КОРҲO ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 июн дар бораи рафти ислоҳот дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ маълумот дода шуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 июн дар бораи рафти ислоҳот дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ маълумот дода шуд.
Роҳбари давлат 28 апрели соли равон ба қарор «Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ» имзо гузошт. Барои таъмини сифат ва ҳамоҳангсозии иҷрои вазифаҳои дар ҳуҷҷат пешбинишуда мансаби мушовири Сарвазир оид ба ин масъалаҳо ҷорӣ карда шуд.
Дар маросими тақдимот қайд гардид, ки метавон ба мақсадҳои дар соҳа гузошташуда аз ҳисоби тайёр кардани насли нави мутахассисон ноил шуд.
Марҳилаи ибтидоии лоиҳаи «Як миллион барномасозон» беш аз 62 ҳазор донишомӯзонро фаро гирифта,  5,4 ҳазор нафари онҳо шаҳодатномаҳои тахассусӣ гирифтаанд.
Вазифа гузошта шуд, ки то охири сол 100 ҳазор нафар ва дар нимаи аввали соли 2021 боз 150 ҳазор нафар хоҳишмандон омӯзонида,  малакаи донишҷӯён дар соҳаи коркарди таъминоти барномавӣ такмил дода шавад. Супориш дода шуд, ки фанни «Информатика», ки аз синфи 5 дар мактабҳо ҷорӣ карда шудааст,  такмил дода, ба ин фан самтҳо доир ба лоиҳаи «Як миллион барномасозон» дохил карда шавад.
Имрӯз талабот ба дастовардҳои иқтисодиёти рақамӣ, хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла давлатӣ меафзояд. Аммо, дар айни ҳол аз 780 хадамоти давлатӣ танҳо 185-тои онҳо дар шакли электронӣ дастрасанд. Раванди рақамисозии фаъолияти аксарияти ташкилотҳо танҳо бо идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ маҳдуд шуда мемонад.
Ба ин муносибат зарурати қабули хатмкунандагони лоиҳаи “Барномаи омӯзиши электронӣ” барои кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ ба сифати  мутахассисони IT қайд гардид. Онҳо ба табдилдиҳии рақамии фаъолияти ташкилотҳо машғул хоҳанд шуд.
Масалан, қарор дар бораи пешниҳоди вом ва кӯмаки молиявӣ ба оилаҳои камбизоат бояд ба таври автоматӣ, бо барномаи махсуси электронӣ дар асоси меъёрҳои дақиқ қабул карда шавад.
Ба мушовири Сарвазир супориш дода шуд, ки бо кӯмаки коршиносони байналмилалӣ консепсияи ба шакли электронӣ гузарондани равандҳои додани иҷозат ва қабули қарорҳоро дар ташкилотҳо таҳия намояд.
Инчунин  беҳтар гардондани инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани IT-саводнокии аҳолӣ, хусусан ҷавонон талаби давр аст. Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия вазифадор карда шуд, ки дар тамоми минтақаҳо ҳадди ақалл 100 маркази таълимӣ оид ба технологияҳои рақамӣ кушоянд. Ин муассисаҳо оид ба асосҳои барномасозӣ, тиҷорати электронӣ ва дизайни графикӣ курсҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод хоҳанд кард.
Ба фароҳам овардани шароит барои мутахассисони соҳа низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Соли гузашта дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд Парки маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кушода шуд. Филиалҳои IT- парк дар Андиҷон ва Марғилон ташкил карда шуданд. Дар ҳудуди Мактаби технологияҳои иттилоотии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар пойтахт боз як филиал сохта мешавад.
То охири соли равон таъсиси чунин филиалҳо дар Гулистон, Бухоро, Намангон, Нуқус, Самарқанд, Урганҷ ва Ҷиззах ба нақша гирифта шудааст.
Дар маросими тақдимот  шахсони масъул дар бораи рафти сохтмони IT- паркҳои мазкур, корҳо оид ба васеъ намудани шабакаи хатҳои нахӣ-оптикӣ, баланд бардоштани суръат ва сифати Интернети мобилӣ маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: