КОРҲОИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Солҳои охир аз ҷониби олимони Академияи илмҳои Ӯзбекистон як қатор навъҳои нави зироатӣ, аз ҷумла дар соҳаи пахта, ғалла, зайтун, соя ва ғайра офарида мешавад, ки ба рушди саноати хоҷагии қишлоқ саҳм мегузорад.

Нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллии пойтахт ба вуқӯъ пайваст, дар ҳамин хусус буд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки аз тарафи Институти биологияи генетика ва растаниҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар солҳои 1992-2022 53 навъи нави пахта, 5 навъи гандум ва 6 навъи соя офарида шуд. Навъҳои ғӯзаи маҳиннахи “Марворид”, “Клейстогам-2”, “Ан-Боёвут-2”, “Келажак”, “Самара”, “Афсона”-ро метавон дар кишоварзӣ ва бофандагӣ ба кор бурд. Ин навъҳо ба заминҳои шӯрхок, ҳашароти зараркунанда ва касалиҳо тобовар мебошанд. Ин навъҳои серҳосил, зудпаз босифат буда, ғундоштанашон ба мошинҳои пахтачину ғалладарав қулай аст. 
– То имрӯз дар 34 ҳазор гектар замин навъи нави ғӯза, дар ҳазор гектар навъи нави гандум, дар 5 гектар навъи соя парвариш карда мешавад, – иброз намуд директори Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳо Забардаст Тоҷибоев. – Аз тарафи марказ дар тӯли солҳои 2012-2022 15 навъи ғӯза ва як навъи гандум офарида шуд. Навъи ғӯзаи “Порлоқ” ва “Равнақ” аллакай дар соҳаи бофандагӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. 
Вақте мухбире суол кард, ки: “Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ба орди навъи олӣ ва якуми Қазоқистону Русия талаботи аҳолӣ зиёд аст. Оё чунин навъҳо дар худи мо рӯёнда намешавад?”
Ба ин савол академики Академияи илмҳо Бахтиёр Иброҳимов посух дод:
– Дар навбати аввал, дар Қазоқистону Русия заминҳои лалмӣ хеле бисёр, ки ба парвариши чунин навъ-ҳои гандум мусоидат мекунад. Дар чунин вазъияти таҳлукаовари имрӯза агар аз берун дохил шудани орди беҳтарин кам гардад ё нархаш боло равад, кишвари мо метавонад аҳолиашро пурра бо орд таъмин созад. Аз қадим мардуми мо гандумро дар осиё орд карда, истеъмол намудааст. Барои ҳамин ҳам ҳоло олимони мо оиди офаридани навъҳои мухталифи гандум заҳмат кашида истодаанд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.       

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: