судҳо маълумот пешниҳод гардид.
Қайд шуд, ки таҳкими  мустақилии ҳокимияти судӣ, таъмин сохтани ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, баланд бардоштани дастрасии суди одил мақсадҳои асосии ислоҳоти татбиқшудаистода ба шумор мераванд.
Дар мулоқот ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории конструктивии байни Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва САҲА таъкид гардид, изҳори эътимод шуд, ки он минбаъд низ инкишоф меёбад.
Дар вохӯрие, ки дар Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила баргузор гардид, муовини аввали вазир Г. Маъруфова ба меҳмонон дар бораи ислоҳоти доир ба дастгирии занон ва оила, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии онҳо, ташаккул додани захираи кадрҳо аз ҷумлаи занон ва тағйироти дигар ҳарф зад.
Аъзои ҳайат дар бораи саҳми занон дар Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин дар бораи фаъолияти марказҳои реабилитатсионӣ, ки барои ҳифзи занони аз зӯроварӣ зарардида таъсис ёфтаанд, нақши идораи маҳалла дар дастгирии оилаҳо маълумоти муфассал гирифтанд.
Дар мулоқот бинобар нақши ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дар ҷараёни интихобот, кор бобати таъмин кардани баргузории интихобот дар доираи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Коршиносони ҳайати БИДҲИ САҲА дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ вохӯрӣ баргузор намуданд, дар ин ҷо ба онҳо дар бораи тағйиротҳои вобаста ба қонунгузории интихоботии кишвари мо ва фаъолияти вазоратҳо маълумот дода шуд.

С. РАҲИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: