«КОРВОНИ ФАРҲАНГ» БА ҶИЗЗАХ ОМАД

ва дар доираи Ҷашнвораи маънавият як силсила чорабиниҳо баргузор гардиданд

Ин корвон, ки бо ибтикори Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон сурат гирифт, аз нависандагон, шоирон, ҳунарпешагон, актёрон иборат буд, онҳо тақрибан ба тамоми гӯшаҳои вилоят рафта, бо мардум мулоқоту суҳбатҳои гарму ҷӯшон оростанд.


Чунончи, дар театри мусиқӣ-драмавии вилоят тақдимоти китоби «Қаҳ-рамонони Ӯзбекистон» доир гардид. Дар ин китоб, ки 103 нафар шахсони бузург шомил гардидаанд, се нафар аз вилояти Ҷиззах мебошанд. Ба қаҳрамонони ҷиззахӣ туҳфаҳои гаронбаҳо тақдим карда шуд.
Дар театри лӯхтаки вилоят бачаҳоеро, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд, ҷамъ оварданд. Ба онҳо китоб ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. Аз ҷониби ҳунарпешагони ҷумҳурӣ ва вилоят консерти идона тақдим карда шуд.
Дар мактабҳои мусиқӣ ва санъати ноҳияҳои Пахтакор, Зомин ва Ғаллаарал низ чунин тадбирҳо баргузор шуданд, ки ба иштирокдорон кайфияти хуб бахшид.
Шоиру нависандагон, ҳунарпешагон, актёрони кино, тарғиботчиёни маърифат дар ин вохӯриву суҳбатҳои самимӣ, ки якҷо бо Ҷашнвораи маънавият таҳти шиори «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз!» баргузор гардиданд, аз асарҳои худ намунаҳо хонданд, таассуроташонро ба ҳозирон аз тамошои гӯшаҳои гуногуни вилоят ва мардуми он нақл карданд.
«Корвони фарҳанг», ки корвони китобҳо низ буд, дар дилу ёди мардуми пиру барно нақше боқӣ гузошт.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: