Президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев сафари худро ба вилояти Ҷиззах аз, боздиди хоҷагии фермерии «Пахтакор элита уруғчилиги» шурӯъ намуд.
Сарвари давлат ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 зимни ба вилояти Сирдарё рафтан дар канори заминҳои корам, атрофи хоҷагиҳо, дар саҳро сохтани хонаҳои истиқоматиро бо истифода аз масолеҳи сабуки бинокорӣ, кишт ва парвариши ҳар гуна зироат, маҳсулоти лубиёгӣ, ба роҳ мондани мурғпарвариро дода буд.
Аз рӯи ҳамин гуфтаҳо дар хоҷагии фермерии тухмипарварии «Пахтакор элита уруғчилиги» низ, фермерон хонаи ихчам бунёд намуда, бомашро бо панелҳои офтобӣ муҷҷаҳаз сохтаанд. Хоҷагӣ сад гектар майдон дорад. Дар 40 гектар тухмии пахта, дар 40 гектар тухмии ғалла, ба қисми боқимонда соя, юнучқа мекоранд. Дар атрофи кишт дарахтони тут, ток шинонда сабзондаанд. Барги тут ба кирми пилла ғизост. Дар назди дарахтон қуттиҳои оруи асал гузоштаанду мурғхонаи хурд сохтаанд.Коргарони хоҷагиро бо хӯроки серғизо: гӯшт, равған, асал таъмин мекунанд.
Ҷонишини Спикери палатаи Қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари Фраксияи Ҷунбиши корчаллонҳо ва соҳибкорон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ-деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҷумҳурӣ Актам Ҳайитов ба вилояти Ҷиззах омада бо фермерон вохӯрд. Дар ин мулоқотҳо ӯ ҳамроҳи фермерон, депутатҳо пешниҳодҳои Сарвари давлатро, ки доир ба саноатикунонии хоҷагии қишлоқ, аҳамияти кластерҳо, бо роҳи афзун додани шумораи корхонаҳои калобаресию нассоҷӣ ва ташкили хонакорӣ, коҳиш додани дараҷаи бекории аҳолӣ, хоса ҷавонон ба миён гузошта буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
– Мо аз ин пас ин таҷрибаи пешқадамро, ки натанҳо ба аҳли вилоят, балки ба тамоми ҷумҳурӣ тааллуқ дорад, ба амал ҷорӣ мекунем, – мегӯяд фермер, Қаҳрамони Ӯзбекистон Анорбой Эшматов. – Ҳоло вазифаи бо шуғли доимӣ банд намудани қариб 13 ҳазор қишри бекори аҳолӣ дар назди мо истодааст, ки аз ҳар як кас, чи соҳибкору чи фермер, сарвари ҳар як корхонаву муассиса масъулияти бештар мехоҳад.
Президенти ҷумҳурӣ ҳини вохӯрӣ ва мулоқот бо фаъолон, мутасаддиён инро таъкид карда буд:
«Як вақтҳо ҳатто як гектар заминро ба мардум додан мумкин набуд. Ҳоло 200 ҳазор гектар замин ҷудо кардем. Барои чӣ? Баҳри ба одамон манбаи даромад шудан. Акнун «қарс аз ду даст баромаданаш лозим», – гуфт ӯ.
Собиқадори меҳнат Парда Шукуров мегӯяд, ки танҳо дар як маҳаллаи Работи ноҳияи Шароф Рашидов қариб ҳазор гектар замин ба аҳолӣ, бештар ба ҷавонон ним, як гектарӣ тақсим карда дода шудааст. Аз ин заминҳо самаранок истифода мебаранд ва торафт некуаҳволии худро беҳ мегардонанд. Бо як сухан работиён бой мегарданд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.