КОРВОНСОЛОРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Алҳол дар асоси қарори иҷлосияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд бахшида ба тантанаҳои 600-солагии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки вориси ҳуқуқии Мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек ба шумор меравад, чораву тадбирҳои зиёди маънавию маърифатӣ амалӣ мегарданд.

Алҳол дар асоси қарори иҷлосияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд бахшида ба тантанаҳои 600-солагии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки вориси ҳуқуқии Мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек ба шумор меравад, чораву тадбирҳои зиёди маънавию маърифатӣ амалӣ мегарданд. Ба қарибӣ дар ин таълимгоҳи олӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашн анҷумани байналхалқии илмию амалӣ оид ба мавзӯи «Мавқеи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ташаккул ва тараққиёти илму фан, сохтори таълими олии Ӯзбекистон» дар сатҳи баланд баргузор шуд.
Бино бар ақидаи муаррихон, намояндагони илму фан ва мумайизони хориҷӣ таърихи таҳсилоти олӣ дар Самарқанд таърихи бостонӣ дорад. Ҳанӯз дар асрҳои IХ-Х дар ин сарзамин мактабу мадрасаҳои зиёде фаъолият доштанд, ки решаи дарахти Донишгоҳи давлатии Самарқанд  ҳам аз онҳо ғизои маънавӣ гирифтааст. Адиби таърихнигор Зайниддин Восифӣ (интиҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI) дар асари худ «Бадоеъ ул-вақоеъ» дар бораи аз ҷониби Мирзо Улуғбек дар Самарқанд сохта шудани  Мадрасаи олия сухан карда, бобати  дар фасли фараҳбахши тирамоҳи соли 813-и ҳиҷрӣ поён ёфтани кори сохтмони он ва дар саҳни мадраса дар ҳузури олимону толибилмон  аз имтиҳон гузаштану мударриси аввалини ин таълимгоҳи олӣ таъин шудани Шамсиддин Муҳаммад Хавофӣ, ки аз вилояти Хавоф омада, муддате дар Самарқанд ба таҳсили илм машғул гардида, дар аксари улум, хусусан дар илмҳои маониву баён, фасоҳату балоғат шуҳратёр шудааст, нақл мекунад. Устод Айнӣ ҳам дар  асари худ «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар бораи Хавофӣ, ки  он рӯз бо либоси корӣ дар қатори коргарон ба устоҳо ёрӣ медод, ихтисоран чунин навиштааст: «Улуғбек он шахсро пеши худ талабид, аз ӯ дар бораи илмҳои гуногун чизҳо пурсид. Ӯ ба ҳамаи масъалаҳо ҷавобҳои муносиб дод. Чун он шахс мувофиқи даъвои худ баромад, Улуғбек ӯро ба ҳаммом фиристод, либосҳои хоси хешро ба ӯ пӯшонид ва ӯро пеши Қозизодаи Румӣ фиристода, ба худ ҳамдарс кард» (С.Айнӣ, Куллиёт, ҷилди 13, саҳ.166).               
Ин воқеаи фараҳбахш ба 21-уми сентябри соли 1420 милодӣ рост меояд. Биноан, ин рӯзро оғози  соли нави таҳсил дар ин мадрасаи олия медонанд, ки дуруст аст. Олими маъруфи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, академики Академияи улуми Ӯзбекистон Ботурхон Валихоҷаев низ дар тадқиқоти «Чанд лавҳа аз таърихи дарсгӯии мактаби олии мадрасаи олия – университети Самарқанд», ки дар Туркия нашр шудааст, арзиши донишдиҳӣ ва маърифатомӯзии ин маркази илму маорифро дар таърих дуруст баррасӣ намуда, аз замони таъсис ёфтани маҷмӯи мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек ибтидо гирифтани таърихи донишгоҳро асоснок кардааст, ки ҳоло боиси ифтихор ва ғурури аҳли илму фарҳанги он мебошад. 
Биноан, маърифатпарвари бузург Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки соли ҷорӣ 145-солагии мавлудаш дар Ӯзбекистон васеъ ҷашн гирифта мешавад, барҳақ мактабу мадрасаҳоро «оинаи миллат» номида, роҳи ягонаи наҷоти ватану миллатро дар ислоҳи таълим дида, навишта буд: «Ҳаёти миллат ба мактабу мадраса вобаста аст. Миллате, ки мактабу мадрасааш обод аст, вай худро ҳимоя мекунад. Миллате, ки мактабу  мадрасааш хароб ва ба таназзул рӯй оварда бошад, он миллат ба таҳқир ва забунӣ маҳкум аст».
Дар ҳақиқат, Самарқанд дар таърихи тамаддуни инсонӣ ҳамчун гавҳари Шарқ мақому манзалати сазовор дорад. Ҷойгоҳи бошарафи он дар таърихи башар на фақат ба эътибори қадимияти бунёд ва мавҷудияти тӯлониаш, балки мавқеъ ва аҳамияти таърихиаш дар рушду камоли илму фарҳанг ва таълими халқҳои гуногун низ вобаста аст. Зеро аз қадимулайём Самарқанди донишафзо, ки дар шоҳроҳи корвонҳои тиҷоратии кишварҳои Машриқу Мағриб воқеъ гардида буд, фақат воситаи додугирифти молӣ ва муомилоти савдо набуд, балки шоҳпуле буд барои робитаҳои маданиву илмӣ, таълиму тадрис. Ин ситораи қутби корвони илму маърифат дар гузашта ҳамеша шуҳрати илмию таълимии худро маҳфуз медошт. Он баробари гаҳвораи осори бадеӣ ва соҳаҳои гуногуни илмҳои адабӣ будан ҳамчун маркази илмҳои дақиқу табиӣ низ дар Шарқ машҳур буд. Бисёр олимону шоирон барои такмили дониш ба ин ҷо сафар мекарданд, бо донишмандони он вохӯрда, таҷриба меандӯхтанд. Мутафаккирони бузург Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ маҳз барои қонеъ сохтани ҳамин ниёз сафари Самарқандро ихтиёр кардаанд.
Дар замони салтанати соҳибқирон Амир Темур Самарқанд шӯҳрати пешинаи худро дар ҷаҳони мутамаддин на фақат барқарор кард, балки афзунтар намуд. Дар даврони ҳукмронии Мирзо Улуғбек ин ҷо илму фан беш аз пеш доман густурд. Расадхонаи сеошёнаи ӯ «зеби ҷаҳон» (тавсифи Навоӣ) гашта,  дар «Зичи Кӯрагонӣ»-аш ҳолат ва ҷойгиршавии 1018 ситора баён гардид. Осори илмӣ ва фаъолияти ибратбахши шогирдони садоқатмандаш Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин ал-Кошӣ ва Алӣ Қушчӣ  манзури оламиён шуданд. Ҳаёти адабӣ аз нав ба ҷунбиш омад, ба забони форсӣ-тоҷикӣ мактаби адабӣ ташкил ёфт. 
Самарқанд дар сарнавишти таърихии халқҳои олам нақши муҳим бозидааст. Он дар тӯли чандин аср ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо, хоса тимсоли дӯстии халқҳои бо ҳам бародари тоҷику ӯзбек, ки суханваронамон онҳоро чун «ду шохоби як дарё», «ду саҳифаи як китоб», «ду сатри як байт», «ду тори як рубоб», «ду мағзи як бодом» ва монанди ин тавсиф кардаанд, зуҳур кардааст. Олимону мударрисони фозили он аз қадимулайём ин суннати неки халқҳоямонро бо меҳру садоқат идома дода, дар ду забон асарҳои илмӣ навиштаанд, ба ду забон ба шогирдон таълим додаанд. Ба ин маънӣ,  академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар мақолаи «Ду силсилаҷунбони маданияти тоҷик» («Омӯзгор», 29 августи соли 1989) барҳақ гуфтааст: «Пайванди мо ва Самарқанду Бухоро бояд рӯзафзун бошад. Дарки амиқи ин ки ҳастии маънавии мо, тоҷикон, бидуни Бухорову Самарқанд лаҳзае тасаввур намешавад, аз муҳимтарин омилҳои амиқрафти худшиносии миллии мо хоҳад буд. Бухорову Самарқанд барои тоҷикон фақат ду шаҳр ё вилояте аз ҷумлаи чандин шаҳру вилоят нест, балки муҳимтарин ҷузъи ҳастии маънавии онҳо,  умдатарин саргаҳу сарчашмаҳои ин ҳастист».
Таҷассуми ин дӯстии самимона ва ҳамкории эҷодиву илмӣ дар нимаи аввали садаи ХХ низ дар саҳифаҳои таърих сабт ёфтааст, ки инро дар мисоли таърихи вориси ҳуқуқии Мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек – Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳам метавон мушоҳида намуд. Дар солномаи ин корвонсолори илму маърифат, ки дар гузашта бо номи Мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек 500 сол фаъолият доштааст ва ин фаъолият бо сиёсати замони шӯро соли 1920 боздошта шудаасту минбаъд аз соли 1927 ба сифати Омӯзишгоҳи педагогӣ, аз соли 1930 бо номи Педакадемия ва аз соли 1933 бо унвони ифтихории Университети давлатии Ӯзбекистон идома ёфтааст, бисёр устодони фозил ба донишҷӯён илму дониш омӯхтаанд, ки фаъолияти фидокоронаашон нишони одаму одамгарӣ, меҳру садоқат ба маърифат ва ихлос ба илми суханшиносӣ буд.
Поягузори  илми суханшиносии нави тоҷик Устод Айнӣ, ки солҳои 1944-1948 профессор, мудири кафедраи адабиёти ӯзбеки Университети давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарканд) буд, дар ин даргоҳ чандин ҷавонони соҳибистеъдодро ба арсаи илм ҳидоят намуда, нисбати онҳо ғамхорию  меҳрубонӣ ҳам намудааст. Дар байни онҳо номи устодони маъруф чун Воҳид Абдуллоев, Раҳим Муқимов, Саида Нарзуллоева хоса бо эҳтиром ба забон гирифта мешавад, ки фазилатҳои неки устоди худро ҳамчун адабиётшиноси зуллисонайн минбаъд  идома додаанд.
Адибони маъруфи тоҷик Ғанӣ Абдулло, Рашид Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода,  Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳиддин Аминзода аз аввалин дастпарварони ҳамин таълимгоҳи олӣ буданд, ки солҳои сиюми асри гузашта дар қатори шоиру нависандагони ӯзбек Ҳамид Олимҷон, Усмон Носир, Амин Умарӣ, Шароф Рашидов, Асқад Мухтор аз устодони сухансанҷи ин даргоҳи муътабар асрори каломи бадеъро омӯхтанд. Олимони номдори тоҷик, собиқ президентони АИ Тоҷикистон Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, адабиётшиносони маъруф Лутфулло Бузургзода, Холиқ Мирзозода, Масъуд Расулӣ, Юрий Бобоев дар ҳамин донишгоҳ таълим гирифтаанд. Чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги нимаи аввали садаи ХХ Саидризо Ализода, Ҳасан Ирфон, Тӯрақул Зеҳнӣ дар солҳои пешазҷангӣ ва ҷангӣ барои толибилмони донишгоҳ аз забони форсӣ ва методикаи таълими он сабақ додаанд.
Соли 1956  дар натиҷаи ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд (он солҳо Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон) ҳамроҳ гардидани Донишкадаи омӯзгории ба номи Максим Горкий ва Донишкадаи муаллимтайёркунии ба номи Садриддин Айнӣ кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ таъсис меёбад, ки устодони нахустини он – давомдиҳандагони содиқи кори пуршарафи гузаштаустодон буданд. Олими маъруф ва адиби соҳибистеъдод, доктори илми филология, профессор, Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Раҳим Муқимов низ дар ташаккул ва такомули  илму тадриси филологияи тоҷики донишгоҳ саҳми калон гузоштааст. 
Минбаъд Раҳмон Эгамбердиев, Самариддин Аслиддинов, Талъат Абдуҷабборов, Мирсафо Атоев,  Ботурхон Валихоҷаев, Раззоқ Ғаффоров, Шавкат Шукуров, Солеҳ Ҳалимов, Аслиддин Қамарзода, Амон Воҳидов, Рауф Маъруфӣ ва дигарон дар ин ҷо фаъолияти ибратбахш доштаанд. Дар заминаи кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ соли 1967 дар Донишкадаи тозабунёди омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ факултети забон ва адабиёти тоҷик таъсис меёбад ва баъзе устодони донишгоҳ фаъолияти худро он ҷо идома медиҳанд.
Шуъбаи филологияи тоҷик ба туфайли кафедраи забон ва адабиёти тоҷик то соли 1963 дар таркиби факултаи филологияи донишгоҳ фаъолият мебарад. Аз соли 1964 баъди ташкил ёфтани факултаҳои забонҳои хориҷӣ, филологияи рус  дар таркиби факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷик қариб 30 сол арзи вуҷуд карда, бо таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон машғул мегардад. Агар дар аввал ба шуъбаи тоҷикӣ танҳо як гурӯҳ донишҷӯён қабул шуда бошанд, сонитар ба туфайли афзудани эҳтиёҷ ба мутахассисони филолог гурӯҳҳои шабона ва ғоибона ҳам таъсис меёбад. 
Адабиётшиноси маъруфи зуллисонайн Ботурхон Валихоҷаев (1932-2005) низ аз созмондиҳандагони фидоии шуъбаи тоҷикии факултаи филологӣ, давомдиҳандаи содиқи фаъолияти ибратбахши устодон буд, ки баъдан дар солҳои истиқлол бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шуд. Хидмати ин олими маъруф, ки солҳои 1974-1985 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ буд, барҳақ дар таҳқиқи адабиёти мумтози ӯзбеку тоҷик, назми эпикӣ ва достонсароии он, маҳорати эҷодии Алишер Навоӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Заҳириддин Бобур, Мирӣ, Фурқат, Садриддин Айнӣ ва дигарон басо бузург мебошад.


Соли 1990 бо фармони Вазорати маорифи халқи Ӯзбекистон шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба факултаи мустақил табдил дода мешавад. Ба он яке аз асосгузорони нахустини кафедраи забон ва адабиёти тоҷик профессор Раҳим  Муқимов сарвар таъин карда мешавад. Ӯ бо ҷасорату фидокорӣ ба васеъ намудани факултаи навбунёд, соҳиби салоҳияти баланди илмию таълимӣ гардидани он камари ҳиммат мебандад, шуҳрати ин маскани илму маърифатро баланд мебардорад.
Дар тӯли фаъолияти худ бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос таълим додааст, ки дар байнашон арбобони фан, нависандагон, шоирон, рӯзноманигорону намояндагони давлатӣ бисёранд. Солҳои гуногун дар ин маскани илму маърифат олимони маъруф  чун Саъдӣ Маҳдиев, Атохон Аҳроров, Ҳамроқул Шодиқулов, Ҷӯрахон Бақозода,  Аскаралӣ Раҷабов, Рустам Шодиев, Рамазон Абдуллоев, Юнус Азимов,  Баҳор Хуррамзод, Анзурати Маликзод, адибон Салим Кенҷа, Норқул Остонзода, Аслам Адҳам, Насим Раҷаб, Сафияи Носир, Наримон Бақозода, Адаш Истад, рӯзноманигорон Маъруф Отахонзода, Муайяна Хӯҷаева, Шерпӯлод Вакилов, Зоҳир Ҳасанзода, Тӯхтамиш Боқиев ва дигарон таълим гирифтанд. Аксарияти устодони кафедра ҳам хатмкунандагони  ҳамин маскани илму маърифатанд, ки соҳиби дараҷаю унвонҳои баланди илмӣ мебошанд.  
Дар солҳои гуногун адибони тоҷик Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Гулчеҳра Сулаймонова, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ ва дигарон меҳмони устодон ва шогирдони донишгоҳ буданд. Инчунин донишмандони маъруф Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Носирҷон Маъсумӣ, Расул Ҳодизода, Абдуқодир Маниёзов, Азиз Шариф, Александр Болдирев, Аълохон Афсаҳзод ва ғайра барои донишчӯён аз масъалаҳои муҳими илмҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик маърӯзаҳо хондаанд.
Факултаи суханшиносии тоҷики донишгоҳ ҳамчун маркази бонуфузи илму маърифат олимони зиёдеро барои Тоҷикистон низ тайёр намудааст. Дар тӯли таърихи он бо дастгириву кӯмаки маънавии устодон В.Абдуллоев, Р.Муқимов, Б.Валихоҷаев дар Шӯрои илмии донишгоҳ бештар аз 20 нафар  олимони ин ҷумҳурии бародарӣ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардидаанд. 
Дар тамоми таърихи бахши филологияи тоҷики донишгоҳ яке аз самтҳои фаъолияти он таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо мактабиён аз китобҳои дарсии устодон Садрӣ Саъдиев, Амон Воҳидов, Ҷумъа Ҳамроев, Аслиддин Қамарзода, Абдусалом Самадов,  Ғафурҷон Маҳмудов, Абдунабӣ Зоҳидов, Абдуваҳҳоб Воҳидов, Мавлуда Давронова аз фанҳои забони тоҷикӣ, хониши адабӣ, адабиёти тоҷик баҳра мебаранд, ки бо назардошти мафкураи замони истиқлол навишта шудаанду дар баланд бардоштани сифати таълим  нақши муҳим мебозанд. 
Хулоса, ҷамоаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки аз муассисаҳои номдори таълимист, Барномаи миллии тарбияи кадрҳоро бо муваффақият амалӣ мегардонад. Зеро ин ҳуҷҷати муҳим пешомади тараққиёи моро муайян намуда, тамоми аҳли ҷомеаи онро дар амалӣ гардонидани мақсадҳои имрӯза сафарбар менамояд. Алҳол дар донишгоҳ беш аз 900 нафар профессорону муаллимон ба зиёда аз 18 ҳазор донишҷӯ сабақ медиҳанд. Онҳо барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқатмандӣ ба ғояҳои истиқлол, ватандӯстӣ ва фидокорӣ саҳми муносиб мегузоранд. 
Ҷамоаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳоло бобати таҳсилот ва ҷустуҷӯйҳои илмӣ айёми наверо аз сар мегузаронад, ки ба он марди фозилу ташаббускор, Рустам Холмуродов сарварӣ мекунад. Бино бар консепсияи инкишоф додани  сохтори таълими олии Ӯзбекистон то соли 2030, ки онро Президент 8-уми октябри соли 2019 бо фармони худ тасдиқ намудааст, Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба парчамбардори муассисаҳои таълимии кишвар табдил меёбад. 
     
Абдусалом САМАДОВ, 
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: