КОРҲОИ АЗИМИ СОЗАНДАГӢ

Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҳангоми ба вилояти Ҷиззах ташриф оварданаш (30-31 январ) ба роҳбарон супориш дода буд, ки дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят корҳои созандагиро идома диҳанд.

Корҳое, ки дар Мирзочӯл ба сомон расонида шуданд, таҷрибаи хуб ва намунаи ибрат мебошанд. Акнун бояд маркази ҳар як ноҳияи вилояти Ҷиззах чунин обод бошад. 

Мувофиқи фармони Президент «Дар бораи коркарди модели самарабахши танзими давлатӣ ва идораи рушди маҷмӯии вилояти Ҷиззах» аз 3 январи соли равон аллакай дар миқёси вилоят татбиқсозии лоиҳаи озмоишии «илғор ҳудуд» оғоз ёфтанд. Чунончи, ноҳияи Ғаллаарал дар назди шоҳроҳе воқеъ гаштааст, ки пойтахти ҷумҳуриро бо минтақаи ҷанубӣ мепайвандад. Аз ин рӯ ҳар рӯз аз ин шоҳроҳ селаи зиёди мошинҳо убур мекунанд ва албатта сайёҳон ҳам ҳастанд. Тарҳи хонаву иморатҳои қади роҳи калон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Ин иморату биноҳо дар давоми 92 сол (аз рӯзи ташкилёбии ноҳия) бунёд гардидаанд. Имрӯзҳо дар шаҳраки Ғаллаарал зиёда аз даҳ техникаи гуногун кор мекунад. Биноҳои беназму бетартиб сохташударо вайрон намуда, муҳандисон ба ҷои он тарҳи биноҳои навро мекашанд.
Мувофиқи лоиҳаи нави муҳандисӣ дар қади шоҳроҳи Тошканд – Самарқанд ошхона, меҳмонхона, дӯконҳои замонавии тиҷоратӣ бунёд карда мешаванд.
Ҳамин гуна корҳои созандагӣ дар маркази ноҳияи Пахтакор низ ҷараён доранд. Дар маҳаллаҳои Дӯстлик, Дилором, Самарқанд алалхусус бунёдкориҳо дар авҷанд. Дар ин ҳудуд 92 майдонча барои бачагон, ду мактаб сохта аз нав реконструксия карда мешавад. 
Дар маркази ноҳияи Зарбдор айни замон 43 техника, дусад нафар коргарон барои ба ҳудуд тарҳи замонавӣ бахшидан саъй мекунанд.  Боми 52 бинои серошёна таъмир мегардад.
Кӯчаи асосии маркази ноҳияи Фориш шаҳраки Боғдонро васеъ мекунанд. Дар ин ҷо боғи истироҳатӣ ва фарҳанг, бозор, биноҳои истиқоматӣ қад меафрозанд.
Ба маркази ноҳия аз масофаи 20 километр хати оби ошомиданӣ мекашанд.
Маркази вилоят – шаҳри Ҷиззах ба яке аз шаҳрҳои зебои кишвар табдил хоҳад ёфт. Зеро бунёдкориҳо қариб дар ҳама ҷои шаҳр идома доранд.
Бо як сухан корҳои азими созандагӣ дар тамоми қаламрави вилоят дар авҷанд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: