КОРШИНОСҲОИ НЕМИС ДАР БОРАИ САФАРИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ИМА

Эътибори коршиносони байналхалқӣ ва таҳлилгарон, ки ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ махсусонида шудаанд, ба аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ИМА нигаронда шудааст.

Хабарнигори мо дар Берлин бо намояндагони ҷомеаи корбастии Олмон суҳбат ороста, фикру ақидаи онҳоро нисбати пешомаде, ки вохӯрии пешвоёни Ӯзбекистон ва ИМА боз мекунанд, донист.
Петер ШПАРИ, узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Олмон-Ӯзбекистон:
– Ман рушди Ӯзбекистон, инчунин сиёсати хориҷии онро бодиққат мушоҳида менамоям. Аввалин сафари расмии Президент Шавкат Мирзиёев ба ИМА, бешубҳа  дар қиёси тағйиротҳои охирини мусбати сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ, ки дар минтақа шарики стратегии Олмон  мебошад, воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба фикри ман, ташриф аз пайравии Ӯзбекистон ба мулоқоти амалӣ ва кушод бо ҷомеаи ҷаҳонӣ далолат медиҳад.
Факти дар доираи ташриф ба имзо расидани лойиҳаи бузурги сармоягузории ҳаҷмаш беш аз 8 миллиард долларро боз як комёбии иқтисодиёти зудафзояндаи Ӯзбекистон номидан мумкин.
Муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ, чорабиниҳои низомнок оид ба озодгардонии сиёсати асъор, содда гардондани тартиботи андоз, фароҳам овардани имтиёзу сабукиҳои иловагӣ ба сармоягузорон, ки вақтҳои охир татбиқ мегарданд, бешубҳа барои фирмаву ширкатҳои ИМА – пешравони иқтисодиёти ҷаҳонӣ омили асоснок мебошад.
Боварӣ дорам, ки сафари мазкур ба таърихи Ӯзбекистон ҳамчун воқеаи муҳим ворид мегардад, натиҷаҳои он ҳамчун омили муҳими таъмин кардани беҳбудии халқ ва авлоди оянда хидмат мекунад.
Ба Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев  дар сафар ба ИМА муваффақият хоста, гуфтан мехоҳам, ки мо низ ташрифи ӯро ба Олмон бесаброна ва бошавқу завқи бузург интизор ҳастем, то ки он уфуқҳои нави ҳамкорӣ ва дар таърихи муносибатҳои давлатҳоямон саҳифаи навро боз намояд.

Дитмар Штюдеман, сафири собиқи ҶФО дар Украина: 
– Ӯзбекистон бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории бисёрҷанбаро бомуваффақият ривоҷ медиҳад. Дар ин бобат сафари Президент Шавкат Мирзиёевро ба Иёлоти Муттаҳида мисоли равшани шавқу рағбати ИМА ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо мамлакати асосии минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф намудан мумкин.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар тӯли 25 сол равобити байни ду мамлакат бомуваффақият ривоҷ меёбад. Бар замми ин, Ӯзбекистон ва ИМА дар рушди Осиёи Марказӣ нақши ҷиддӣ мебозанд.
Имзо шудани силсилаи ҳуҷҷатҳои сармоягузории беш аз 8 миллиарда воқеан, натиҷаи муҳими таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду мамлакат ба ҳисоб меравад. 

ОИ «Ҷаҳон», 
БЕРЛИН 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: